Муаррифӣ:
Раъно Бобохонова, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Аълочии тандурустии СССР, дорандаи медали «Шафқат». Бештар аз чил сол аст, ки рисолати момодоягиро бар дӯш дорад ва барои аксар сокинони шаҳри Кӯлоб бибӣ аст.
Овони тифливу наврасии ӯ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ба солҳои баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ иттифоқ афтода аст. Раъно, ки дар руҳияи меҳнатдӯстию ватанпарастии оилаи зиёӣ тарбия меёфт, дар мактаб низ аъло мехонд, зеро дар дил орзуи табиб шудан дошт. Парвози орзуҳо ӯро соли 1961 ба Омӯзишгоҳи тиббии ба номи академик Павлови шаҳри Ленинобод овард. Баъд аз хатми омӯзишгоҳ фаъолияти худро дар хоҷагии Шаҳристони ноҳияи Ғончӣ оғоз кард. Раъно - парандаи ошёнаҳои баланд, бо таҳсили омӯзишгоҳ ва кори ҳамширагӣ иктифо накарда, соли 1964 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд. Он айём таҳсил дар ин донишгоҳи бонуфуз барои як духтари музофотӣ бузургтарин ифтихор буд. Барои Раъно ширинтарин лаҳзаҳои ҷавонӣ оғоз гардид. Парвардаи оилаи меҳнатдӯст, ки буд, баробари таҳсил дар бемористони Қарияи Боло ба кор даромад.
Пайванди зиндагии ояндаи ӯ ба айёми донишҷӯйӣ рост омад. Дар ин ҷо бо ҷавони ботамкину босавод Эмомалӣ шинос шуд. Тӯли тамоми таҳсил Эмомалӣ барои ӯ дӯсти содиқу ёвару муттако буд ва баъдан ин муносибат ба муҳаббати ҳақиқӣ табдил ёфт. Ахиран, ишқи Эмомалӣ Раъноро ба Кӯлоб овард.
Ӯ бо тавсияи шавҳараш даъвати Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлобро пазируфт ва баъд аз муддате барои такмили ихтисос ба ординатураи клиникии кафедраи «акушерӣ- гинекологӣ» - и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуд. Баъд аз хатми ординатура ӯро дар Кӯлоб корҳои нав ва масъулиятнок интизор буданд. Раъно Бобохонова сараввал ба унвони мудири шуъбаи таваллуд ва сипас сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ фаъолият намудааст. Бо мурури замон аз зумраи занҳои фаъол эътироф шуда, ҳамчун як мутахассиси варзида роҳнамову маслиҳатгари ҳамкасбон дар кору машваратҳои соҳавӣ ба ҳисоб мерафт.
Зиндагӣ дигар шуду меъёру арзишҳо низ. Соли 2003-юм бо таъйини Раъно Бобохонова ба ҳайси сардухтури таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб, дар ин муассиса кору муносибат комилан дигар гашт. Мутахассиси соҳибтаҷриба иллатҳои фавти модару кӯдаконро ба риштаи таҳлил кашида, оид ба пешгирии он маслиҳатҳо медод. Чун дар таваллудхона низоми кор ҷорӣ шуд, омори муроҷиати занон ба таваллудхона афзоиш ёфт. Ҳамакнун модарон ба ин даргоҳ бо сад умеду орзу меоянд. Овозаи ҳалимиву меҳрубонии ин зани нексиришт Кӯлобро фаро гирифт.
Замони омодагӣ ба навишти ин мақола, мушоҳида кардам, ки дар муносибат ӯ истилоҳи «бачаҷон» - ро хело самимӣ иброз медошт. Баъдтар маълумам гашт, ки ӯ бо ҳама чунин муносибат дорад. Ин тақозои рисолати бар дӯш дошта аст, ки тӯли бештар аз чил сол ӯ модарону хоҳаронро бо ҳамин лафзи ширину гуворо «бачаҷон» гуфта навозиш мекунад.
Рӯзгор ба рӯйи ин зани тоҷик мушкилоти зиёде овард ва бо дарку фаҳми вазъи зиндагии имрӯза Раъно-апа мекӯшад хидмати ҳар нафарро бо дили соф ва аз рӯйи масъулияти бар дӯш дошта иҷро кунад. ӯ мегӯяд: «Барои ман хандаи як модари ҷавон, ки аввалин бор фарзанд - неъмати худододиро дар бағал мегирад, бузургтарин давлат аст. Чунончи Сарвари давлат таъкид медорад: «Мо бояд ҳамеша барои таъмини саломатии мардум кӯшиш кунем» ва ман ҳуқуқи хиёнат ба ин таъкидро надорам ва бояд бигӯям, ки ҳанӯз қасами Гиппократро фаромӯш накардаам» .
Мутобиқи ҳамин дастури ибратбахши Сарвари давлат, ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ, соли 1999 Иттиҳодияи ҷамъиятии «Нисоҷон» ро таъсис дод, ки лоиҳаҳои зиёде барои таъмини тандурустии мардум дар доираи фаъолияти ин созмон амалӣ шуданд. Аз ҷумла, бунёди як бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Гулбоғ, таъсиси Маркази тибби оилавӣ, шуъбаи машварати тиббии ҷавонон дар назди ҳар ду марказҳои солимии репродуктивии шаҳр натиҷаи заҳматҳои Раъно Бобохонова аст. «Нисоҷон» ҳамчунин шаш лоиҳаи марбут ба танзими оила ва синамакониро дар миёни занҳои минтақаи Кӯлоб, ду лоиҳаи дастгирии оилаҳои камбизоат, таъсиси Маркази дастгирии сохибкорон бо сомонаи Интернетиро амалӣ намуд. Аммо ба қавли Раъно-апа муҳимтарин лоиҳаи ин созмон таъмири таваллудхонаи азизаш мебошад, ки баъди азнавсозӣ шуъбаи эҳёгарӣ ва чанд шуъбаи дигар бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шуда, дар хизмати модарон қарор ёфтанд.
Нақши ӯ ҳамчун роҳбар дар тарбияи мутахассисони ҷавон хеле назаррас буда, шогирдони зиёдеро, ки имрӯз мероси гаронбаҳои ӯро дар хидмати мардум истифода мекунанд, тарбия намудааст.
Соли 2012 масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва Вазорати тандурустии кишвар бо баргузории як маросими хотирмон Раъно Бобохоноваро ба нафақа гусел карданд. Аммо зимни суханронии масъулин аз ӯ дархост шуд, ки бознишастагиро пеша накарда, таҷрибаашро ба шогирдон омӯзонад.
Имрӯз ҳам Раъно ғафуровна ҳар омадаро бо чеҳраи кушод ва лафзи ширин пешвоз мегирад ва ҳанӯз ҳам модарон болои дастони меҳрофари ин зани покдилу фариштахӯ тифл ба дунё меоранд.
Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ
ш. Кӯлоб