Ба ин беморӣ бешатар занони синну соли наздик ба чиҳилсолагӣ гирифтор мешаванд. Солҳои охир занҳои ҷавони гирифторони ин беморӣ низ зиёд ба чашм мерасанд.
Доири мавзӯъ сӯҳбате оростем бо ҷонишини директори Маркази илми саратоншиносӣ, номзади илми тиб Саида Умарова.
– Саратони гарданаи бачадон чӣ гуна беморист ва сабабҳои асосии пайдоиши он дар чӣ зоҳир мегардад?
– Дар Тоҷикистон саратони гарданаи бачадон, баъди саратони ғадуди сина мавқеъи дуюмро дар гирифторшавии занҳо ба омосҳои бадсифат ишғол намуда, ҳар сол дар кишвар беш аз 250 нафар, бо аломатҳои ин беморӣ ба қайд гирифта мешаванд. Сабабҳои асосии гирифторӣ ба ин беморӣ осебҳои гарданаи бачадон ҳангоми давраи таваллуд ва амалиётҳои ҷарроҳӣ (исқоти ҳамл) бо оқибатҳои пайдоиши захм ва тағйироти дистрофикӣ дониста мешавад. Ҳамчунин, дар пайдоиши бемориҳои вобаста ба омоси гарданаи бачадон бештар бемориҳои музмини узвҳои ҷинсӣ ва тағйироти ҳормонӣ дар организм вобаста ба баландшавии сатҳи эстрогенҳо асос гузошта метавонанд. Исбот шудааст, ки аввалин сабаби тағйироти саратонӣ дар гарданаи бачадон ин сироятёбӣ ба вируси папилломаи одам аст. Гирифторӣ ба вируси герпеси намуди гениталӣ низ сабабгори саратони гарданаи бачадон шуда метавонад.
– Дар хусуси вируси папиллома ёдовар шуда, онро чун ангезандаи беморӣ маънидод кардед, он чӣ гуна вирус аст?
– Вируси папиллома мисли дигар вирусҳо ҳуҷайраи оддӣ нест. Ин вирус иборат аз генҳоест, ки афзоиш ва мубодилаи моддаҳоро мустақилона иҷро карда наметавонад. Лекин мисли дигар мавҷудоти зинда, он ба популятсияи доимӣ эҳтиёҷ дорад, аз ин рӯ ин амалро танҳо бо роҳи ягонаи воридшавӣ ба ҳуҷайраи зинда ба анҷом мерасонад. Вируси папилломаи одам, мисли роҳзан метавонад, хислати ҳуҷайраҳои беҳтаринро тағйир диҳад. Дар натиҷа, тағйирот ва дигаргуншавии ҳуҷайраҳо ба пайдоиши ҳуҷайраҳои ғайр асос гузошта, вирусҳои нав ба навро бо воситаи синтез ба вуҷуд оварда метавонанд.
– Нишонаҳои аввали беморӣ кадом аст?
– Нишонаҳои аввалини беморӣ, пайдоиши зардоб ва хуноба аз маҳбал баъди алоқаи ҷинсӣ ба шумор меравад, ки бештар занҳо ба ин аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Дар давраи афзоиши омос ҷудошавии хуноба зиёд гашта, хунравии шадид низ мушоҳида мешавад. Вақте омоси афзоишёбанда асабҳои қисмати поёни шикамро фишор меорад, дард дар поёни шикам пайдо мешавад. Дар давраҳои ниҳоӣ таъсири манфии он метавонад ба фаъолияти пешобдон, рӯдаи рост низ монеаҳо ба вуҷуд орад.
– Кадом навъи ташхис гирифтор будан ё набудани инсонро ба бемории саратони гарданаи бачадон муайян менамояд?
– Ташхиси омоси гарданаи бачадон дар асоси шикоятҳои бемор, натиҷаҳои азназаргузаронии колпоскопӣ, таҳқиқи молишҳо аз гарданаи бачадон ва найчаи сервикалӣ, биопсияи бофтаҳои гарданаи бачадон гузошта мешавад.
Барои ташхиси бармаҳал ё саривақтии саратони гарданаи бачадон аз скрининги популятсионӣ истифода мебаранд, ки он таҳқиқи ситологии молишҳо аз гарданаи бачадон ва найчаи сервикалӣ иборат аст. Ҳангоми дарёфти дигаргуниҳо дар марҳилаи дуюм муоинаи мукаммал бо истифодаи колпоскопия ва биопсия гузаронида мешавад.
– Имкони табобати пурраи бемор вуҷуд дорад?
– Табобати саратони гарданаи бачадон пеш аз ҳама аз марҳилаи беморӣ, сохтори морфологии омос ва ҳолати умумии бемор вобаста аст. Имрӯз, дар тамоми ҷаҳон барои табобати бемории саратони гарданаи бачадон аз усулҳои амалиёти ҷарроҳӣ, усулҳои якҷояи табобати кимиёвӣ, ҷарроҳӣ ва нурӣ истифода мебаранд.
Усули амалиёти ҷарроҳӣ, яке аз ҷарроҳиҳои ҳаҷман калон ба ҳисоб меравад ва иҷроиши экстирпатсияи бачадон бо қисмати сеяки болои маҳбал ва лимфодиссексияи гиреҳҳои лимфагии бофтаҳои атроф ва паси сифоқро дар назар дорад. Ҳангоми табобатҳои якҷоя баъди ҷарроҳӣ иловатан, табобати нуриро истифода мебаранд. Ин намуд табобат ҳангоми марҳилаи якум ва дуюми беморӣ истифода бурда мешавад. Дар марҳилаи сеюм бештар табобати кимиёвӣ ва нурӣ аз рӯи нақшаи радикалӣ гузаронида мешавад. Дар ҳолати ташхиси бармаҳали беморӣ аз истифодаи усулҳои ҳозиразамони муосири тиббӣ натиҷаҳои хубро интизор шудан мумкин аст.
– Барои пешгирӣ аз бемории саратони гарданаи бачадон чӣ бояд кард?
– Системаи муҳофизии организми инсон ба агрессияи вирусҳо хеле кофӣ муқобилият нишон дода тавонад ҳам ба пуррагӣ ба муқобили онҳо мубориза бурда наметавонад. Аз ин рӯ ин вирус хеле оҳиста, вале дуруст ҳуҷайраҳои гарданаи бачадонро аз дохил вайрон мекунад, ки аввалан дар онҳо ҳолати пешазсаратонӣ ва баъдан бо гузашти вақт, тағйироти саратонӣ ба вуҷуд омада, инкишоф меёбад. То ҳол барои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз методи эмгузаронӣ истифода мебурданд, чанде пеш дар соҳаи гинекология хушхабаре расид, ки усули боэътимоди мубориза бо саратони гарданаи бачадон ёфт шудааст, ки он аз озмоиш гузашта, ба вируси папиллома муқобилияти баланд нишон дода метавонад.