-Авҷи бемории сил дар ҷумҳурӣ боздошта шуд.
-Сил авлодӣ набуда, табобатшаванда аст.
-Чӣ тавр Шабнам аз чанголи ин беморӣ раҳо ёфт?
Шабнами 24 сола (ном иваз шудааст) тасаввур карда наметавонист, ки рӯзе мубталои бемории сил мешаваду зиндагии оилавиаш ба шикаст мерасад.
Вай бо Шоҳин (номи шартӣ) дар ибтидо зиндагии пур аз меҳру муҳаббат дошт. Ҳосили ин муҳаб-бат духтарчаи дӯстрӯякашон аст.
Шабнам дар аввал худро солиму бардам ҳис мекарду аз пайи ободии рӯзгор буд. Волидайни шавҳар низ бо ӯ муносибати хуб доштанд, зеро эҳтироми онҳоро ба ҷо меоварду корҳои хонаро ба сомон мерасонд.
Ба зиндагии хушбахтонаи Шабнам гӯё чашм расид. Рӯз ба рӯз саломатиаш бад мешуд. Дар ибтидо ӯ хаёл кард, ки пас аз таваллуди тифл ҷисмаш заиф шудаасту оҳиста-оҳиста ба ҳолати аввалааш бармегардад. Мутаассифона, аҳволи ӯ бадтар мешуд. Дигар маҷоли иҷрои корҳои хонаро надошт. Волидайни шавҳараш ин ҳолатро дида меандешиданд, ки арӯсҳо як-якуним соли аввал худро қобил нишон медиҳанду баъд дигар касеро писанд намекунанд. Шоҳин низ аз чунин ранг гирифтани ҳол ба тааҷҷуб омад ва серкориро баҳона карда, ҳамсарашро сари вақт ба муоинаи тиббӣ набурд. Шабнам баъди чанде шавҳарашро маҷбур кард, ки ӯро ба духтур барад. Ташхис нишон дод, ки ӯ мубталои бемории сил аст.
Ҳамин тавр, Шабнам дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил, воқеъ дар шаҳраки «Шифо» (собиқ Мачитон)-и шаҳри Ваҳдат бистарӣ шуд. Рӯзҳои аввал шавҳар аз ҳолаш хабар мегирифт, вале оҳиста – оҳиста канорҷӯйӣ кард. Шояд Шоҳин меандешид, ки сил бемории табобатнашаванда асту ба каси дигар сироят мекунад. Муносибати падару модари шавҳар низ бо Шабнам сард шуд. Рӯзе Шоҳин ба аёдати Шабнам омада ошкоро гуфт, ки минбаъд бо ӯ зиндагӣ кардан намехоҳад.
– Падару модарам аз ин қазия воқиф шуда маро дилпур карданд, ки руҳафтода нашавам. Онҳо мегуфтанд, ки ҳарчанд Шоҳин туро дар нимароҳ партофтааст, вале танҳо нестӣ ва таъкиди пайвастаи духтурон дар бораи он ки бемории сил табобатшаванда аст, шуълаи умедро дар дилам фурӯзон мекард, –ба ёд меорад ӯ.
Ҳоло Шабнам аз бемористон ҷавоб шудааст, вале бо тавсияи табиби силшинос Фирӯза Саидова, муддати як сол зери назорати пизишкон мемонад ва табобатро идома медиҳад. Худашро хуб ҳис мекунад, зебоӣ мисли офтоби паси абр аз нав ба чеҳрааш нур мепошад. Ният дорад бо меҳри гарми модарона ба тарбияи духтарчаи ягонааш машғул шавад...
Табиби силшинос Фирӯза Саидова тайи фаъолияти пурсамари кориаш беморони зиёдеро табобат карда, ба дили онҳо дар идомаи зиндагӣ умед бахшидааст. Бисёриҳоро дар ҳифзи саломатӣ алайҳи бемории сил раҳнамоӣ намуда, ба хонадони зиёде баҳор овардааст…
Беш аз 25 сол мешавад, ки Фирӯза ҳамроҳи ҳамсабақаш Саъдулло Сайдалиев, ки баъдан риштаи тақдир онҳоро бо ҳам пайваст, бар зидди бемории сил мубориза мебаранд.
Имрӯз дар ҷомеа андешаҳои нодуруст дар бораи сил паҳн шудаанд ва гоҳо мегӯянд, ки ин беморӣ табобат намешавад.
Ба андешаи табиби силшинос Фирӯза Саидова табобати саривақтӣ беҳтарин воситаи пешгирии паҳншавии ин беморӣ миёни аҳолӣ ва кафолати шифои комил аст. Мутаассифона, бемороне низ ҳастанд, ки табобати пурра намегиранд ва пас аз чанд моҳи беморӣ бо истифода аз доруҳои тавсияшуда ҳис мекунанд, ки саломатиашон беҳ шудааст ва бо ҳамин хотирҷамъ мешаванд ва аз идомаи табобат даст мекашанд. Ин оқибати нохуб дорад ва дар натиҷаи бепарвоӣ бемории онҳо ба сили мутобиқгашта табдил меёбад.
Бино ба иттилои Фирӯза Саидова бемории сили шакли мутобиқгашта намуди махсуси ин беморист, ки барангезандаҳои он, яъне чӯбчамикробҳои сил ба доруҳои самараноки зиддисилӣ, аз ҷумла изониазид ва рифампитсин мутобиқат пайдо кардаанд.
– Ба шакли мутобиқгаштаи бемории сил дар натиҷаи каммасъулиятии бемор нисбати риояи дурусти реҷаи табобати таъиннамудаи табиб, танаффус дар табобат бо сабаби нокифоягии дастгирии иҷтимоии атрофиёну ҷомеа гирифтор шудан мум-кин аст, –қайд кард ҳамсуҳбати мо ва афзуд, ки шахси солим метавонад ба намуди мутобиқгаштаи бемории сил ҳангоми дар тамос будан бо чунин бемор гирифтор шавад, аммо на ҳамаи он шахсоне, ки ба микробактерияҳои сил сироят ёфтаанд, метавонанд ба беморӣ мубтало гарданд. Гирифтори ин беморӣ танҳо шахсоне мешаванд, ки масунияти баданашон суст аст ва ҷисми онҳо қобилияти бо ин беморӣ мубориза бурданро надорад.
Ҳанӯз соли 2009 имконияти ташхису табобати чунин маризон фароҳам гардид, вале муайян намудани ин шакли беморӣ беш аз ду моҳро дар бар мегирифт, ки боиси таъхир дар табобат мегардид. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва кумаки донорҳо дар ҷумҳурӣ дастгоҳҳои ташхисии замонавӣ, аз қабили Бактек, Хайн-тест ва Ген-эксперт дастрас гардид, ки метавонанд муҳлати муайянкунии чунин шакли бемориро кӯтоҳ намоянд ва табобати саривақтиро имконпазир гардонанд.
–Бемории шакли мутобиқгаштаи сил низ табобатшаванда аст. Фақат беморро лозим аст, ки иродаи қавӣ дошта бошад, зеро муҳлати табобати он тӯлонӣ аст. Агар табобати намуди оддии бемории сил 6-8 моҳ бо қабули 4 намуди дору идома ёбад, пас муолиҷаи шакли мутобиқгаштаи сил аз 18 то 24 моҳ бо қабули 6 дору дар реҷаи стандартӣ гузаронида мешавад. Дар ҷумҳурӣ ташхису табобати ин беморӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, соли ҷорӣ имконияти фарогирии тамоми ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Боиси тазаккур аст, ки ташхису табобати бемории сил, аз ҷумла шакли мутобиқгаштаи он барои бошандагони сохтори иҷрои ҷазои ҷиноятии ҷумҳурӣ низ дастрас аст, зеро бемории сил сарҳад надорад,– меафзояд ин бонуи табиб. Тамоми доруҳои зиддисилӣ ба таври ройгон аст.
Имрӯз барои табобати беморон дар Тоҷикистон шароит фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар Беморхонаи ҷумҳуриявии зиддисилии шаҳраки «Шифо»-и шаҳри Ваҳдат шуъбаи махсус барои табобати беморони шакли мутобиқгаштаи сил фаъолият мекунад, ки бо таҷҳизоти нави замонавӣ, бо назардошти риояи назорати сироятӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ барои табобати беморони сил ду беморхона дар сатҳи вилоятӣ (Хатлон ва ВМКБ) ва як беморхонаи ҳозиразамон дар сохтори иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба истифода дода мешавад.
– Гарчанде ташхиси бемории сил дар ҷумҳурӣ дастрасу ройгон аст, вале, мутаассифона, беморон дар баъзе ҳолатҳо дер муроҷиат мекунанд, ки боиси душворӣ ва баъзан оқибатҳои ногувор мегардад,– мегӯяд ӯ. Бояд ҳар шахс нисбат ба саломатии худ бомасъулият бошад ва ҳангоми пайдоиши нишонаҳои аввалини ин беморӣ, ки аз сулфаи давомнок, харобшавӣ, таби бегоҳирӯзӣ, арақкунии шабона, бемадорӣ ва ғайраҳо иборат аст, ба
муассисаи наздиктарини тиббӣ муроҷиат кунад ва аз имкониятҳои ташхисии имконпазири имрӯза истифода барад, зеро дарёфти саривақтии бемории сил кафолати шифои комил аз он аст.
Бархе аз беморон ба воситаҳои тибби халқӣ, аз ҷумла ба истеъмоли равғану гӯштҳои вазнинҳазми саг, суғур ва ғайраҳо рӯ меоранд, ки боиси таъхири табобати асосӣ ва сирояти бештари атрофиён мегардад.
– Нуқтаи муҳим ин пинҳон кардани бемории сил аз тарси ҳазари атрофиён мебошад, зеро онҳо гумон мекунанд, ки пайдоиши ин беморӣ заминаи ирсӣ дорад. Бемории мазкур ба авлод ягон иртибот надошта, танҳо сироятӣ аст ва бемор баъди табобат шахси солими ҷомеа мегардад ва аз ҳама ҳуқуқҳо бархӯрдор аст, - мегӯяд Фирӯза Саидова...
Ӯ лаҳзае ба андеша фурӯ меравад. Шояд ҳаёти нафареро пеши назар меорад ва ё суханони Шабнам дубора ба ёдаш мерасанд:
- Тӯли беморӣ 13 кило лоғар шудам. Ба тадриҷ саломатиам хуб мешавад, вазни худро қариб барқарор кардам, аммо аламовар носипосии шав-ҳарам аст, ки дар ҳолати вазнин аз ман рӯ гардонд. Акнун Шоҳин пушаймон шудааст. Борҳо падару модарашро ба назди зодмандонам фиристодааст, ки дубора издивоҷ кунем, аммо дигар ба дилам намеғунҷад...
Сарнавишти нафарони ранҷур Фирӯзаро бетафовут гузошта наметавонад. Баробари онҳо дард мекашад. Ҳангоми суҳбат пайваста садои телефони ҳамроҳаш баланд мешуд. Ҳамин тавр, имрӯз Фирӯза Саидоваро меҷӯянд, аз ӯ маслиҳат мепурсанд. Мо ҳам нахостем аз ин бештар вақти бонуи табибро бигирем ва бо умеди саломатию хушрӯзӣ бо ӯ худоҳофизӣ кардем...
Алӣ ҶӮРА