Ба андешаи мутахассисон заъфи хизматрасонии тиббӣ, ба вижа дар маҳалҳои дурдаст, сабаб гардидааст, ки ашхоси гирифтори саратон дер аз бемориашон хабар меёбанд. Ба ҷуз аз маркази вилоят дар ягон ноҳия мутахассиси саратоншинос фаъолият намекунад ва пизишкони соҳаҳои дигар бошанд дар ташхиси нишонаҳои бемории саратон бетаҷрибаанд. Дигар ин ки ашхоси ба ин беморӣ гирифторшуда, дар марҳилаи аввали хурӯҷи он дардро ҳис намекунанд ва аз ин хотир нишонаҳои зуҳури беморӣ аз ҷониби пизишкони маҳаллӣ ба инобат гирифта намешаванд.
Ҷамила Худоёрова, сардори Маркази саратоншиносӣ, дар суҳбат бо мо сокини 35 - солаи ноҳияи Роштқалъа Азалбегим Рашидбековаро муаррифӣ кард, ки бо хурӯҷи дараҷаи сеюми маризӣ ба бемористон афтодааст.
Ба гуфти апаи Азалбегим дар аксар маврид бонувони русто аз субҳ то шом ба корҳои рӯзгор банд ҳастанд ва дар бораи муоинаи тиббӣ ва табобат танҳо вақте фикр мекунанд, ки дард онҳоро комилан нороҳат месозаду дигар илоҷе намондааст. Ӯ побанди мушкилоти иҷтимоӣ будани хонаводаҳоро сабаби асосии сари вақт ба табибон муроҷиат накардани бонувон барои ташхису табобат медонад.
– Аз шаш фарзанди ман чаҳор нафарашон донишҷӯ ҳастанд. Шавҳарам мутахассиси соҳаи барқ ба хотири таъмини ниёзҳои иҷтимоии хонавода солҳои зиёдеро дар муҳоҷирати корӣ гузаронду маҷбур будам, ки корҳои вазнини хоҷагидориро худ ба сомон расонам. Ба пизишкон танҳо вақте муроҷиат кардам, ки сустшавии узвҳои бадан ва дарди сахтро эҳсос намудам, – афзуд бемор.
Бо назардошти афзоиши шумораи маризони саратон, ки қисмати зиёдашонро беморони табобатнашаванда ташкил медиҳанд, дар марказ усули муолиҷаи фаъоли дастгиркунанда, ё ба истилоҳ ёрии паллиативӣ роҳандозӣ шудааст. Усули нав бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва Пажуҳишгоҳи Бунёди Мадад амалӣ гардида, ҳадафи асосии он дастгирии маънавӣ, равонӣ, иҷтимоӣ, нигоҳубини касал, назорати дард ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои бемор ва аҳли хонаводааш арзёбӣ мешавад.
– Барои бартараф кардан ва сабук гардондани ранҷу азоб, изтироби равонии бемор аз марги қарибулвуқӯъ дар баробари табобат, барои мариз ва аъзои хонаводи ӯ ёрии равонӣ расонда мешавад, - мегӯяд сардори маркази саратоншиносӣ.
Мирзоазиз Мамадазизов, яке аз беморон, мегӯяд, ки ҳамарӯза хешу табори зиёд ба аёдаташ меоянд, ки аз эшон миннатдор аст, аммо ҳузури пизишк Ҷамила Худоёрова маризонро руҳан дилпур месозад ва онҳо ниҳонтарин розҳои ҳаётиашонро ҳам ба ӯ бовар мекунанд, аз дилбардориву маслиҳатҳояш бархурдоранд.
Гуруҳи табибоне, ки дар доираи лоиҳаи махсус омӯзиш дидаанд, беморонеро, ки танҳо зиндагӣ мекунанд ва ё бе ёрии дигарон берун баромада наметавонанд, ҳафтае чанд маротиба дар хонаашон хабар мегиранд. Кумаки ройгон ба беморони шифонаёбандаи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ва оилаҳои онҳо расонда шуд, мутахассисони марказ ҳадаф доранд, ки бо пайдо шудани имкон чунин усули хизматрасониро дар дигар навоҳии вилоят низ густариш диҳанд.
Бино бар иттилои идораи тандурустии ВМКБ дар вилоят 229 муассисаи кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ ба мардум хизмат мерасонад. Сатҳи хизматрасонӣ ба модару кӯдак беҳтар гардида, соли гузашта фақат дар ноҳияи Мурғоб ҳафт бунгоҳи тиббӣ ва маркази саломатӣ пурра таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Соли равон боз 21 бунгоҳи тиббӣ дар навоҳии Шуғнону Дарвоз азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз мегарданд. Бо мақсади тақвият бахшидани хизматрасонии тиббӣ дар маҳалҳо мутахассисони бемориҳои занона барои кору фаъолияти минбаъда ба муассисоти тиббии ноҳияҳои Роштқалъаву Ишкошим, Дарвозу Шуғнон фиристода шудаанд.
Новобаста аз он ки бо фаъол шудани бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ дастрасӣ ба доруву дармон дар маҳалҳои дурдаст осонтар шудаасту сокинон акнун барои табобати бемориҳои сабук дигар саргардон намешаванд, вале дар лаҳзаҳои оҷилӣ ҳамоно ба ёрии мошини таъҷилӣ умед баста наметавонанд. Дар бештари маврид хешу табори бемор нақлиёт мекобанд ва сӯзишворӣ харидорӣ намуда, беморро то ба маркази ноҳия ва ё вилоят интиқол медиҳанд.
Боришоти зиёди барф, роҳбандии давомдор, набудани нақлиёту сӯзишворӣ дар маҳалҳои дурдаст хатари маргро афзоиш медиҳад.
Дар шумораҳои қаблӣ ёдовар шуда будем, ки як зани ҷавон дар маҳалли Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа ҳангоми таваллуд ба ҳолати вазнин гирифтор мешаваду бо тавсияи табибон хешовандон ӯро дар муддати кӯтоҳтарин бояд барои ҷарроҳӣ то маркази вилоят мерасониданд. Аммо то дарёфти нақлиёту бо сӯзишворӣ таъмин кардани он вақти зиёде мегузарад, тифл дар нимароҳ тавлид мешавад. Бо марҳамати худовандӣ ин бор модару кӯдак аз марг наҷот ёфтанд, вале Худо нокардаву…
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол