Мутахассисон иброз медоранд, ки бештари ҷавонон то давраи оилабарпокунӣ гирифтори беморҳое мешаванд, ки бинобар сари вақт табобат накардани онҳо ба безурётӣ оварда мерасонанд. Ба гуфти Каромат Раҷабова, сардухтури беморхонаи клиникии "Мадади Акбар"-и шаҳри Душанбе, оддитарин сабабҳои безурёт шудани ҷавонписарон ин хароб шудани асабҳои онҳо то барпо намудани оила мебошад. Ба хусус ҷавононе, ки дар муҳоҷирати корӣ азоби зиёди руҳию ҷисмонӣ дошта, пайваста дар фикри баромадан аз мушкилоти зиндагӣ мебошанд.
Дар соли аввали фаъолияти шӯъбаи андрологии беморхонаи клиникии "Мадади Акбар"-и шаҳри Душанбе беш аз 300 амалиёти ҷарроҳӣ барои табобати иллатҳои гуногуни безурётӣ гузаронида шудааст, ки дар бештар мавридҳо натиҷаҳои дилхоҳ додаст.
Мутахассисон иброз медоранд, ки безурётӣ аз асари омилҳои берунӣ ва дохилӣ пайдо мешавад. Омилҳои беруна, ин аз асари хунукӣ ва вирусҳои зараровар сироят шудани бадан ва маҳкамшавии найи нутфабарор аст. Иллатҳои дохили моявӣ, яъне вуҷуд доштани ягон норасоие мешавад, ки аз ҳисоби он гармонҳо вайрон шудааст. Табобати иллатҳои дохилимоявӣ дар тамоми ҷаҳон мушкил аст, зеро нозукиҳои фаъолияти тухмдони ҷинси мардона то кунун пурра омӯхта нашудааст.
Муродалӣ Юлдошев, мутахассиси соҳаи урология-ондрология, мегӯяд, ки дар ҷамъиятҳои пешрафтаи дунё ҷавонон пеш аз барпо намудани оила нахуст аз ташхиси мутахассисони гинеколог, уролог ва андролог мегузаранд, то вазъи солимии узвҳои таносули худро муайян намоянд. Аммо дар ҷомеаи мо мардум танҳо дар ҳолати гирифторӣ ба ин ё он беморӣ ба табибон муроҷиат мекунанд.
Ба гуфти мусоҳиби мо, дар бисёр мавридҳо новобаста аз надоштани пайванди хешутаборӣ ҳам бинобар мутобиқ набудани хунашон оилаҳои ҷавон фарзанддор шуда наметавонанд.
– Мебояд байни мардум моҳияти дар давраҳои муайян гузаштан аз ташхиси тиббиро фаҳмонд. Рисолати духтур танҳо табобат кардан нест, балки ошкор кардани ҳолати солимии инсон аст. Ҷомеа вақте солим мешавад ки соҳаи тандурустӣ таҳлилу пешгӯиҳо дошта бошад, –қайд мекунад М.Юлдошев.
Р.S Ондролоия – илм дар бораи омӯзиши гармонҳои мардона аст.
Ҷ.Сайфиддинов