Ҳаждаҳ сол муқаддам, вақте ки Ҳусния Ахмедова омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Конибодомро хатм мекард, шояд дар тасаввураш ҳам намеғунҷид, ки замоне осоишгоҳи бо номи «Баҳористон» таъсис меёбаду ихтисоси навомӯхтааш мавқеашро миёни ҳамкасбон дар зинаи болотаре ҷой медиҳад. Ҳусния чун як ҳамшираи шафқат зуд обрӯ ёфта, азизи дили беморон, марҳами аъзои дарманди онҳо гашт. Зеро ҳама хислатҳое, ки дар як инсони мушфиқу меҳрубон, дар як ҳамшира ва ё хоҳар бояд бошад, дар рафтору муносибати Ҳусния ҳувайдо буд.
Ҳалимии хосу забони ширин, муносибати пуршафқат, дили поку дастони моҳираш эҳтиромашро чун як мутахассиси кордону шахси пайваста дар ҷустуҷӯ, рӯз аз рӯз меафзуд.
Ӯ шаш соли аввали фаъолияти хешро дар осоишгоҳи Хоҷа Абдуалӣ гузаронд. Таҷрибаи некӣ кардану мушфиқи дардмандон буданро бо хидматаш дар ин осоишгоҳ пурра кард.
Чун як мутахассиси варзида баробари ба кор оғоз кардани осоишгоҳи «Баҳористон» ба озмуни интихоби кормандон даъват гашту бо сари баланд аз «имтиҳон» гузашт. Дар «Баҳористон», ки ҳама таҷҳизоти кори тиббӣ замонавӣ ва ба қавле хориҷӣ буд, омӯзиши истифодабарии онҳо таҷрибаи касбии Ҳуснияро ғанитару меҳру муҳаббаташро ба касби дӯстодаштааш бештар мекард.
Ӯ дар баробари устодоне, ки барои нишон додани кори дастгоҳҳои ҳозиразамони тиббӣ ва омӯхтани тарзи истифодаи онҳо омода буданд, мувозӣ ба омӯзиш пардохт. Ва дере нагузашта аз истифодаи техникаи нави дар ихтиёри осоишгоҳ буда ба пуррагӣ огаҳ шуд.
– Табобати физиотерапевтро одамон танҳо ҳангоми беморӣ не, балки камаш соле ду маротиба, барои пешгирии бемориҳо ва хастагии бадану рӯҳ бояд қабул созанд. Агар бемориро бо усули табобат дар осоишгоҳ, дар оғози он тавассути таҷҳизоти техникии тиббӣ, бо роҳи физиотерапия муолиҷа созанд, то ба кӯҳна шудани касал намерасанд. Вале мутаассифона, мардуми мо то аз пой наафтанд, ё то хурӯҷи дард безобитаашон накунад, аз пайи муолиҷаи хеш намешаванд, – мегӯяд Ҳусния Ахмедова.
Тавассути асбобҳои замонавие, ки мо истифода мебарем, ҳатто бемориҳои чандинсоларо мешавад шифо бахшид, – бо боварӣ мегӯяд ҳамсӯҳбати мо. Ӯ мӯътақид аст, ки як малҳами табобатиро то устухон расонидан ҳам бо истифода аз асбобҳои тиббии замони муосир дастрас гаштааст.
– Мутаассифона, базаи омӯзиши омӯзишгоҳҳо ва ҳатто Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар сатҳи солҳои 90 -уми асри 20 қарор доранд. Аз ин рӯ, чӣ ҳамширагони шафқат ва чӣ духтуронро лозим меояд, ки бо истифода аз интернет ҳамарӯза биёмӯзанд, то таҷҳизоти нави тиббиро дуруст истифода карда тавонанд.
Таҷҳизоте, ки айни замон Ҳусния дар «Баҳористон» истифода мебарад, кори табибонро осону сифати табобатро хубтар мегардонад. Ҳам вақти кам масраф мегардад ва ҳам меъёрҳо барои риояи дурусти истифодаи маводи табобатӣ тариқи асбобҳои электронӣ бехато муқаррар карда мешавад. Мусаллам аст, ки таъсири чунин табобат дигар асту бемор ё истироҳаткунанда баъд аз 3-5 рӯзи муолиҷа беҳбудии онро эҳсос мекунад.
– «Мизоҷ ҳамеша ҳақ аст» – ин як шиори оддӣ нест, мегӯяд Ҳусниябону. Вале меҳмонони мо дар «Баҳористон» ду карат ҳақанд. Нахуст онҳо барои он ки мизоҷанду барои истироҳат маблағ мепардозанд, баъдан зиёда аз 95 фисади афроде, ки ба осоишгоҳ меоянд, беморие доранд. Агар хизматрасонии олӣ надошта бошему Худо накарда нафаре аз ин ҷо бо табъи хира баргардад, мо ҳам мизоҷро аз даст медиҳем ва ҳам чун корманди тиб дили бемореро меранҷонем, ки ба ин ҳақ надорем. Аз ин рӯ, кулли кормандони «Баҳористон» ин гуфтаро дар мадди аввал гузошта, риояи онро ҳатмӣ мешуморанд.
Мо ҳама инсонем, гоҳо мешавад, ки аз касе ё чизе меранҷем, гоҳо мушкиле дар хонадон дорему табъи нохуш, вале ҳақи онро ба муштариён нишон додан надорем. Ҳатто ба муносибати бади истироҳаткунандагон ҳам бо хушӣ ва меҳрубонӣ посух мегӯем. Корманди тиб бояд рӯҳшинос бошаду этика ва эстетикаро ҳам хуб донад.
– Ҳар як амали Ҳусния барои мо сабақ асту ҳар як рафтораш дарс, – мегӯяд ҳамкораш Дилбар Бобомуродова. – Ӯро ҳамчун инсон ва профессионал мо ҳамширагони шафқат эҳтирому эътироф мекунем. Ба ҳама суолҳои мо ҳамеша посухи мушаххас дораду ба ҳама мушкилотамон маслиҳати судманд. Хеле ҷӯянда асту аз омӯхтан хастагӣ надорад. Заковатманду меҳрубон аст. Инсонест, ки гӯё танҳо барои шафқату меҳрубонӣ зода шудааст, –меафзояд Дилбар.
Абдумалик Содиқов, директори осоишгоҳи «Баҳористон», зимни сӯҳбат дар бораи ин ҳамкасби хеш чунин изҳори назар кард: «Ҳусния Ахмедова яке аз боидроктарин ҳамшираҳои шафқати «Баҳористон» аст. Ба ӯ ҳама супоришро як бор мегӯйӣ. Заковати хоса имконаш медиҳад, ҳар иттилои нави тиббиро бо як омӯзиш аз худ созад. Худомӯзу ҷӯянда аст. Аз ҳама муҳимаш одамгарии олӣ ва тарбияи хуб дорад. Бо як калима агар фикрамро ҷамъбаст кунам, мутахассис аст.
Давлатмоҳ Бодурова, ҳамшираи хоҷагидори осоишгоҳи «Баҳористон», низ аз кори хубу ҳирфавии Ҳусния Ахмедова ифтихормандӣ мекунад. Ӯ ин бонуи ҳамкасбашро барои тамкини хосааш, барои мутахассиси баландпояву ба касбаш содиқ буданаш дӯст медораду эҳтиром мегузорад.
Оре, ҳар нафаре, ки садоқат ба касбу эҳтиром, ба хоне, ки аз он намак мехӯрад, дорад, ҳатман миёни ҷомеа чун Ҳусниябону обрӯманд хоҳад шуд.
Дар маҷмуъ қариб ҳама ҳамшираҳои шафқат ва кормандони ин осоишгоҳ бо дараҷаи олии хидматрасонӣ ва маданияти волои муошират шинохта мешаванд. Ҳусния Ахмедова яке аз онҳост, ки ҳам аз ҷониби ҳамкорону ҳам аз тарафи роҳбарон бо номи неку кори содиқонааш соҳибэҳтирому пазируфта аст. Ва ӯро метавон хоҳари воқеии шафқат хонд.
Ситораи Алӣ