Мувофиқи тадқиқот, занон аз камхунӣ бар асари норасоии оҳан ва камйодӣ азият мекашанд. Сабаби аслии ин норасоиҳо камбуди ғизои солим ва фарҳанги нодурусти истеъмоли ғизо унвон мешавад. Зимни як мусоҳиба аз Шамсиддин Қурбонов, директори пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинотологӣ, хоҳиш кардем омилҳои бемориҳои нутриенӣ, яъне гирифториҳое, ки бо сабаби камбуди ғизо сар мезананд, муфассалтар шарҳ бидиҳад.
– Камбудии ғизои солими зани ҳомила ба кӯдаки батнаш чӣ таъсир дорад?
– Афзоиши босуръати тифл дар батни модар аз ғизои солим маншаъ мегирад. Модар манбаи ғизо барои тифли батн аст. Дар китобам бо номи «Дастури ғизо дар давраи ҳомиладорӣ» ғизои зани ҳомиларо тавсия кардаам. Дар дастархони зани ҳомила бояд гӯшти гов, моҳӣ, мурғ, маҳсулоти ширӣ, меваву сабзавоти тару тоза, бахусус себу нок, зардолуву шафтолу, донагӣ ва чормағз бояд муҳайё бошад. Зани ҳомиларо мебояд дар як рӯз мунтазам 4-5 маротиба ғизои солиму зарурӣ истеъмол намояд. Зеро норасии ғизо барои зани ҳомила хатар эҷод карда, ба заъфи рушди тифли батнаш мерасонад. Аз бемориҳое, ки хусусияти стратегӣ доранд, муҳимтаринашон норасоии йод ва камхунӣ аст, ки оқибати сангинро дар пай доранд. Кӯдаконе, ки аз синни 6 - моҳагӣ то 3- солагӣ аз норасоии йод ва камхунӣ бар асари норасоии оҳан азият кашидаанд, дар оянда зеҳни онҳо ҳаргиз рушд нахоҳад кард. Аз ин хотир, агар бихоҳем, ки тифлони мо зеҳни хуб дошта бошанд, бояд онҳоро бо йоду оҳан таъмин намоем.
Аммо дар хотир дошта бошед, ки ғизои солим аз субҳ то шом хӯрдани шакаробу оши палав нест. Ғизои солим дорои сифату таркиб буда, аз минералу витамин, углеводу сафеда ва чарбҳо иборат аст.
Бемориҳои зиёде ба норасоии ғизо бастагӣ доранд. Зеро мардуми мо фарҳанги истеъмоли хӯрок ва дастрасӣ ба онро надорад. Масалан, бигирем, нӯшидани чойро, ки то 50-60 фисад ҷабидашавии оҳанро аз бадан кам мекунад. Чойро танҳо баъд аз 30-40 дақиқаи истеъмоли ғизо бояд нӯшид. Зеро дар ин муддат ҷисми инсон маводи даркорияшро ҷабида мегирад. Дар хонаводаи тоҷик адолати иҷтимоӣ ба чашм намерасад. Бубинед, беҳтарин ғизоро дар хонавода мард, меҳмон ва мулло мехӯрад. Дар мисоли як хонавода: то меҳмон наояд, печену конфету шоколадро рӯйи дастархон намегузоранд. Бояд ин анвои хӯрданиро ҳамеша рӯи дастархон гузоранд. Ин қолабро бояд шикаст, зеро аз арзишҳои умумимилливу умумиахлоқӣ фарсахҳо дур аст. Дар маъракаҳо низ танҳо мардҳоро даъват мекунанд, оё шумо дидаед, ки занон ё кӯдакон бираванд? Аз ин хотир, агар хоҳем, ки миллати мо солим бошад, бояд беҳтарин ғизоро зани миллат истеъмол кунад. Агар зеҳни хуби миллатро хоҳем, бояд ӯро бо йоду оҳан таъмин намоем.
Роҳи бо йод таъмин кардани ҷисми инсон намаки йоддор ва ҳабҳои йоддор аст. Сабаби зиёд шудани норасоии йод дар тарзи нодурусти истеъмоли намаки йоддор низ ҳаст. Норасоии йод маълум аст, яъне дар таркиби хоки мо йод кам, вале оҳан бисёр аст.
– Пас чаро норасоии оҳан миёни занони ҳомила дар ҳоли афзудан аст?
– Омили аслӣ норасоии ғизо ва истеъмоли нодурусти он аст. Мо байни занон тадқиқоте гузаронида будем ва он исбот намуд, ки 60 фисади онҳо аз норасоии оҳан ва 40 фисад аз норасоии йод азият мекашанд. Таркиби ғизои истеъмолии мо аз оҳан фаровон аст, вале аз сабаби фарҳанги нодурусти истеъмоли ғизо доштан,оҳани таркиби ғизоро нест мекунем. Масалан дар Туркия мушоҳида намудам, ки мардум қабл аз сарфи ғизо як истакон об менӯшанд, яъне қабл аз истеъмоли ғизо меъдаро бояд тоза намуд. Баъдан бояд он маҳсулотеро истеъмол намоем, ки дар ҳамин замину хок истеҳсол шудааст.
Мардум бояд «ҳарчихӯр» шавад ва занҳо «ҳарчипаз». Мардуми мо меъдаашонро дӯст намедоранд. Агар занҳо дар баробари фарҳангу фаросат кадбонуи хуб ҳам мебуданд ва хӯрокҳои рангоранг омода мекарданд, аксари бемориҳои нутриенӣ аз байн мерафт. Занҳои кадбону каманд, бахусус дар байни занҳои деҳа. 70-75 фисади занҳои тоҷик хонанишинанд ва иртибот байни ин табақаи ҷомеа камаст. Яъне занҳои хонашин ҳеҷ гоҳ дар интернет нишаста, тарзи омода намудани хӯришҳову ғизоҳои гуногунро ҷустуҷӯ намекунанд. Агар мо хоҳем миллатро аз вартаи буҳрон ва бешуғлӣ раҳонем, бояд занҳоро соҳиби донишу касб кунем.
Истеъмоли ҳар гуна нӯшобаҳои газдор ва омехтаи маҳлулҳои хориҷӣ яке аз дигар сабабҳои бемориҳои гуногун буда, оқибатҳои нохушро дар пай дорад. Миллат то истиқлолияти ғизояшро таъмин накунад, миллат намешавад. Мо ҳанӯз ҳам истиқлолияти ғизоро ба даст наовардаем. Масъалаи ғизо он қадар муҳим ва стратегӣ аст, ки имкон медоштам, як вазорати ғизо таъсис медодам. Чун таъминоти бехатарӣ оид ба ғизо танҳо мушкили Вазорати тандурустӣ нест, мушкили тамоми миллат ва яке аз стратегияҳои давлатӣ мебошад.
– Занони ҳомилаи хонаводаҳои ниёзманд чӣ мушкил доранд?
– Занони хонаводаҳои камбизоат бештар гирифтори камхунӣ ва норасоии йод гашта, тифли батнашон низ аз ин бемориҳо азият мекашад. Хунравии занони ниёзманд нисбати занони солим 7 маротиба зиёд ба қайд гирифта шуда, фавти кӯдакон миёни онҳо 2-3 баробар бештар аст. Занҳое, ки ба ғизои солим дастрасӣ надоранд, бештар гирифтори бемориҳо мегарданд. Аз ин рӯ, онҳо бояд таҳти назорати ҳатмии табибон бошанд ва сари масъалаи ғизо мунтазам машварат бигиранд.
Яке аз нишонаҳои камбизоатӣ таваллуди зиёд буда, дастрасӣ надоштан ба ғизои солиму зарурӣ аз меъёрҳои он дониста шудааст. Мо дар Дарвозу Варзоб дар мавзуи сатҳи соҳибмаълумотии занон ва таваллуд тадқиқоте гузаронида будем. Тибқи он занони соҳибмаълумот 2-3 фарзанд ва заноне, ки маълумоташон ибтидоӣ аст, 8-10 фарзанд ба дунё овардаанд.
Ҳар қадар фаҳмиши зан боло меравад, ҳамон андоза камтар таваллуд мекунад. Илман исбот шудааст, ки таваллуди зиёд ба фақирӣ мебарад ва фақирӣ ба таваллуди зиёд. Дар мамлакатҳои камбизоате мисли Ҳиндустону Афғонистон ва Покистон сатҳи таваллуд зиёд ба назар мерасад. Дар кишварҳое, ки сатҳи зиндагии мардум хуб аст, кам фарзанд ба дунё меоранд. Зеро медонанд барои кӯдак ғизои солим, тандурустӣ ва гӯшаи алоҳидаи хоб лозим аст.
Барои тифли солим ба дунё овардан танҳо ғизои солим кофӣ нест; фарҳанги солим, фаросати солим, рафтори солим, кирдори солим ва хонаводаи солим зарур аст.
Мусоҳиб
Раҳимаи Аъзам