Вуҷуд доштани чунин генҳо ҳам дар организми модар ва ҳам дар организми падар, метавонад сабаби ҳувайдо шудани беморӣ ва ё нуқсоне дар организми тифли навзод бигардад. Агар чунин ҳолат ба амал биёяд, пас онро бемории ирсӣ ва ё модарзодӣ меноманд.
Коршиносони соҳаи тиб мегӯянд, ки эҳтимоли сар задани чунин ҳолатҳо дар мавриди никоҳ миёни хешовандони наздик ба маротиб меафзояд. Ва ё умуман, агар ду нафаре, ки оила созмон доданианду дар вақти гузаштани муоинаи генетикӣ, дар генҳои онҳо чунин ноқисиҳо маълум карда мешаванд, набояд бо ҳам оила созмон бидиҳанд. Имкони ба бемориҳои ирсӣ гирифтор шудани кӯдакони онҳо зиёд аст.
Инчунин, агар модар гирифтори бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ба монанди: оташак (сифилис), сӯзок (гонорея), хламидиоз, трихомониаз, токсоплазмоз, ситомегаловирус ва ғайра бошад, тифли дар батни ӯ инкишофёфта низ метавонад гирифтори чунин бемориҳо гардад.
Гирифтории модари ҳомила ба бемории камхунӣ, норасоии оҳану йоду ҷавҳари фолат низ метавонад сабаби гирифторшавии тифли навзод ба бемориҳои дар боло зикргардида шавад.
Аз ин рӯ, табибон ба ҳамсароне, ки оянда фарзанди солим ба дунё оварданианд, тавсия медиҳанд, ки ба саломатии Зан – Модари оила аҳамияти ҷиддитаре бидиҳанд. Давраи пеш аз ҳамлу моҳҳои ҳомиладории зан низ бояд таҳти назорати доимии табибон қарор бигирад.
Гулноз