Вақте бадани инсон аз вируси ВИЧ сироят мешавад, системаи худмуҳофизатии ҳуҷайраҳои бадан заиф ва баъдан ба нобудӣ мерасад. Чун ин система хароб шуд ё ба нобудӣ расид, бадани инсон суст шуда, қобилияти муқовимат ба ҳама бемориҳоро гум мекунад. Ниҳоят ин вирус ба беморие оварда мерасонад, ки онро СПИД мегӯянд. Ашхоси гирифтори ин беморӣ солҳои зиёд, аниқтараш аз 7 то 10 сол худро солим ҳис мекунанд. Ҳатто эҳсос намекунанд, ки онҳо ба бемории масъунияти бадан гирифтор шудаанд. Бо сабаби зоҳир нашудани нишонаҳои бемории шахси сироятёфта метавонад чанд нафари дигарро гирифтори ин беморӣ намояд. Дар хотир бояд дошт, ки ҳатто як алоқаи ҷинсӣ ё истифодаи сӯзандоруи сироятёфта ҳар яки моро метавонад, мубталои ин беморӣ гардонад.
Сабабҳои асосии сироятёбии одамон аз вируси норасоии масъунияти бадан инҳоянд: алоқаи ҷинсии тасодуфӣ, нашъамандӣ ва истифодаи сӯзандоруи сироятдор, инчунин аз модари сироятёфта ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ин вирус сироят мекунад. Ҳангоми сӯҳбат хӯрокхӯрӣ, истифодаи асбобҳои маишии умумӣ, сулфаю атса задан, бӯса ва оғӯш намудан аз ин вирус сироят намеёбанд.
Аломатҳои ин беморӣ дар шахси сироятёфта чӣ гунаанд?
Баланд шудани ҳарорати бадан, ки ҳеҷ дору онро мӯътадил карда наметавонад, сулфаи доимӣ, дарунравии беист, калоншавии ғадудҳои сипаршакл ва назди сипаршакл, пайдошавии озахҳо дар сатҳи узвҳои ҷинсӣ, хориҷшавии варамҳои узвҳои ҷинсӣ, сӯзиш ва дард вақти пешобронӣ, дард дар поении шикам ва амсоли ин ки марҳилаи ниҳоии СПИД мебошанд.
Муҳаббат Ҳусайнова, мехостем оиди пешгирии сироятёбӣ аз ин беморӣ ба мо маълумот диҳед.
Пеш аз ҳама бояд ҳар як инсон баҳри солимии худ андеша намояд. Бисёре аз мардони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд. Хоҳ нохоҳ онҳо бояд ҳатман аз ташхиси тиббӣ ҳангоми рафтан ё баргаштан гузаранд, чунки аз беэҳтиётӣ сол то сол ин беморӣ авҷ гирифта истодааст. Пешгирии ин беморӣ на танҳо ба табибон балки ба худи ашхоси мариз вобастагӣ дорад. Дар ҷумҳурӣ бештар дар соҳаи тандурустӣ нуқтаҳои боварӣ ва ҳуҷраҳои дӯстона амал мекунанд. Пинҳон доштани ин маризӣ на танҳо ба ҳаёти худ, балки ба ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад. Ҳар касе, ки ба марказҳои ташхисӣ муроҷиат мекунанд, давоми 3 то 6 моҳ беморӣ муайян мегардад.
Шумо, ки солимии ҷомеа рисолат касбиатон ба ҳисоб меравад, ба сокинони кишвар чӣ дархосту таманно доред?
Зан олиҳаест, ки Худованд таваллуду тарбияи насли инсониро ба ӯ ато кардааст. Аз ин рӯ, мо бонувон бояд дар иҷрои ин вазифаи муқаддас ҳастии худро бибахшем. Фарзандонро дар роҳи покию садоқат ба Ватан тарбия намуда, онҳоро аз амалҳои ношоиста, ки оқибати он генофонди миллатро носолим мегардонад, ҳифз намоем. Таманнои онро дорам, ки ҳеҷ кас аз неъмати олитарини ҳаёт саломатӣ бенасиб нагардад.
Ташаккур!