Бемории ҷоғар як масъалаи мубрами рӯз дар вилояти Хатлон аст, ки муаммои афзоиши он, роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ, оқибатҳои ин беморӣ ба генофонди миллат мавзӯъҳои баҳсталабро ба бор овардаанд.
Ҷоғар чаро занонро бештар «чап» гирифтааст?
Тибқи иттилои расмӣ шумораи умумии беморони ҷоғар дар минтақаи Кӯлоб ба 6360 нафар мерасад, ки аз ин теъдод беморон 878 нафарро кӯдакони синни то 14 сола, 889 нафарро ноболиғон ва 4537 нафарро калонсолон ташкил мекунанд. Аз шумораи умумии гирифторони бемории камйодӣ 80 % онҳо занону духтаронанд. Аммо ин ҳама омори дақиқи сатҳи бемории ҷоғар дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нест. Зеро дар баъзе навоҳии минтақа, аз ҷумла, Восеъ, Данғара, Ховалинг, Шӯрообод, Мӯъминобод, Балҷувон бинобар норасоии мутахассисони бемории ҷоғар шумораи гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта намешавад.
Сабабҳои афзоиши бемории ҷоғар байни занонро мутахассисон дар он мебинанд, ки талаботи бонувони ҳомиладор бо йод ду баробар зиёд мешавад. Ҳамчунин ҳангоми ҳайзбинӣ дар организми бонувон миқдори йод кам шуда, боиси камхунӣ мегардад. Камйодӣ ё худ бемории ҷоғар боиси исқоти ҳамл ва безурётии бонувон низ мегардад.
Ба гуфтаи Умаршо Одинаев, директори маркази вилоятии бемориҳои ғадудҳои дарунаи шаҳри Кӯлоб, гирифторони бемории ҷоғар бештар аз шаҳру навоҳии Кӯлоб (2773 нафар), Темурмалик (1376 нафар), Ҳамадонӣ (120 нафар) ва Фархор (91 нафар) мебошанд.
«Тиҷорат»-е, ки ҷоғарро афзоиш медиҳад…
Дар таҳлилҳои оморӣ омадааст, ки таи як соли охир аз 156 нафар гирифтори бемории ҷоғар дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 36 нафар пурра шифо ёфтааст. Аммо Умаршо Одинаев ин иттилоъро бепоя хонда, вазъи воқеии бемории ҷоғари ин ноҳияро ташвишовар меҳисобад. Зеро танҳо дар мавсими сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз ҳисоби даъватшавандаҳои ҷамоатҳои деҳоти «Меҳнатобод» ва «Чубек» теъдоди зиёди ҷавонони мубталои бемории ҷоғар мушоҳида шудааст.
Бинобар гуфтаи мутахассисон, як сабаби афзоиши бемории ҷоғар ин норасоии намаки йоддор мебошад. Агарчӣ дар навоҳии Восеъ ва Мир Сайи Алии Ҳамадонӣ корхонаҳои ҶСК «Хоҷамӯъмин», ҶДММ «Сорбон-А», «Диловар-Н», «Алоқа», «Сунатулло», «Шӯҳрат ЛТД», КММ «Душанбе» муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ ба коркарди намаки истеъмолӣ фаъолият дошта бошанд ҳам, дар атрофи конҳои намаки «Хоҷамӯъмин» ва «Хоҷа-сартез» соҳибкорони инфиродии зиёде низ ба истеҳсоли намаки бесифат машғуланд. Рӯзи сафар мо дар мавзеи атрофи кони «Хоҷамӯъмин» коргарони кирояро вохӯрдем, ки дар палҳои соҳибмулкон машғули ҷамъоварии намак буданд. Дар замини мутааллиқ ба Сайфулло Хоҷаев бо падари ӯ - Тоир Хоҷаев вохӯрдем. Мавсуф иброз дошт, ки онҳо бо КММ «Душанбе»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шартномаи хариду фурӯш доранд. Аммо масъулини корхонаи мазкур ин гуфтаҳои Тоир Хоҷаевро рад намуданд.
Вақте ба Шамсулло ном соҳибкоре, ки тақрибан 20 тонна намак захира кардааст, ҳамсӯҳбат шуда, қонунӣ будан ё набудани фаъолияташро пурсон шудем, ӯ чунин посух дод:
- Ин намаки ҷамъовардаи ман он қадар зиёд нест, ки ба фурӯш барорам, онро барои эҳтиёҷоти солонаи оилаи худам захира намудам. (?)
Тибқи як санаде, ки ба дасти мо афтод, танҳо дар санаи 28-уми июли соли 2010 аз ҷониби мақомоти марбутаи вилояти Хатлон рейди муштараке гузаронида шудааст, ки дар натиҷа нисбати 30 нафар шахси алоҳида бо ҷурми истифодаи ғайриқонунии заминҳои атрофи кони намаки «Хоҷамӯъмин» парванда тартиб дода шудааст. Аммо он ҳама санад танҳо дар рӯи қоғаз монда, соҳибкорон то кунун фаъолияти худро бо ҳамон тарз идома мебахшанд.
Таваҷҷӯҳ: мақомот намебинанд!
Соли равон аз ҷониби намояндагони «Тоҷикстандарт» дар минтақа ва Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ се нуқтаи фурӯши намаки бейод бо тамғаҳои «Намаки Хоҷамӯъмин» ва «Намаки Ашт» ошкор шудааст. Аммо нисбати соҳибкорон ҷаримабандии сабук муқаррар шудаасту халос. Суолҳои матраҳ ин аст, ки сохторҳои марбутаи назорат аз истеҳсолу фурӯши намаки бейод аз қоҷоқчиёни намак чӣ манфиате доранд, ки нисбати онҳо чораҳои зарурӣ намебинанд? Чаро то имрӯз дар бинои анборҳои ҷамъияти матлубот, собиқ бинои нуқтаи маҳсулоттайёркунӣ, собиқ бинои идораи таъмирии маркази ноҳия, дар хонаҳои шахсони алоҳидаи Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод»-и ноҳияи Мир Сайи Алии Ҳамадонӣ ба роҳат ба борҷома кардани намаки бейод машғул буда, маҳсулоти бесифати худро дар 10-15 нуқтаи шаҳри Душанбе, 1 нуқта дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нуқта дар шаҳри Кӯлоб ва дар 1 нуқтаи фурӯши намак дар ноҳияи Восеъ ба фурӯш мебароранд? Ё мақомоти дахлдор инҳоро намебинад?
Дар прокуратураи ноҳияи Мир Сайи Алии Ҳамадонӣ ба мо гуфтанд, ки нисбати фаъолияти ғайриқонунии ин гуна соҳибкорон, ки ба бозор маҳсулоти ба солимии ҷомеа хатарзо мебароранд, тадбире наандешидаанд. Танҳо раиси кумитаи заминсозии ноҳия аз бойгонии худ ду парвандаи марбут ба фаъолияти ғайриқонунии истеҳсолкунандагони намакро, ки соли гузашта тартиб додаанд, ба мо пешниҳод карду бас. Шӯъбаи ба қайдгирии соҳибкорони инфиродӣ ва дигар шахсони ҳуқуқии назди мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бошад ягон маълумот нисбати фаъолияти истеҳсолгарони намак пешкаш карда натавонист. Мутаассифона, дар давоми 4-5 соли охир ба ҷои садди роҳ шудан ба қочоқи намаки бейоди ошӣ, баръакс мақомоти ноҳия барои фаъолияти онҳо мусоидат кардаанд. Зеро онҳо мебоист баъди пешниҳоди қарори Ҳукумати ҶТ муваққатан аз тақсимоти замини намак худдорӣ мекарданд ва қарори баровардаи қаблии худро бекор менамуданд.
15 000 тонна намаки бейод куҷо шуд?
Тибқи иттилои ба дасти мо расида ҳамасола соҳибкорони зикршуда аз 12 то 15 000 тонна намаки бейодро дар борҷомаҳои корхонаҳои гуногун ба фурӯш бароварда, даромади муфт ба даст меоранд.
Ҳамин тавр, гурӯҳе бо истеҳсолу фурӯши намаки бейод даромади муфт ба даст меораду дар гӯшаҳои дигари минтақа ва шояд дар оилаҳои ҳамин соҳибкорон низ ҳамсарону фарзандонашон аз бемории камйодӣ азият мекашанд.
Пас аз ин «тиҷорат» кӣ манфиат мебинад?
Билоли Шамс