–Муҳтарам Бегиҷон Саидҷонович, ба Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ кадом навъ беморон муроҷиат менамоянд?
– Ба Марказ беморони нашъаманд, майзадаҳои музмин ва беморони рӯҳӣ муроҷиат мекунанд.
– Кадом ҳолат онҳоро водор менамояд, то ба мутахассисон рӯ биоранд?
– Вақте нашъамандон ва беморони дигари номбаршуда аз маводи мухаддир ва машрубот зиёд истифода намуда, ба заҳролудшавии бадан ва мушкилоти рӯҳӣ мувоҷеҳ мегарданд, барои табобат ба Маркази наркологӣ рӯ меоранд.
– Табобати беморон дар Маркази наркологӣ чӣ гуна сурат мегирад?
– Авваллан, беморонро ташхис намуда, баъдан организми онҳоро аз ҳолати заҳролудӣ берун меорем. Дардҳои устухоншиканро кам карда, кӯшиш менамоем, ба онҳо фаҳмонем, ки дигар ба маводи мухаддир рӯ наоранд. Сӯҳбатҳои рӯҳдармонӣ дар байни онҳо ба таври мунтазам гузаронида мешавад. Онҳоро аз ҳолатҳои соматикӣ берун меорем. Баъдан бархе аз онҳоро ба Марказҳои барқароркунии ҳолати рӯҳӣ мефиристем. Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ чунин марказ дар деҳаи Тангаӣ ташкил шуда, ду сол боз фаъолият менамояд. Муолиҷаи нашъамандон ва майзадаҳои музмин то 21 рӯз давом меёбад. Беморони рӯҳӣ бошад, ба ҳисоби миёна то як моҳ табобат мегиранд.
– Баъди аз Марказ баромадан, ба беморон аз ҷониби мутахассисони Маркази наркологӣ чӣ тавсияҳо дода мешавад?
– Мо ба онҳо тавсия медиҳем, ки баъди табобат ба поликлиникаҳои маҳаллӣ муроҷиат намуда, муолиҷаи диспансериро (дастгирибахш) идома диҳанд.
– Барои муолиҷа ба шумо бештар намояндагони кадом синну сол муроҷиат менамоянд?
– Ба мо аксаран ҷавонон ва одамони синну соли тақрибан 30 – 40-сола муроҷиат мекунанд.
– Дар байни беморон теъдоди мардҳо зиёд аст ё занон?
– Теъдоди мардҳо зиёдтар аст, илова бар ин мо шӯъбаи табобати занона надорем.
–Агар занҳои нашъаманд ба шумо муроҷиат намоянд, онҳоро муолиҷа намекунед?
–Дар ҳолати муроҷиат намудани занҳо, онҳоро дар шӯъбаи якуми наркологӣ, дар палатаи алоҳида ҷо намуда, табобат менамоем.
– Тибқи мушоҳидаи Шумо теъдоди нашъамандон дар соли 2012 дар муқоиса ба солҳои қаблӣ зиёд шудааст ё коҳиш ёфтааст?
– Мувофиқи нишондодҳои омории Маркзи наркологии мо тайи ду соли ахир теъдоди нашъамандон нисбат ба солҳои гузашта коҳиш ёфтааст. Аз ин мебарояд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ низ теъдоди нашъамандон кам шудааст.
– Оё беморони нашъаманд ба Шумо худашон муроҷиат мекунад ё роҳҳои дигари ҷалб намудани онҳо ба табобат вуҷуд дорад?
–Баъзе аз нашъамандон ба азоби ҷисмонию рӯҳӣ гирифтор гардида, бевосита ба Маркази наркологӣ муроҷиат менамоянд. Қисми дигаррашон бошад, таҳти таъсири тавсия ва суханони падару модарон, пайвандон ва фарзандон, ба мо муроҷиат менамоянд. Илова бар ин, баъди заҳролудшавии бадан беморони нашъаманд ба маризиҳои мухталифе гирифтор мегарданд, ки ҳолати ҷисмониву рӯҳии онҳоро хароб менамояд. Онҳо маҷбур мешаванд, ки барои кам кардани дард ва муолиҷаи бадан ба мутахассисон рӯ биоранд.
–Эҳтимол ба Маркази наркологӣ нашъамандони шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд. Беморони дигар минтақаҳои дури кишвар чӣ кор мекунанд?
– Марказҳои наркологӣ дар ҳама вилоятҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Ба ғайр аз ин, дар ҳама ноҳияҳо утоқҳои мутахассисони нарколог кор карда, ба беморон кӯмак намуда, табобатҳои дастгирибахшро анҷом медиҳанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба Маркази ҷумҳуриявии наркологӣ мефиристанд, зеро ин ҷо нисбат ба вилоятҳо шароити беҳтари техникӣ дорад. Баъд аз табобати ҷисмонӣ табобати рӯҳӣ ҳатман сурат мегирад, то нашъамандон аз вобастагии рӯҳӣ ба ин беморӣ раҳо шаванд.
– Ба назари Шумо бештар кадом омилҳо сабаби рӯ овардани баъзе шахсон ба нашъамандӣ мегардад?
– Омилҳои рӯ овардан ба нашъамандӣ зиёданд. Ҷавонон бештар бо сабаби нафаҳмидан таҳти таъсири нашъамандон қарор мегиранд. Нашъамандон бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла фиребу найранг баъзе ҷавононро ба маводи мухаддир гирифтор мекунанд. Мо чунин маълумот ҳам дорем, ки онҳо дар дохили сигор ба ғайр аз маводи камтаъсири бангдона инчунин маводи сахттаъсири ҳероинро ҳамроҳ карда, ба ҷавонон медиҳанд. Чавонҳо аз ин бехабар оҳиста- оҳиста ба ҳероин вобаста мешаванду ба кофтукоби он шурӯъ менамоянд.
Баъзе одамон дар зиндагӣ ба мушкилот гирифтор шуда, таҳти ҳолати невроз қарор мегиранд. Барои аз ин ҳолат баромадан иштибоҳан ба машрубот, бангдона, ҳероин ва ё маводи дигар, яъне таблеткаҳо (қурсҳо) рӯ меоранду муваққатан худро таскин медиҳанд. Баъд аз чанд дафъа истифода кардан аз маводи мухаддир зери таъсири он монда, вобастагӣ пайдо мекунанду нашъаманд мегарданд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон ба ғайр аз бангдона, афюн, ҳашиш ва ҳероин боз таблеткаҳои дигари сахттаъсир ҳам пайдо шудаанд, ки баъди истифодаи онҳо шахс вобастагии сахт пайдо мекунад. Густаришдиҳандагони маводи мухаддир ин маводро дар дискоклубҳо дар нӯшокиҳо ҳамроҳ намуда, ба ҷавонон медиҳанд. Баъд аз истеъмоли он ҷавонон дар худ хушҳолӣ ва болидарӯҳӣ эҳсос намуда, то субҳ рақсу бозӣ мекунанд, вале он оқибатҳои нохуш меорад.
– Ҳолати барқароркунии рӯҳӣ чанд муддат давом мекунад?
– Ҳолати барқароркунии рӯҳӣ то 6 моҳ давом менамояд. Бояд таъкид намоем, ки дар ин давра ба ғайр аз мутахассисон хешу табор ва наздикони ин беморон низ ба онҳо муттасил ёрӣ расонанд, то онҳо дигарбора ба маводи мухаддир рӯ наоранд.
– Оё беморони нашъаманд имкони харидорӣ кардан доруҳои табобатиро доранд?
– Дар Марказӣ наркологӣ ба беморони камбизоат, маризони Чернобил, иштирокчиёни ҷанг ва беморони вазине, ки дар шӯъбаи «Наҷот» табобат мегиранд, доруро ба таври ройгон таъмин менамояд.
– Марказ аз чанд шӯъба иборат аст?
– Маркази наркологӣ аз 4-шӯъба иборат аст, ки дар онҳо беморони гирифтор ба майзадагии музмин, нашъамандӣ, беморони дар ҳолати вазнин қарордошта ва маризони рӯҳии нашъаманд муолиҷа мешаванд.
–Ҳолатҳое ҳам ба назар мерасанд, ки беморе дар Маркази наркологӣ табобат мегираду баъд аз сипарӣ гардидани чанд моҳ боз ба маводи мухаддир гирифтор шуда, аз нав ба шумо муроҷиат созад?
– Мутаассифона, чунин ҳолатҳо дида мешаванд. Беморон ҳар хел мешаванд, Нашъамандоне ҳастанд, ки собиқаи истифода аз маводи мухаддирашон хеле тӯлонӣ асту ҳолати рӯҳиашон (камақл гардидан, ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудан) хаста шудааст. Онҳо иродаи заъиф дошта, дар муқобили маводи мухаддир истодагарӣ карда наметавонанд. Дар «озодӣ» бо «дӯстони пешинаашон» пайваста, боз ҳам аз маводи мухаддир истифода менамоянду баъд аз чанд моҳ ё як сол, вақте баданашон заҳролуд гардида, ноҷӯр мешавад, барои табобат ба Маркази наркологӣ муроҷиат менамоянд.
– Оё бемороне, ки дар Марказ табобат мегиранд, баъдан аз навоҳии худ бо мутахассисони шумо дар тамос мешаванд, маслиҳат мепурсанд?
– Бале, чунин ҳолатҳо зиёд ба чашм мерасанд. Онҳо аз тариқи сӯҳбатҳои телефонӣ аз мутахассисони мо маслиҳатҳо пурсида, муборизаро алайҳи истифодаи маводи мухаддир идома медиҳанд, тарзи зиндагии солими ҳаётро интихоб мекунанд.
– Маркази наркологӣ бо мутахассисон ва кормандони дигари тиббӣ таъмин ҳаст?
– Маркази ҷумҳуриявӣ бо мутахассисон ва дигар кормандон таъмин аст, аммо дар вилоятҳо мо ба чунин кормандон ниёз дорем.
– Ба Шумо дар ин кори барои ҷомеа хеле зарур ва ҳамзамон сангин муваффақият таманно дорем.
– Ташаккур.
Мусоҳиб Э. Сайидамирзод