Акобирова Санавбар Ашӯровна
Номзади илмҳои тиб буда, аз соли 1987 то ба имрӯз дар самти табобати занона фаъолият дорад. 10 сол мешавад, ки безурётиро табобат мекунад. Дар ин муддат беш аз 38%-и занони шифоёфта ҳомиладор шудаанд. Занҳое низ аз табобати ӯ фарзанддор шудаанд, ки 20 сол боз дар интизори фарзанд буданд.
ОМОР
Тибқи омори Институти илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинотологии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ безурётӣ аз ҳисоби занҳои бемории эндокринологӣ 36%, найчаи бачадон 30,5%, миёмаи бачадон 12,3% ва бо иллати касалиҳои мардона 17,1%-ро ташкил медиҳад.
Безурётӣ дар Русия аз 8 то 15%, дар Канада 17%, Эрон 8%, ИМА 8 то 15%, дар Аврупо 8%, Қазоқистон 15%-ро ташкил медиҳад.
Ба андешаи мутахассисон, дар ин кишварҳо духтарҳо то синни 19 худро ташхису табобат карда, баъди ба шавҳар баромадан, мушкил надоранд.
Санавбар Акобирова, духтури касалиҳои занона, дар ин робита гуфт: «Проблемаи безурётӣ дар тамоми ҷаҳон мавҷуд аст. Масалан, агар пеш дар 2-3 моҳ як нафар зан бо касалии трихомоноз муроҷиат мекард, ҳоло дар як рӯз се бемор меояд. Ин як навъи бемории сироятиест, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузарад».
ОМИЛҲОИ БЕЗУРЁТӢ
Сабаби афзоиши безурётиро Санавбар Акобирова чунин шарҳ медиҳад:
«Сабаб бештар дар вайрон шудани ҳайз ва ҳормонҳо мебошад. Сабаби дуюм сироятёбӣ аст, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Аммо сатҳи фаҳмиши мардум бениҳоят паст аст. Агар ин бемориро ташхиси хуб кунанд, аз эҳтимол дур нест, ки гонорея ва сифилис ҳам барояд. Чунки ин бемориҳо ба ҳам бисёр наздиканд. Онҳо аввал тамоми олоти занро коста карда, баъдан боиси безурётӣ мешаванд. Чунки ин инфексияҳо ба маҳкам шудани найчаҳои бачадон оварда мерасонанд. Аммо иммунитети мардҳо дигар аст ва ба онҳо камтар зарар дорад».
Ҳамчунин ба андешаи ӯ сабаби дигари афзудани безурётӣ дар ҷомеа экология мебошад. Мушкилоти равоние, ки ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ занону духтарон диданд, бетаъсир нест. Имрӯз дар байни нафароне, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ 3-4 сола буда ва ё ҳамон вақт таваллуд шуданд, безурётӣ бештар мушоҳида мегардад.
Ҳамчунин, бемориҳои қанду ҷоғар низ омили вайроншавии ҳормонҳо мешаванд.
БЕПАРВОИИ МОДАРОН
«Бештари ҳолатҳо духтар ҳайз нашуда, ӯро ба шавҳар медиҳанду модар хабар надорад. Зеро духтар аз шарм ба модараш намегӯяд. Фарзанддор, ки нашуд, оила вайрон мешавад. Рӯзе ба наздам то 10 нафар меояд. Аз ин рӯ, яке аз сабабҳои зиёд шудани талоқ дар ҳамин ҳам аст», – гуфт Санавбар Акобирова зимни сӯҳбат.
Бояд гуфт, ки натанҳо духтарон, балки модарон низ дар ин масъала бетараф буда, ба духтарон маълумоти лозимаро намедиҳанд. Вақте духтар ба синни 17-19 мерасад, модар бояд донад, ки духтараш бори аввал кай ва чанд рӯз пас ҳайз мешавад.
Ҳамчунин, мутахассисон сабаби ин гуна бепарвоиро дар сатҳи пасти фаҳмиши мардум медонанд. С. Акобирова дар ин маврид чунин изҳори назар намуд: «Мардум бо сабаби дарк накардани бемориҳои вазнин ва надоштани маълумоти кофӣ «духтур равӣ, садто касалӣ меёбанд, пули зиёдатӣ меравад», – гуфта худро ба бемориҳои табобатнашаванда гирифтор мекунанд».
Воқеан, мушкил дар сатҳи пасти фаҳмиш аст. Зеро вақте духтари шавҳарнакарда назди духтури занона меравад, атрофиён дарҳол дар ҳаққаш «қисса» -ҳо мебофанд.
Ҳилолбӣ Қаюмова, зане, ки духтарашро маҷбурӣ назди табиб оварда буд, гуфт: «Ман нисбати духтаронам бетараф нестам. Доим мепурсам, ки бемории ҳайзашон чӣ хел мегузарад. Аз миёни 3 духтарам яктоаш тамоман ҳайз намешавад. Ҳоло ки ӯро шавҳар доданиам, пеш аз ин мехоҳам табобаташ кунам. Аммо духтарам аз табобат доим саркашӣ мекард. Метарсад, ки ҳақу ҳамсоя мабодо ӯро «духтар несту назди духтур бо дигар мақсад рафтааст» , нагӯянд».
Дар маҷмӯъ, ба гуфти мутахассисон, зану духтари солим вақти муайян, яъне дар муддати 24 то 28 рӯз аз 3 то 5 рӯзӣ бояд ҳайзаш бинад. Аз ин рӯ, занону модарон бояд донанд, ки намудҳои вайроншавии ҳайз ҳар хел мешавад. Масалан, як намудаш ба дард, дуюм, бо давомнокӣ ва ё дер-дер мешавад. Барои ҳамин, мутахассисон мегӯянд, агар, бонувони мо бинанд, ки яке аз чунин проблемаҳоро доранд, бояд ба духтур муроҷиат намоянд. Духтарҳо ҳам қабл аз шавҳар кардан аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
МУҲОҶИРАТ ОМИЛИ ДИГАР
Тавре дар боло қайд шуд, омили асосии зиёд шудани безурётӣ имрӯз сироятёбӣ аст. Бинобар ин, мутахассисон ба онанд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ низ дар ин масъала нақши калидӣ дорад. Зеро баъзе мардҳо аз муҳоҷират бо бемориҳои сироятии гуногун бармегарданд.
Дар ин маврид Санавбар Акобирова гуфт: «Пеш аз муҳоҷират рафтан, бояд мардҳо дар мавриди саломатиашон машварат гиранд. Бояд ба онҳо фаҳмонанд, ки як алоқаи ҷинсӣ оқибат ба проблемаҳои калон оварда мерасонад. Масъалаи дигар сардии зиёди Русия мебошад. Вақте мардҳо ба он ҷо мераванд, шароити хуб надоранд ва ин омил ба саломатии онҳо бетаъсир намемонад».
Аз ҷумла, Назира Сулаймонова, ҳамсӯҳбати дигарамон, дар ҳомиладор нашуданаш шавҳарашро гунаҳгор медонад. Зеро ӯ вақте соҳиби як фарзанд шуд, шавҳараш муҳоҷирати меҳнатӣ рафту бо ҳамин 4 сол наомад. Баъди бозгашт, дигар ҳомиладор нашудааст.
Ҳолатҳое ҳам ба назар мерасанд, ки мардҳо баъд аз баргаштан аз муҳоҷирати меҳнатӣ, бо исрори ҳамсаронашон гӯё ба «ташхис» рафта, ба ивази маблағе аз духтур ҳуҷҷат мегиранд, ки «солиманд». Санавбар Акобирова дар ин маврид қайд кард, ки: «Мутаассифона, аз ин бармеояд, ки натанҳо сатҳи дониши аҳолӣ, балки сатҳи дониши духтурон низ паст аст».
ЗАРУРАТИ ФАҲМОНДАДИҲӢ
Масъулин, яъне Кумитаи кор бо занон ва оила ва Хадамоти муҳоҷират, дар якҷоягӣ бо духтурони соҳа бояд миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Мутаассифона, дар ин самт корҳо ба таври лозима ба роҳ монда нашудаанд.
«Аз таҷрибаи 5 соли вакилиам медонам, ки кор бо занҳо бисёр суст ба роҳ монда шудааст. Аз беиттилоӣ ва беаҳамиятӣ рӯз ба рӯз касалҳои вазнини занона бисёр шуда истодаанд», – гуфт С. Акобирова.
Ҷавони дигаре, ки худро Тоҷиддин Шукуров муаррифӣ кард, изҳор дошт, ки 5 сол дар муҳоҷират буд, се сол боз оиладор аст, вале фарзанддор намешавад.
«Вақте бори аввал ҳамроҳи ҳамсарам назди духтур омадам, ба ман дар бораи сабабҳои пайдо шудани баъзе бемориҳо, яъне микробу сироятёбӣ маълумот доданд, дигар Русия нарафтам. Ҳоло муддати 6 моҳ аст, ҳамроҳ табобат мегирем. Умед дорам, ки соҳиби фарзанд мешавем»,- гуфт ӯ.
ЭКО (ҳамли сунъӣ)
Афзоиши безурётӣ боис ба он гашта, ки дар Тоҷикистон низ ҳамли сунъиро ба роҳ монанд. Зеро найчаҳои бачадонро аз нав барқарор карда намешавад. Чун фоизи ҳомиладоршавӣ кам шудааст, олимон ба хулосае омаданд, ки дар ҳолати махкам шудани найчаҳои бачадон аз воситаҳои ҳамли сунъӣ истифода баранд. Ҳамли сунъӣ ба гуфти мутахассисон наздики 3-4 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
«Дар Тоҷикистон дар клиникаи «Насл» ҳамли сунъиро ба роҳ мондаанд. Ҳоло дар ин клиника мутахассисони Қазоқистон фаъолият доранд. Рӯз ба рӯз талабот ба ҳамли сунъӣ зиёд мешавад, барои ҳамин ҳам бояд мутахассисонро дар хориҷ тайёр кунем»,– иброз дошт Санавбар Акобирова.
Мутахассисон мегӯянд, ки бо гирифтани табобат аксарияти занҳо ҳомиладор мешаванд, аммо боз ҳам тавсия медиҳанд, ки дар масъалаи бемориҳои занона бояд эътибори ҷиддӣ диҳем. Мардҳо низ дар навбати худ бояд ба саломатии худу ҳамсарон эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Бонуи Сафаралӣ