Зимнан, танҳо Азизмо Набиева нест, ки дар ноҳияи Восеъ ба ин беморӣ гирифтор аст.
Дар даврони шӯравӣ ин ноҳия аз ҷиҳати шумори гирифторони бемории сил дар Тоҷикистон дар мақоми аввал меистод. Ҳукумати Шӯравӣ шароити лозимаро барои табобати беморон дар ин ҷо муҳайё карда буд. Дар деҳаи Кадучии ноҳия то охири даврони шӯравӣ беморхонаи калон фаъолият мекард. Баробари барҳамхурии шӯравӣ беморхонаи мазкур низ барҳам хурд ва бинои он ба муассисаи таълимӣ табдил ёфт.
Бино ба иттилои коршиносони соҳаи тиб, дар давоми 20 соли охир шумори гирифторони ин беморӣ рӯ ба афзоиш доштааст.
Ҳоло низ аз ҷиҳати шумори гирифторони бемории сил ноҳияи Восеъ дар миқёси кишвар ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар ду моҳи қабл як беморхонаи сатҳи байниноҳиявӣ дар Восеъ ба истифода дода шуд. Ин бино бо кӯмаки ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҳукумати кишвар сохта шудааст.
Мебоист, дар ин беморхона гирифторони сил аз навоҳии Темурмалик, Ҳамадонӣ ва Фархор низ муолиҷа шаванд. Беморхона замонавӣ ва дорои ҳама гуна шароитҳо бояд мебуд. Вале аз арзу шикояти бархе аз сокинон пайдо аст, ки бинои мазкур на ба таври зарурӣ ва лозима бунёд шудааст. Ҳамагӣ бо гузашти 2 моҳ аллакай андоваҳои деворҳо рехтаанд. Озмоишгоҳи беморхона то кунун ба кор андохта нашудааст. Беморон то имрӯз ташхисро дар дигар озмоишгоҳҳо гузашта, баъдан ба ин беморхона хобонида мешаванд. Шӯъбаи мутобиқгаштаи бемории сил дар ду моҳи фаъолият беморонро қабул накарда будааст.
Бинои диспансерии зидди касалиҳои сили ноҳия низ соли гузашта бо маблағгузории ташкилотҳои байналхалқӣ ба таври замонавӣ сохта шуда, бо ҳама таҷҳизоти муосири олмонӣ таъмин гашта буд. Муосиртарин дастгоҳи рентгении СИМЕНС дар Тоҷикистон ба ин ҷо оварда, насб карда шуд. Вале ин бино низ тӯли як моҳ аст, ки аз фаъолият мондааст.
Сафаралӣ Мирзоев, директори маркази зидди бемориҳои сили ноҳияи Восеъ мегӯяд, «15 рӯз пеш плёнкаи рентгени Сименси маркази мо тамом шудаааст, ба ин далел дастгоҳ кор намекунад. Мо плёнкаи оддӣ дорем. Аммо ба ҳар сурат компютери дастгоҳи рентгениро аз сари нав барномарезӣ кардан лозим аст. Барномарезиро мо худамон карда наметавонем. Усто дар Душанбе ҳаст, мо муроҷиат кардаем, кадом вақте усто омада барномарезии компютери дастгоҳро амалӣ созад, боз дастгоҳи рентгениро ба кор меандозем». Ба иқрори Сафаралӣ Мирзоев, озмоишгоҳи беморхонаи нав дар ҳақиқат аз ду моҳ инҷониб фаъолият намекунад. Сабабаш набудани мутахассиси озмоишгар унвон мешавад.
Директори маркази зидди бемориҳои сил меафзояд, дар ин баробар марказ ба таври басанда мутахассис надорад. Вай мегӯяд: «Мо духтури маълумоти олидори силшинос ба таври зурурӣ надорем. Масалан, барои 20 000 аҳолӣ 1 духтури силшинос лозим аст. Дар ноҳияи мо ки 182 000 аҳолӣ дорад, бояд то 10 духтури силшинос бошад. Аммо, дар мо ҳамагӣ 3 духтур ҳаст. Дасти кам ба 7 мутахассиси дигар эҳтиёҷ дорем».
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои мақомот, шумораи умумии беморон дар ноҳияи Восеъ нисбати нишондодҳои қаблӣ 2 баробар кам шудааст. Гуфта мешавад, агар дар 5 моҳи соли гузашта 230 нафар беморони сил ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар 5 моҳи соли ҷорӣ 114 нафар гирифторони сил ба мушоҳида расидааст.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то устои компютер аз Душанбе ба Восеъ мерасад, оё чанд бемори сил аз ин гирифторӣ ҷон ба саломат мебарад? Таъмини таҷҳизоти замонавӣ кори оқилона, вале чӣ мушкил дорад, ки беморхона барномарезони худро омода намекунад? Ё то кунун дастгоҳҳои замонавии мо барои ҳисоботҳо ҳастанд?
Билоли Шамс