Мансаб:
Бонувон дар вақти омӯзишу маълумотгирӣ намехоҳанд фарзанддор бишаванд. Онҳо ба мартабаву мақом, ба пояҳои баланди мансаб расида, дар баробари шавҳар ба буҷаи хонавода маблағ ворид менамоянд. Бисёриҳо ҳангоми дар вазифа будан, ё то ба он расидан таваллуди кӯдакро барои «баъд» мавқуф мегузоранд, ки ин айём ба синни 35-40 солагии онҳо рост меояд…
Ишқу муҳаббат:
Ин тойифа занон хеле дер, аниқтараш дар синни 30 - 35 солагӣ ба шавҳар мебароянд. Сабаб: онҳо муҳаббати хешро дар зиндагӣ дер пайдо карда, дар даҳсолаи чаҳорум ва панҷуми умри хеш оила барпо мекунанд. Барои пойдории оила, хоҳиши тавлиди кӯдак пайдо мешавад. Ҳодисаҳое ҳам ба назар мерасанд, ки зан бо як кӯдак аз шавҳараш ҷудо шудаасту, дар никоҳи дувум, дар синни 35-40 солагӣ хоҳиши таваллуди фарзанди дуюмро мекунад…
Бефарзандӣ:
Чунин занон солҳои зиёд табобат гирифта, танҳо баъд аз 10 - 15 соли зиндагии якҷоя соҳиби фарзанд мешаванд, ки то ин муддат синну солашон аллакай ба 30 - 35 мерасад. Занҳое низ ҳастанд, ки дар синни 40 - солагӣ ба воситаи ҳамли сунъӣ (ЭКО) соҳиби фарзанд мегарданд…
Танҳоӣ:
Ин қабил бонувон баъд аз интизориҳои зиёди ҷуфти муносибу бахти хеш, оқибат рӯҳафтода шуда, ба ҳайси зани дуюму сеюм ба никоҳи муваққатии марде медароянд. Баъзеҳо аз ин никоҳ соҳиби фарзанд мешаванд…
Фаразндҳои бакамолрасида:
Хонаводаҳое, ки фарзандонашон ба камол расидаанду боз хоҳиши доштани як тифлаки кӯчакро доранд, кам нестанд. Бархе занҳо дар ин синну сол ба хотири тағйирёбии организми хеш ва барои эҳсоси модарӣ, аз нав талош мекунанд. Ва ё ин ки бо фароҳам омадани имконияти молӣ хоҳиши таваллуди тифли дигаре дар онҳо бедор мешавад. Ҳамчунин, ҳастанд оилаҳое, ки бо мақсади соҳиби писар шудан, фарзанди шашуму ҳафтумашонро дар ин синну сол ба дунё меоваранд…
Марги касе аз пайвандону наздикон:
Мавридҳое низ ба назар мерасанд, ки баъди марги пайванде, бо мақсади «пур» кардани ҷои холишуда, тифли дигареро ба дунё меоранд ва ҳатто номи ӯро ба хотири дӯстдорӣ ва эҳтиром ба кӯдаки навзод мегузоранд.
Дар орзуи кӯдаки соҳибистеъдод (вундеркинд):
Миёни мардуми Аврупо андешае роиҷ аст, ки гӯё аз модари синнаш ба 35 расида, кӯдаки донову зирак ва соҳибистеъдод тавлид мешавад. Чунки тифл аз шахси ба камол расидаву боақл ба дунё меояд, мегӯянд онҳо. Аммо ба андешаи мутахассисон нақши асосиро дар ин маврид на ирсият, балки тарбия мебозад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр маврид аз падару модари аз нигоҳи синну сол соҳибтаҷриба ва аз нигоҳи интеллект пухта, фарзандони хубе ба воя мерасанд. Волидайн дар ин айём дарк мекунанд, ки дигар имконияти ба дунё овардани фарзандро надоранд, аз ин рӯ, тамоми нерӯю тавон, ақлу заковат ва ҳатто захираҳои пулию молии хешро сарфи тарбияи фарзанди кенҷаашон мекунанд…
Албатта, на ҳама кӯдакони дертаваллудшуда аз рӯи нақшаву хоҳиш ба дунё омадаанд. Бисёре аз бонувон, ки аллакай соҳиби чанд фарзанд буданд, мекӯшиданд, ки роҳҳои пешгирии ҳамлро риоя намоянд, аммо ногаҳон ҳомиладор шудаву кӯдак ба дунё меоранд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки маҳз модарони калонсол масъулияшиносанду ҳеҷ гоҳ дар тарбияи кӯдак ба саҳлангорӣ роҳ надода, бештари вақти хешро сарфи он мекунанд. Яъне модарони калонсол аллакай аз таҳсилу кор ва дугонабозиву тафреҳҳои бемаънӣ хаставу «сер» шудаанд, бинобар ин соате бо кӯдаки хеш буданро аз беҳтарин машғулият медонанд!
Гулноза БОБОМУРОДОВА