23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ТАМОКУ ВА ЗАН
Барои инсон миқдори марговари никотин 2-3 қатра ё аз 50 то 100 мг-ро ташкил медихад. Дар давоми 30 сол шахси сигоркаш тахминан 20 000 сигор ё 160 кг тамоку, ба ҳисоби миёна 800 г никотинро фурӯ мебарад.
Дар Фаронса дар анҷоми озмуни «Кӣ бисёр сигор мекашад» ду нафар «ғолибон» 60 сигорӣ кашида, фавтиданд ва дигарон бо нишонаҳои заҳролудшавии бадан ба беморхона афтиданд.
Ҳар як тамокуи кашида ба монанди сӯзане ба дили шахси тамокукаш таъсир мерасонад. Баъди ҳар як сигоркашӣ дар рагҳои хунгард аксуламали ҳимоявӣ, ба монанди тангшавии рагҳои хунгард ба амал меояд, ки он тадриҷан ба танг ва тунук шудани рагҳои хунгард оварда мерасонад. Дар натиҷаи тӯли солҳои дароз кашидани тамоку бисёр шахсҳо ба бемориҳои қалб ва рагҳои хунгард гирифтор мешаванд. Оризаҳои ин беморӣ, ба монанди хунравӣ ба майнаи сар (инсульт) ва сактаи дил (инфаркти миокард) мебошанд. Дар бисёр мавридҳо қарасони пойҳо (гангрена) пайдо мешавад.Тамоку ба паст шудани қувваи шаҳвонӣ ва ба безурётӣ оварда мерасонад. Тадқиқот дар байни нашъамандон нишон медиҳанд, ки қариб ҳамаи онҳо пеш аз истеъмоли маводи муххадир тамоку кашидаанд ва сигоркашӣ ҳамчун қадами нахустин ба нашъамандӣ мансуб меёбад. Шахси тамокукаш барои дарёфти тамоку натанҳо маблағ сарф мекунад, балки ба он саломатии худро низ медиҳанд. Он на танҳо ба саломатии худаш, инчунин ба атрофиён низ зарар мерасонад.
Дар оилае, ки калонсолон сигор мекашанд, хавфи бемор шудани кӯдакон зиёд мебошад.Чунки ҳавои аз сигор дудолуд ба ҷисми инкишофёбандаи кӯдак таъсири манфии зиёдтар мерасонад. Никотин бевосита ҷанинро заҳролуд гардонида, ба қобилияти ҳаётии организм таъсири манфӣ мерасонад. Баъд аз таваллудкунии занҳои тамокукаш аз 100 ҳодиса дар 85 адади он нуқсонҳо дида мешавад. Ҳангоме, ки модар тамоку мекашад, маводи никотин аз шири ӯ хориҷ мешавад, ки ин боиси заҳролудшавии кӯдак мегардад ва дар натиҷа кӯдак беқувват, барҷастараг ва гирифтори бемориҳои гуногун мегардад.
Дар ҷаҳон дар як сол бемороне, ки аз оризаҳои тамокукашӣ мефавтанд 5 000 000 нафарро ташкил менамояд. Яке аз сабабҳои зиёд гардидани шумораи шахсони тамокукаш, ин дастрас будани маводи тамоку мебошад.
Тамокукашӣ яке аз сабабҳои хурӯҷи асабонияти тамокукашон мебошад, ки махсусан инро дар ноболиғон ва ҷавонон мушоҳида кардан мумкин аст. Онҳо хашмгину бадқаҳр шуда, хуб хоб намераванд, ба вуҷудоии парешонхотирӣ, суст гардидани эътиборнокӣ, ёддошт ва амали фикриашон вайрон мегардад. Камбудиҳои худро махфӣ медоранд, пинҳонӣ тамоку мекашанд, саросемавор дуди тамокуро фурӯ мебаранд, ки дар натиҷа ду маротиба бештар таъсири никотин дар дуди он ба амал меояд. Дар давраи кӯдакӣ сабаби тамокукашӣ пеш аз ҳама ин кунҷковӣ, майли худро дар назди ҳамсолон нишон додан, «калон шудан» мебошад.
Дар вақтҳои охир шумораи духтарони тамокукаш зиёд шуда истодааст. Ба организми зан маводи никотин зарари бештар дорад. Алалхусус, тамокукашӣ ҳангоми ҳомиладорӣ хавфнок аст.
Чилимро давр гардон- дарди худро ба дӯстат гузарон
Вақтҳои охир байни ҷавонон чилимкашӣ ба мӯд даромадааст, ки баъзеҳо онро «дилхӯшии кӯдакона » ном мебаранд ва андеша доранд, дуде, ки аз об мебарояд, аз пайвасташавии моддаҳои хатарнок тоза мегардад. Инчунин дуди чилим амалан мисли дуди сигор буда, аз рӯи баъзе нишондодҳо нисбат ба гази карбон хавфноктар мебошад. Ҳатто вобастагии никотин сарфи назар аз он ки об воқеан як миқдор маводи никотинро боз медорад, барорбар хурӯҷ меёбад. Яке аз хавфҳои ғайримустақими чилим ин одати чарх занондани он мебошад. Иваз кардани найчаи чилим аз барангезадагони бемориҳои сил, ҳепатит ва дигар намуди бемориҳо, ки онҳо дар найча ва оби чилим хуб ҷой мегиранд, наҷот намедиҳад.
Таҳияи Фароруни Сабзқадам
:.
Тандурустӣ
02.04.2012 12:18
5614
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz