23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
Корхонаҳои дорусозӣ кай фаъол мешаванд?
Воқеан имрӯз масъалаи доруву дорухонаҳо аз мавзӯъҳои доғест, ки масъулинро лозим аст ба он на ҳамчун манбаи даромаду тиҷорати одамони алоҳида ва ё гурӯҳе муносибат намоянд, балки дақиқ бояд ба риштаи санҷиш кашанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар кишвар хавфи аз байн рафтани касби дорусозӣ ба миён омадааст. Мутахассисони зиёди соҳа аз сабаби фаъол набудани корхонаҳои дорусозӣ бекор мондаанд. Камбуди мутахассисин дар соҳаи дорушиносӣ баръало эҳсос мегардад. Дорушинос, агар дар давоми як-ду сол ба кор ҷалб нашавад, дар шароити феълӣ, ки ҳар рӯз номгӯи доруҳо зиёд мешавад, касбиятро аз даст дода, зарурати омӯзиши дигарбора пеш меояд, мегӯянд коршиносон.
Баргигул Сабзаева, собиқ дорусози дорухонаи марказии рақами 72-и ноҳияи Восеъ, ки имрӯз дар як дорухонаи шахсӣ кор мекунад, дар ёдоварӣ аз солҳои фаъолияти пешинааш мегӯяд: «Замоне дар дорухонаи марказӣ, мо, 60 нафар дорушиносону дорусозон кор мекардем. Занҳо ҳамон вақт низ хеле кам ба ин соҳа таваҷҷӯҳ доштанд. Бубинед, аз байни 60 нафар 6 зан будему халос. Боз дар байни ҳамин 6 нафар танҳо ман тоҷик будам. Ҳатто дар факултаи дорусозии омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб, дар як гурӯҳи 30 нафара, мо, ҳамагӣ 4 духтар будем. Имрӯз низ дар ноҳияи Восеъ, ки ҳамаи дорухонаҳо шахсӣ шудаанд, танҳо ман, чун мутахассиси дорушинос фаъолият дорам».
Одинааҳмад Шарифов, сардори намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар минтақаи Кӯлоб, ёдовар шуд, ки айни замон идораи мазкур 11 корманд дошта, 6 нафар мутахассиси дорои маълумоти олӣ аст.
– Ҳамчунин, корхонаи мо дорои ташхисгоҳи махсус буда, бо реактивҳо ва таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин аст. Мувофиқи омор дар минтақаи Кӯлоб ҳамагӣ 196 дорухона ба қайд гирифта шудааст. 5 дорухона чун филиали ҶСК «Доруи тоҷик» ва 8 дорухона чун филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Хатлонформасевт»-и раёсати тандурустии назди мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят аст. Боқимондаҳо хусусӣ мебошанд. Дар 196 дорухонаи минтақа мутахассисоне фаъолият мекунанд, ки дорои маълуоти олӣ ва миёнаи махсуси тиббианд.
Сармутахассиси шӯъбаи назоратии ХНДФФ минтақаи Кӯлоб, Маҳмадалӣ Ашӯров мегӯяд, ки бояд дар дорухонаҳо ҳамеша ваксинаҳои зарурӣ барои наҷоти зарардидагон аз ҳайвоноти осебдида, муқобили бемориҳои батулизм бошанд, аммо бо сабаби гаронии ваксинаҳо соҳибони дорухонаҳо онҳоро дастрас карда наметавонанд.
– Бахусус дар самти дастрасӣ ва нигоҳдории зардобҳо мушкилиҳо мавҷуданд. Дар даврони шӯравӣ дар ҳар як дорухонаи ноҳия коргоҳҳои хурди дорусозӣ фаъолият мекард. Имрӯз бошад, дар ягон дорухонаи минтақаи Кӯлоб дору тайёр карда намешавад. Барои он ки шароит ва ҷойи мувофиқ надоранд, – мегӯяд М.Ашӯров.
Мирзоалӣ Миралиев, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон иқрор аст, ки мушкили бе дорухат фурӯхтани дору дар дорухонаҳо, воқеан ҷой дорад.
- Дар ҳақиқат фурӯшандаҳо бе дорухат ба беморон доруворӣ дастрас мекунанд. Бояд дар варақаи махсус, бо мӯҳру имзо ва ному насаби табиби тавсиядиҳанда сабт ёфта бошад. Ҳамчунин, аксари дорухатҳои медода бо ҳуруфи кирилӣ навишта мешаванд. Ҳол он ки дар асоси қавонини соҳа дорухат ҳатман бояд бо ҳуруфоти лотинӣ навишта шавад. Мо имрӯз ин масъаларо ҷиддӣ зери назорат гирифтаем. Марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои ноҳиявию вилоятӣ бо зикри хароҷоти конселярӣ маблағҳои махсус доранд ва бояд аз ҳамон ҳисоб беморхонаҳоро бо варақаи дорухат таъмин намоянд, - гуфт М.Миралиев.
Билоли Шамс
:.
Тандурустӣ
30.03.2012 06:28
4765
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz