23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
СИЛ ТАБОБАТШАВАНДА АСТ
Ҳамчунин, ӯ вобаста ба шакли мутобиқгаштаи сил (ШМС) изҳор дошт, ки он шакли махсуси бемории сил аст, ки барангезандаҳои он, ё чӯбчамикроби сил бо доруҳои зиддисилӣ, аз ҷумла, Изониазид ва Рифампиотсин мутобиқат пайдо кардаанд.
Сабабҳои тиббии инкишофи мутобиқат ба доруҳоро мутахассисон дар реҷаи нодурусти табобати кимиёӣ, табобат бо як доруи зиддисилӣ, танаффус дар табобат, риоя накардан ва ба анҷом нарасонидани табобат дар гузашта, сифати пасти баъзе доруҳои зиддисилӣ ва сироятёбӣ ба микобактерияҳои мутобиқшуда арзёбӣ мекунанд.
Ба қавли Фирӯза Саидова, коршиноси бемории сил шартҳои асосии табобати ШМС чунинанд: «Мӯҳлати умумии табобат аз 18 то 24 моҳро ташкил дода, реҷаи стандартии табобат аз 6 дору иборат аст. Ҳамчунин, давраи шадиди табобат то ба даст омадани 4 натиҷаи манфии кишти балғам ба ҳисоби миёна 8 моҳро дар бар мегирад».
Тавре ӯ гуфт: «Барои табобати бемории шакли мутобиқгаштаи сил дар ноҳияҳои таҷрибавӣ зина ба зина барномаи зиддисилӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, беморон дар беморхонаҳо бо маводи дорувориву хӯроки серғизо таъмин мешаванд. Ғайр аз ин, ба бемор дар давоми 2 моҳ халтачаи гигиении дорои маводҳои гигиенаи шахсӣ дода, ҳама намуди тадқиқот дар давоми табобат, аз қабили рентгенография, таҳлилҳои биохимиявӣ, таҳлилҳои умумӣ, машварати мутахассисони дигар ҳангоми зарурат ройгон аст».
Бояд ёдрас шуд, ки нишонаҳои ШМС сулфаи давомноки беш аз 2 ҳафта дошта, баландшавии тӯлонии ҳарорати бадан то 37-38 дараҷа, арақкунии шабона, дарди қафаси сина, бемадорӣ, хунпартоӣ, лоғаршавӣ мебошанд. Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои мазкур шахс бояд сари вақт ба табиб муроҷиат намояд.
Ба иттилои Зоир Абдуллоев, муовини сардори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил то соли 2011 дар кишвар 5935 нафар гирифторони бемории сил дар кишвар ба қайд гирифта шудааст.
«Сатҳи гирифторшавӣ ба бемории сил дар сину соли 20-34 аз ҳама зиёд буда, аз ин сину сол боз зиёдтар гирифтор мешаванд, ки яке аз сабабҳояш муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад»,-қайд кард Зоир Абдуллоев.
Яке аз гирифторони ин беморӣ, ки шартан номашро Нигина гузоштем, сабаби мубтало шуданашро дар беэҳтиётӣ шарҳ дод. Яъне, чун дар хона ҳевараш бемории сил буд, ӯ ҳангоми нигоҳубини бемор ба қоидаҳои пешигирикунанда риоя накардааст. Аммо акнун баъди гирифтани табобати ройгон ба гирифторони ин беморӣ гуфтанӣ аст, ки табобаташонро бояд то охир расонанд. «Агар табобат то охир нарасад, ин беморӣ дубора хуруҷ карда, шифоёбӣ душвортар мешавад» - мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
Дар воқеъ, гуфтан ба маврид аст, ки инсон асосан аз сил бо роҳи ҳавоӣ – қатраӣ аз роҳи нафас, яъне ҳангоми сӯҳбат бо бемор, сулфа, нӯшидани шир ва хӯрдани гӯшти нопухтаи чорвои калони шохдори гирифтори сил ва ғайра сироят меёбад.
Барои табобати беморони сил дар баробари Ҳукумати кишвар ҳамчунин, созмонҳои байналмилалии Лоиҳаи ҲОУП, Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО\БПНМ, ЮСАИД, БОР, БОЧ ва гайраҳо ёрии моливу техникӣ мерасонанд.
Саида Қурбонова
:.
Тандурустӣ
20.03.2012 05:22
6818
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz