23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ХАТАР ба генофонди миллӣ
Шаҳритус: таваллуди бача коҳиш меёбад
РАҶАБАЛӢ ШОМУРОДОВ, менеҷери ёрии аввалияи тиббии санитарии ноҳияи Шаҳритус, иброз медорад, ки раванди коҳишёбии таваллуди писарҳо дар ҷануби Хатлон чун мушкилест, ки дар мекӯбад. Агар аз 2840 навзоди соли 2010-ум дар ноҳияи Шаҳритус писарҳо нисбат ба духтарҳо ду баробар коҳиш ёфта бошанд, пас дар соли 2011-ум аз миёни 2712 тифл нисбати духтарҳо се баробар камтар аст. Гарчанде ин раванд дар маҷмӯъ аз соли 1980 мушоҳида шавад ҳам, нишондоди навоҳии ҷануб нигаронкунанда аст. Як сабаби коҳиш ёфтани тавлиди писар аз лиҳози биологӣ суст шудани организми мардон мебошад, ки онро иллат мушкили иҷтимоӣ аст.
Мардҳо чӣ мегӯянд?
ДИЛШОД РАҲМОНОВ, табиби ноҳияи Вахш, иброз медорад, ки таваллуди писар аз игрик хромосома ва духтар аз икс-хромосома вобастагӣ дорад. Мард ду хромосома Х ва У дорад, зан бошад, ҳардуи хромосомааш Х-Х аст. Дар илми тиб фаъолияти ҳаётии Х-хромосома нисбат ба У-хромосома фаъолтар аст. Агар мард шароити хуби зиндагӣ ва бадани нерӯманд дошта бошад, игрик хромосомаи ӯ фаъол мешавад ва ба икс хромосомаи зан пайваст шуда, дар бачадони зан ҷинси нарина ташаккул меёбад. Ҳамсӯҳбати мо ин мушкилро бо забони шеър чунин ташреҳ медиҳад:
Мард, агар нодор гардад, ғайраташ камтар шавад,
Обрӯи ӯ бирезад мисли хокистар шавад.
Нутфаи мардина андар пушти марди қарздор,
Ё арақ гардад бирезад, ё зи ғам духтар шавад.
АКРАМ ФАЙЗИЕВ
, духтур, низ ба он бовар аст, ки таваллуд шудани писар ё духтар аз мардон вобастагӣ дорад. Ҳарчанд аз назари илми тиб ин далелро исбот кардан шарҳи зиёд металаб, аммо бо як ҷумла метавон чунин хулоса баровард, ки шароити иҷтимоии зиндагӣ ба нерӯмандии бештари мардон таъсири манфӣ расонидааст. Дар оила бори зиндагӣ асосан бар дӯши мардон аст. Аммо коҳиш ёфтани таваллуди писарро баъзе мутахассисон масъалаи ҷиддӣ намеҳисобанд. Ба гуфти
ӮЛМАСОЙ РАҶАБОВА
,
директори Маркази солимии репродуктивии шаҳри Қӯрғонтеппа, нисбат ба афзоиши табиии таваллуди духтар назари дигар дорад. – Дар бадани инсон 23 ҷуфт хромосома вуҷуд дорад, ки аз инҳо ҳамагӣ 1 ҷуфт хромосомаи икс-игрик (Х-У) насли мардовар мавҷуд асту боқӣ 22 ҷуфт хромосомаи (Х-Х) ҷинси занофар мебошад. Аз ин рӯ, ин проблемаи танҳо ҷануби Хатлон набуда, мушкили тамоми дунёст, – мегӯяд ӯ.
Сарбанд-Қӯрғонтеппа: Безурётӣ меафзояд
Дар шаҳрҳои вилояти Хатлон, аз қабили Сарбанду Қӯрғонтеппа низ тафовути таваллуд байни ҷинси марду зан баробар нест. Ба гуфти
САОДАТ БУРҲОНОВА
,
мудири шӯъбаи таваллудхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа, дар соли 2009-ум дар ин беморхона духтарҳо 90 нафар зиёдтар таваллуд шуданд. Соли 2011-ум бошад, ин нишондод ба 40 расид, ки нигаронкунанда нест. Аммо ГУЛШОДА ИМОМБЕРДИЕВА, табиби бемориҳои кӯдакона, мегӯяд, ки як сабаби афзоиши духтарон ин аст, ки ҷинси зан нисбат ба мард ба ҳамагуна бемориҳо тобовартар аст. Ҳатто аз ҳисоби тифлони норасид таваллудшуда ҳам, бештар ҷинси зан зинда мемонад. Дар шаҳри Сарбанд бошад, аз 689 тифли дар соли 2009-ум дар таваллудхонаи марказӣ ба дунё омада, 409 нафар писар мебошад. Бино ба иттилои
ГУЛРӮ МАҲМУДОВА
,
мудири шӯъбаи таваллудхонаи №1 –и шаҳри Сарбанд, соли 2011ва як моҳи аввали соли 2012 низ таваллуди ҷинси мард бештар ба қайд гирифта шудааст.
Аммо ба гуфти момодояҳои шаҳрҳои Сарбанду Қӯрғонтеппа масъалаи нигаронкунанда безурётӣ мебошад, ки чӣ аз ҳисоби мардҳо ва чӣ аз ҳисоби занон рӯз ба рӯз меафзояд. Ташхисгоҳҳои вирусологӣ исбот кардаанд, ки сари вақт табобат накардани бемориҳои аз вирусҳои гербидсиди оддӣ, «иноситомеголовирус» ва беморҳои илтиҳоби занонаву мардона ба безурётӣ оварда мерасонанд.
Вируси «Бачакуш» дар Вахш
Дар ноҳияи Вахш бошад, масъулини соҳаи тандурустӣ омори дақиқи ҷинсияти кӯдакони навзодро дар ихтиёр надоранд. ҚУРБОН САЛИХОВ, сардухтури беморхонаи марказии Вахш, мегӯяд: «Мо омори таваллуди тифлонро аз рӯи ҷинсият дар даст надорем, агар андешаи момодояҳои таваллудхонаи мо зарур бошад, як рӯзе биёед, ки мудири таваллудхона дар кор бошад. Маро дар ин масъала ташвиш надиҳед. Дар ҳамин ҳол ЗАРИМА ОЧИЛОВА, момодояи Маркази солимии репродуктивии ноҳияи Вахш, иброз медорад, ки аз коҳиш ёфтани таваллуди ҷинси мард дида, гирифтории бонувони қобили таваллуд ба вирусҳои ба қавле бачакуши «хломидиоз», «цитомоголовирус» боиси нигаронӣ аст. Ин вирусҳо аз тариқи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, бештар дар бадани заноне пайдо мешаванд, ки ҳамсаронашон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Аз 64 зане, ки тифли батни худро аз даст додааст, 50% -и онҳо аз чунин вирусҳо сироят шудаанд. Мутаассифона, мегӯяд Зарима Очилова, мо барои кашфу таҳқиқи ин бемориҳо дар минтақа санҷишгоҳ надорем. Ӯлмасой Раҷабова, директори Маркази солимии репродуктивии шаҳри Қӯрғонтеппа, низ иброз медорад, ки ба маркази онҳо гирифторони чунин вирусҳои хатарнок аз ҳисоби сокинони шаҳру навоҳии Вахшу Бохтар ва Сарбанду Қӯрғонтеппа зиёд муроҷиат мекунанд. Вирусҳое, ки монеи бордоршавии занон ва сабаби бачапартоии ҳомиладорон мегарданд, ба солимии бонувон хатар доранд, аммо табобатшавандаанд.
Хатари нав дар Бохтар ниёз ба тадқиқоти илмӣ дорад
Дар ноҳияи Бохтар дар 70% - и занон иллати бармаҳал ихроҷ шудани оби бачадон мушоҳида мешавад. Ба гуфти
МАВҶУДА ӮРМОНОВА
,
мудири шӯъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Бохтар, бармаҳал хориҷ шудани оби бачадон ва як муддат бе об мондани тифли батни модар ба солимии модару кӯдак хатар дорад. Мо сабаби афзудани чунин иллатҳои ҳомиладоронро намефаҳмем. Бояд аз тарафи олимони тиб дар ин самт корҳои илмӣ бурда шаванд. Дар ҳамин ҳол Зебо Қамбарова, момодояи Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон, мегӯяд, ки пеш аз мӯҳлат ихроҷ шудани оби бачадон аз асари бардоштани бори вазнин ва ё таъсири ягон беморие рух медиҳад, ки сари вақт табобат нашудааст.
Захме, ки оқибат саратон шавад
Ба гуфтаи
ЗЕБО ҚАМБАРОВА
зимни як тадқиқоти тиббӣ дар ноҳияи Носири Хусрав ошкор шуд, ки дар ин ноҳия захми гарданаки бачадон байни занони қобили таваллуд зиёд шуда истодааст. Имрӯз барои пешгирӣ аз захми гарданаки бачадон, ки оқибат ба бемории саратон оварда мерасонад, як барномаи махсус амалӣ мешавад. Ин захм дар занон аз асари хунукӣ ва вирусҳои сироятӣ пайдо шуда, дар аввал дардовар нест. Аммо вақте ин захм тариқи хунравӣ аз худ дарак медиҳад, аллакай нишонаи бемории саратон дорад. Барои пешгирӣ аз ин беморӣ занони аз 35 сола боло мебояд соле як маротиба аз санҷиш гузаранд, Бино ба гуфти Ӯлмасой Раҷабова бемории эрозияи гарданаки бачадон аз вируси хломодиоз, ки дар таркиби тухму гӯшти мурғ зиёд аст, пайдо мешавад. Аз ин рӯ, зимни тайёр кардани ғизо тухму гӯшти мурғ бояд хуб пухта шавад. Ба фикри ӯ, муҳимтарин масоили ҳалталаб барои солимии модарон ва таваллуди насли солим ин риояи фосилаи байни таваллуд ва пешгирӣ аз таваллуди хонагӣ мебошад.
Мутаассифона, ин ду масъала, ки бояд тариқи воқифгардонии аҳолӣ ҳалли худро меёфт, то ҳол натиҷаи дилхоҳ надодааст. Азбаски мардум ин қоидаҳоро риоя намекунанд, вақти он омадааст, ки Вазорати тандурустӣ лоиҳаи қонун дар бораи риояи фосилаи таваллуд ва манъ намудани таваллуди хонагиро ба парлумон пешниҳод намояд, – иброз медорад Ӯлмасой Раҷабова. – Зеро ин ду масъала имрӯз ба оилаҳо ва дар ояндаи наздик ба генофонди миллат таъсири хатарнок доранд.
Ба гуфти мусоҳиби мо, ба тавсиб расидани қонунҳо дар самти риояи фосилаи таваллуд ва пешгирӣ аз зоиши хонагӣ муҳим ва зарур аст. Зеро дар пайи ҳалли ин ду мушкили иҷтимоӣ тамоми масоили марбут ба солимии модару кӯдак ҳалли худро меёбад. Вазорат ва парлумон чӣ мегӯянд?
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ
:.
Тандурустӣ
15.03.2012 11:43
3628
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz