23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
САРАТОН БЕМОРИИ №1-И ҶАҲОН
Гипократ ва Сино дар бораи саратон
Суқрот, нахустин саратоншинос, суръати афзоиши ин бемориро ба ҳаракати харчанги баҳрӣ шабоҳат дода, онро рак унвон мекунад. Ӯ ибтидои пайдоиши саратонро ба бофтаҳои пӯстӣ мансуб дониста буд. Ибни Сино бошад, роҳи асосии табобати кафолатноки ин бемориро дар сари вақт ба табибон муроҷиат кардан медонист. Дар асарҳои тиббии Сино омадааст, ки нишонаи ибтидоии саратон – пайдоиши бофтаҳои бадсифат ё худ омосҳо мебошанд, ки онҳоро дар ҳудуди бофтаҳои солим ҷарроҳӣ намудан имкон дорад. Пешвоёни тибби ҷаҳон як роҳи табобати ин бемориро бо сӯзонидани бофтаҳои пастсифати организм аз тариқи оҳани тафсон тавсия додаанд.
Пайдоиши саратон
Таҷриба собит намудааст, ки омилҳои биологӣ, кимиёӣ ва физикӣ боиси пайдоиши бемории саратон дар бадани инсон мешаванд. Мутаассифона, пайдоиши дарди бадан аз асари саратон нишонаи охирини ин беморӣ ба шумор меравад. Барои ҳамин ҳам, шаҳрвандон бояд пеш аз пайдошавии дард, яъне дар ҳолати мушоҳидаи ягон тағйирот дар организм, сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд. Табибони муосир мегӯянд, ки бештари одамон аз хабари бемории саратон шуданашон сахт ноумед мешаванд, зеро нодуруст андеша мекунанд, ки гӯиё он табобатнашаванда бошад.
Авҷи саратон дар бадан
Дар марҳилаи оғози нишонаҳои бемории рак дар бадани инсон ҳуҷайраҳои омос (бофтаҳои бадсифат), ки хусусияти тақсимшавии худро гум намудаанд, тариқи гузариш бофтаҳои атрофи худро сироят ва вайрон мекунанд. Ҳамин тавр, вайроншавии бофтаҳои солим дар бадан доман густурда, оқибат ҳуҷайраҳои хатарноки он ба воситаи хун ва лимфа ба тамоми организм паҳн шуда, ба манбаъҳои нав ба нави омос табдил меёбанд. Инро дар илми тиб «метастаз» меноманд.
Вазъи имрӯз
Вазъи имрӯзаи бемории саратон ҷомеаи ҷаҳонро сахт ба ташвиш овардааст. Коршиносони СММ сабабгори асосии аз се ду ҳиссаи марги одамони дунёро ба ҳамин гуна бемориҳои ғайрисироятие мисли саратон, диабети қанд ва бемориҳои ишемиавии дил марбут медонанд. Ин гуна бемориҳо, ки аслан дар кишварҳои тараққикардаи дунё афзоиш меёбанд, ба эпидемияи глобалӣ табдил ёфтаанд, -гуфта мешавад дар ҳисоботи нашршудаи СММ.
Аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омори аз асари бемории саратон фавтидани одамон дар ҷойи саввум меистад. Дар вилояти Хатлон сол ба сол афзоиши чашмраси гирифтории шаҳрвандон ба бемориҳои гуногуни саратонӣ мушоҳида мешавад. Идибек Қараев, сардухтури маркази саратоншиносии вилояти Хатлон, иброз медорад, ки дар соли 2010-ум 588 бемори саратон ба қайд гирифта шудааст, ки 80 нафараш фавтид. Дар соли 2011 ин рақамҳо тақрибан 2-3 маротиба зиёд ба назар мерасиданд. Аммо ин зиёдшавии теъдоди беморон аз ҳисоби нафароне мебошад, ки ба табобати он бовар ҳосил карда, ба маркази саратоншиносӣ муроҷиат намудаанд, – мегӯяд Идибек Қараев.
Омилҳои таъсирбахши афзоиши саратон
Дар кишварҳои мутараққии дунё сабабҳои афзоиши ин беморӣ тамокукашӣ, истеъмоли носолим, норасоии фаъолии ҷисмонӣ, фарбеҳӣ ва суйистифода аз майпарастӣ арзёбӣ мегардад. Имрӯз марги шахсиятҳои барҷастаи дунё аз асари саратон, насли ҷавонро ҳам ба ташвиш овардааст. Аммо табибони хатлонӣ бар онанд, ки муайян шудани аломатҳои бемории саратон ин ҳукми охирин нест. Яъне беморон бояд натиҷаи ташхисро оромона қабул карда, фавран ба табобат фаро гирифта шаванд. Зеро илми тиб хеле пеш рафта, роҳҳои гуногуни табобат ва пешгирӣ аз оқибатҳои он пайдо шудаанд. Ба гуфти табибон, имрӯз ҳатто бемори марҳилаи (стадия) 3-4 - уми саратонро ҳам тавассути маводи баландсифат ва кимиётерапия табобат намуда, умри онҳоро на танҳо моҳҳо, балки солҳо дароз мекунанд. Ҳолатҳое мушоҳида шудаанд, ки ҳатто тавассути кимиётерапия бемори марҳилаи 4-ум, ки ба меъда метастаз дода буд, шифо ёфт. Агар замоне аз саратон наҷот ёфтан фақат орзуи бемороне буд, ки имкони ба хориҷа рафтан доштанд, пас имрӯз аз ин маризӣ дилхоҳ шаҳрванди оддӣ дар ноҳияи худ шифо ёфта метавонад, агар ҳарчӣ зудтар ба табобат фаро гирифта шавад.
Имрӯз мушкилтарин табобат муолиҷаи саратони рӯдаи ғафс мебошад. Агар дар тамоми ҷаҳон соле то 65% гирифторон аз марг наҷот дода шаванд ҳам, ин нишондод сол ба сол меафзояд. Аммо аз ҷониби дигар, ҳамасола теъдоди гирифторони саратон ҳам зиёд мегардад.
Дар соли ҷорӣ табибони дунё дар пешгирӣ аз метастаз додани ин беморӣ бештар комёб шудаанд. Пештар баъди ҷарроҳӣ оризиҳои беморӣ авҷ гирифта, маризро оҷилан ба марг мерасонд, акнун табибон роҳи дар муҳосира гирифтани варамро ёфтаанд. Ҳамчунин олимони дунё бо роҳи эмкунӣ пешгирӣ намудани саратонро пайдо карда истодаанд. Яъне эмро аз бофтаҳои солими худи бемор гирифта, онро аз нав ба инсон мегузаронанд. Ва беморе, ки то ҳол метастаз надодааст, аз он наҷот меёбад.
Саратони ғадуди ширӣ
Саратони ғадуди ширӣ одатан тариқи бо ҷарроҳӣ гирифтани синаи инсон амалӣ мешуд (дар аввал кам-кам беморон баъди чунин ҷарроҳӣ шифо меёфтанд). Ин беморӣ дар мардон ҳам пайдо шуданаш мумкин аст. Зеро сина аз ҳама узви нозуки инсон буда, оддитарин таъсири манфии биологӣ ё ҷисмонӣ ба он, метавонад касро ба бемории саратон оварда расонад.
Табобат роҳи наҷот аст
Чаро табибон пофишорӣ доранд, ки одамон қабл аз хурӯҷи саратон ба духтур муроҷиат кунанд? Зеро бемор саратонро вақте ҳис мекунад, ки иллати бофтаҳо дар организми инсон 3-5 сола мешавад. Инро дар ИМА ба инобат гирифта, ташхиси умумимиллии занонро ба роҳ монданд. Баъдан, фавти беморони саратон аз ҳисоби бонувони аз 40 то 70 сола беш аз 30% коҳиш ёфт.
Ҳарчанд имрӯз духтурон ба он боваранд, ки ошкоршавии саратон ҳукми охирин набуда, ташхисе аст, ки шифо ёфта метавонад, набояд одамон бепарвоӣ зоҳир созанд. Роҳи дигари пешгирӣ аз оқибатҳои саратон, ин гастроскопия кардани одамоне мебошад, ки аз хонадонашон ду- се нафар бемор пайдо шудааст.
Саратон ҷавон мешавад
Агарчанде то солҳои 2000 - ум бештар шахсони аз синни 65 сола боло гирифтори ин беморӣ мешуданд, акнун он 55-56 соларо дар бар мегирад.
Телефонҳои ҳамроҳ хатар доранд
Имсол Агентии ҷаҳонӣ оид ба омӯзиши саратон ва Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ бори аввал қоил шуданд, ки телефонҳои мобилӣ метавонанд боиси ташаккули сартони хатарнок дар инсон шаванд. Ҳамчунин 13 давлати дунё ин тадқиқоти созмонҳои байналмилалиро оид ба таъсири телефонҳои мобилӣ қабул дорад. Коршиносон иброз медоранд, ки дар давоми 15-20 соли оянда аз таъсири мавҷҳои электромагнитӣ гирифторони саратон то 20% меафзоянд.Табибон барои коҳиш додани хатари саратон чунин маслиҳатҳо медиҳанд:
• То ҳадди имкон телефонро ба кӯдакон надиҳед. Зеро дар кӯдакони асабашон дар марҳилаи инкишоф хатари саратоншавӣ ду маротиба зиёд аст.
• Вақти гуфтугӯйи телефониро маҳдуд карда, бештар аз тариқи СМС ва гӯшмонакҳо сӯҳбат кунед. Ё бештар аз телефонҳои хонагӣ истифода баред.
• Телефони дастиро дар ҷайб нигоҳ надоред. Зеро вақте ба шумо занг мезананд, мавҷи алоқа ба бадан таъсири бади худро мерасонад.
• Вақти хобу истироҳат телефонро аз канори худ дар масофаи 1-1,5 метр дуртар гузоред.
Барои солимӣ ҳеҷ чизро дареғ надоред
Мутахассисон иброз медоранд, ки заҳролудшавии бадан аз моддаҳои нопок низ хатари саратонро зиёд мекунад. Ҳамчунин оддитарин воситаҳои рӯзгор низ омили хатар барои солимии инсон шуда метавонанд. Кашфиёти охирине, ки саратоншиносон ироа карданд, ин хатари гирифторӣ ба саратон аз таъсири нури рушноӣ мебошад. Олимони донишгоҳи Хайф фурӯзонакҳои каммасрафро низ ба солимии инсон зарарнок меҳисобанд. Ба гуфтаи Авраам Хаим фурӯзонакҳое, ки аз ҳад зиёд нури барқи консероган медиҳанд, сатҳи «заҳролудшавӣ»-ро дар организм зиёд мекунад.
Дигар омилҳои хатарзои саратон
Фонди байналмилалии тадқиқоти саратон дар ҳисоботи солонаи худ овардааст, ки истеъмоли ҳамарӯзаи ним литр пиво хатари пайдоишу афзоиши саратонро дар рӯдаву гурда 20% боло мебарад. Ҳамчунин истеъмоли пайвастаи ҳамин миқдор вино ё ду пиёла арақ хатари ракро пайдо мекунад.
Тановул пеш аз хоб низ барои солимии инсон хатарзост. Зеро вақте бадани инсон дар ҳолати уфуқӣ қарор дорад, як қисми ғизои ба пуррагӣ ҳазмнашуда ва шираи аз талха ихроҷгашта ба хурдон баргашта, инсонро ҷигарсӯз (зардаҷӯш) мекунанд. Такрори пайвастаи ин ҳолатҳо боиси пайдоиши чунин бемориҳои хатарнок мегардад.
Коршиносон инчунин истифодаи ҳавотозакунак ва «репеллент»-ҳо, истеъмоли барзиёди гӯшти дар ҳарорати баланд пухташуда ва ширу чойи ҳарорати гармиашон баландро маслиҳат намедиҳанд.
Тамокукашӣ низ омили асосии пайдоиши саратон ба ҳисоб меравад. Аммо табибон мегӯянд, ки баъди қатъи истифодаи тамоку зарар пешгирӣ мешавад.
Алъон дар дунё қавму миллатҳое мушоҳида мешаванд, ки то кунун дар байни онҳо бемории саратон мушоҳида нашудааст. Эскимосҳо аз зумраи чунин қавмҳо ба ҳисоб мераванд.
Ҷамолиддин Сайфиддинов
:.
Тандурустӣ
29.02.2012 10:22
7296
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz