23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ДАСТИ АФТОДА БИГИР, ТО ХУДО ДАСТАТ БИГИРАД!
Сокини ноҳияи Конибодом, маъюби гурӯҳи якум , Мадина Ҷӯраева, ки ҳамакнун пой ба синни навҷавонӣ - 17-солагӣ гузоштааст, ба хотири пайдо кардани мавқеи сазовор ва шоистаи худ дар ҷомеа талошу такопӯ дорад. Вай аз бераҳмиҳои қисмат наменолад ва аз вуҷуди хеш яъсу навмедиро мехоҳад дур созад. Мадина 5-уми августи соли 1994, замоне, ки дар ҳар қитъаи кишвар бар асари ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, саросарии бекорӣ, қаҳтиву гуруснагӣ ҳукмрон буд, чашм ба оламӣ ҳастӣ кушод. Падараш Ҳусейн Ҷӯраев, ки низ маъюби гурӯҳи 1 аст, он замон устои радиову телевизион буд. Кораш пешрав набуд, зеро касе фикри телевизиону радио надошт. Аксар дар андешаи пайдо кардани як бурда нон буд. Модараш бекор буд. Хуб аст, ки имрӯз дар бемористони атфол парастор аст.
– Мадинаи зебою ҷингиламӯйи мо аз ҳамон овони тифлӣ нозукаку камқуввату бемадор буд, – қисса мекунад падари хонадон Ҳусейн. – Зуд-зуд бемор мешуд. Духтурон мегуфтанд, ки вай ба бемории камғизоӣ ва камвитаминӣ гирифтор аст. Гӯё барояш калтсий намерасад. Мо мекӯшдием, ки ҳарчи ширину дилкаш бошад, ба вай пешкаш кунем. Вале ӯ пурхӯриро дӯст надошт. Хуш дошт бештар ба бозӣ. Вақте ҳафтсола буд, аз зина барафтод. Ба бемористон бурдем. Духтуре пойи рости ӯро гаҷ баст. Мадина муддати зиёде бистарӣ шуд. Вақте бастаро кушоданд, маълум гардид, ки табибон устухони пояшро рост накарда, гаҷбандӣ намудаанд. Ҳамин тавр як пойи Мадина дар қисмати соқ каҷ монд ва дар маҷмӯъ, пойи рост аз пойи чап ба андозаи 10 сантиметр кӯтоҳ шуд. Барҳам хӯрдани таносуби вазне, ки ба пойҳо мерасанд, оҳиста-оҳиста кори худро карданд. Сутунмӯҳраи Мадина низ андак каҷ гардид.
– Ман борҳо Мадинаро ба назди духтурон бурдам, то ки каму костиҳои ҷисмонии ӯро раф созанд,– идома медиҳад ба қиссаи хеш падари дилфигор.– Онҳо мегуфтанд, ки вақте Мадина 16-сола шуд, устухонҳояш мустаҳкам мешаванд ва метавон ӯро ҷарроҳӣ кард. Ва ҳоло, ки ман зинда ҳастаму он фурсат фаро расидааст, мехоҳам духтарамро ҷисман солиму болидарӯҳ бубинам. Вале Мадинаро танҳо дар хориҷ аз кишвар метавон табобат намуд. Духтурон ба вай чунин ташхис мондаанд: ортогенези номукаммали шаклаш вахим.
Баъди он ки дар бораи Мадина дар саҳафоти Интернет мавод пайдо шуд, инсонҳо аз гӯшаҳои гуногуни олам омодагии хешро барои кӯмак расондан ба ин духтараки маъсумаи дардманд изҳор доштанд. Нафаре аз Амрико тавассути почта ба вай 100 доллар фиристод. Шаҳрванди Олмон Зоҳидҷон Мирзоев занг зада, изҳори ёрӣ намудааст. Вай хоҳиш кардааст, ки ҳама аксҳои рентгении пойи Мадинаро барояш бифиристанд, то ӯ битавонад бо духтурон маслиҳату машварати заруриро анҷом бидиҳад.
– Мо бо истифода аз маблағи шаҳрванди амрикоӣ аксҳои рентгениро тавассути почта ба Олмон фиристодем, - мегӯяд Ҳусейн-амак. –Умед аст, ки дар рӯзҳои наздик ба мо даъватнома биёяд. Писари бародарам Ҳасан Абдусамад омода аст, ки Мадинаро то Олмон ҳамроҳӣ намояд. Вале маблағ надорем. Охир нафақаи ману Мадина ба чӣ мерасад?!.
– Мадина як духтари ҳушманду саропо ҳунар аст,– мегӯяд хоҳараш Орифа.– Ҳарчанд вай натавонист мисли дигарон дар мактаб таҳсил намояд, вале тавонист дар хона тайи нӯҳ сол аз муаллимон сабақи хуб бигирад. Мадина рассоми мониқалам аст ва тасвирҳояш бисёр зиндаю ҷолибанд. Баъдан вай дӯхтани тоқиҳои духтаронаро, ки пургул ҳастанд, хуш дорад.
Зимни сӯҳбат маълум гашт, ки Мадина боз соҳиби як ҳунари дигар аст: васлгари видеокассетаҳо ва ба диск сабт кардани онҳо. Рӯз дар миён нафароне меоянду хоҳиш мекунанд, то сабти шаби арӯсӣ ё зодрӯзашонро васлу муназзам намояд ва ба он суруду мусиқию реклому лаҳзаҳои хотирмонро ворид созад. Барои ин кораш, ки тақрибан се соат сарф мешавад, ба Мадина ҳамагӣ 5 сомонӣ ҳаққи хидмат медиҳанд.
– Агар Мадина компютери шахсӣ медошт, хидмати корафтодагонро зудтар иҷро мекарду корҳояш хубтар мешуданд, -- бо таассуф изҳор медорад сарвари хонадон Ҳусейн Ҷӯраев.– Хушбахтона, васли видеокассетаҳое, ки Мадина анҷом медиҳад, ба муштариён бисёр хушоянд аст.
– Кор бо компютерро аз куҷо омӯхтӣ?,- мепурсам аз Мадина.
– Як созмони байналмилалие бо номи ШОТА курси семоҳаи омӯзиши компютерро ташкил карда буд ва ман онро хатм намудам,– иброз медорад ӯ.
– Мақсади мо он аст, ки Мадина тавонад аз пайи ин касб имрӯз ва оянда ба ину он мӯҳтоҷ нашуда, сарбаландона зиндагӣ кунад, - хаёлангез ва бо овози ларзону риққатовар мегӯяд амаки Ҳусейн. – Охир, мо аз ояндаи Мадина фориғболу беғам буда наметавонем!
Аз омадани мо ҳама аҳли хонадон шоду масрур буданд. Ба вижа, Мадина. Вай гоҳе расмҳои кашидааш, гоҳе гулдастаи сохтааш, гоҳе наворҳои дастдӯзиашро нишон дода, мегуфт, ки онҳо номукаммаланд ва вай саъй хоҳад кард аз ин ҳам хубтару зеботар расм бикашад, аз коғаз гул офарад ва аз навору латтапораҳо, аз марҷонҳо армуғон омода созад.
Мо аз ин манзил бо як ҷаҳон андеша берун рафтем. Маро имрӯзу фардои Мадина, ки тоза пой бар арсаи зиндагӣ мениҳад, мушавваш сохта буд. Ба дил гуфтам, ки куҷост он пизишке, ки як инсонро бинобар фориғболию хатоии ҳирфавии хеш ба чунин аҳвол овард? Оё ӯ омода аст он хатояшро ислоҳ сохта, ба Мадинаи маъсум кӯмаки моддӣ бирасонад, то вай ба сафи ҳамсолони худ бипайвандад?
Оре, сарнавишти Мадина ҳар як инсони соҳибдилро наметавонад бефарқу бетафовут бигузорад. Оне, ки мехоҳад дар рӯйи замин зиста, накӯӣ кунад ва бо накӯии хеш инсонеро саодатманд созад, бояд то ба қадри имкону тавону ҳиммати хеш ба ин духтараки оқилу фарзона, вале маҷрӯҳ дасти ёрӣ диҳад. Оне, ки барои ризои Худованд даст бар эҳсон мезанад, офаридгор низ мададгори ӯст.
Ҳодисае, ки бар сари Мадина тақрибан 16 сол қаб аз ин рух дод, ба зоти худ ягона нест. Ҳамасола бинобар ташхис ва ё муолиҷаи нодурусти табибон даҳҳо нафар ҳамдиёрони мо ба бемориҳои мухталиф мубтало мешаванд, ё ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар ин бора рӯйдодҳои зиёдеро медонам, вале барои мисол чанде қабл Оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс» хабареро дар мавриди дар бемористон мубтало шудани Исмоил ном кӯдаки 3-сола ба бемории масунияти бадан интишор карда буд. Моҳи декабри соли 2010 кӯдак пайваста таб мекард ва бо тавсияи пизишки атфол ӯро ба шифохона интиқол доданд. Писаракро дар бинои 11-и Беморхонаи ҷумҳуриявии ба номи Дякови шаҳри Душанбе, мавсум ба Қарияи Боло бистарӣ намуданд. Ба вай «илтиҳоби шуш» ташхис гузоштанд. Табибон ҳамарӯза ва ё чанд рӯз дар миён дар ҳаҷми 100$ дорупулӣ мепурсиданд. Рӯзе тасмим гирифтанд, ки ба кӯдак хун интиқол диҳанд. Плазмаро дар Маркази хун хариданд. Баъдан ҳанӯз муолиҷа ба охир нарасида, Исмоилро ба хона мураххас намуданд. Вай дар хона рӯз аз рӯз лоғар мешуд, таби баланду табларза ҳар лаҳза ӯро азоб медод. Дар авохири моҳи март уқдаҳои лимфавии кӯдак васеъ шуданд. Волидайн ин дафъа ба дармонгоҳи бемории сил муроҷиат карданд. Таҳқиқ собит сохт, ки Исмоил ба бемории масунияти норасоии бадан мубталост. Сарчашмаи беморӣ дақиқ набуд. Ташхиси хуни волидон дар Маркази ҷилавгирӣ аз масунияти бадан нишон дод, ки онҳо мубтало ба ин беморӣ нестанд. Ба андешаи модар фарзанди ӯ танҳо дар «Қарияи Боло» метавонист гирифтори ин беморӣ гардад. Шояд дар он ҷо аз сӯзандоруи истифодашуда кор гирифта бошанд. Бинобар ин ӯ аз болои беморхонаи мазкур ба Вазорати тандурустӣ ва прокуратураи ноҳияи Синои пойтахт шикоят бурд. Дар мавриди ҳодисаи мазкур алҳол парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Вале кӣ кафолат медиҳад, ки ин ҳодисаи охирин аст?
Тилав Расулзода
Аз идора:
ҳайати эҷодии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» тасмим гирифт, ки ба Мадина Ҷӯраева, ки новобаста ба маъюбӣ омӯхтану меҳнати ҳалол карданро арҷ мегузорад, баҳри пешрафти фаъолияти созандагиаш, аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавии идора компютер харидорӣ карда, дар Рӯзи модарон ҳадя намояд ва орзуи ин духтари қавииродаро аҷомаи амал пӯшонад.
:.
Тандурустӣ
29.02.2012 06:47
3088
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz