23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
Малика Ғарибова: «Ман хидматгори халқам»
Он солҳо Малика Ғарибова имкони дар Душанбе мондану кору фаъолият карданро дошт, аммо, меҳри зодгоҳу мардумони наҷиби он боло гирифту ӯ ҳамчун мутахассиси бемориҳои сил ба Ванҷ баргашт. Корро дар маркази ноҳия аввал ба ҳайси табиби оддӣ оғоз карда, аз ҳисоби малакаву кордонӣ ва дониши хуби касбӣ то ба вазифаи сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ расид. Ӯ дар ин мақом наздики 13 сол содиқона дар хизмати халқ буд. Вақте мубталоёни бемории сил дар ноҳия зиёд ба қайд гирифта шуданд, масъулин донишу малакаи Малика Ғарибоваро ба назар гирифта, ӯро барои фаъолияти минбаъда ба маркази бемориҳои сили ноҳия ба кор гузарониданд. Он замон маркази мазкур танҳо як корманд дошт, ки он ҳам бошад, апаи Малика буд. Бо тақозои пешрафти соҳаи тиб соле дар шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина такмили ихтисос намуд.
Баъди бозгашт ӯро дигар ҳеҷ гоҳ касе дар утоқи корӣ надид. Деҳа ба деҳаву маҳалла ба маҳалла аз пайи беморон афтод. Маҳз натиҷаи ана ҳамин заҳматҳо буд, ки дар як муддати кӯтоҳ шумораи беморони мубталои сил дар ноҳияи Ванҷ рӯ ба камшавӣ овард.
«Барои ман ҳамеша миёни мардум будану шифо бахшидан ба дарди беморон хурсандист. Агар бинам, ки касеро аз ман манфиате расида ва беморе бо заҳмати ман саломатиашро барқарор намудааст, аз касбу аз корам лаззат мебарам» -мегӯяд Малика Ғарибова.
Апаи Маликаро дар роҳҳои деҳоти дурдаст пиёдаву савора зиёд дидаем. Мепурсем, ки хаста намешавад аз ин ҳама кори зиёд? «Ман табиб, яъне хидматгори халқ ҳастам», - мегӯяд бо табассум.
Аввалҳо маркази бемориҳои сили ноҳияи Ванҷ танҳо як корманд дошт. Имрӯз бошад, ин марказ дорои таҷҳизоти тиббии замонавӣ ва як мошини хизматист. Дар марказ айни замон 6 нафар кору фаъолият доранд. Малика, ки бонуи донову закист ҳамеша дар хусуси ободиву пешрафти Ватан меандешад. Бо ташаббусу масъалагузориҳояш назди масъулин корҳои зиёде барои ободонии ноҳия ба анҷом расонида шуданд.
Малика ҳамеша ба беморон мегӯяд: «Бемории сил табобатшаванда аст, танҳо барои раҳоӣ аз он зарур аст, ки ба тарзи ҳаёти солим, табобату роҳҳои пешгирӣ ин беморӣ кӯшиш намоем.»
Сироншоҳи Диловар
:.
Тандурустӣ
31.01.2012 04:28
2798
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz