23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ВИТАМИНИ «А»
Витамини «А» – амнияти организм:
Он барои нигоҳ доштани моддаҳои сатҳи организм кӯмак расонида, барои дохил шудани ҳар гуна вирусҳо ба организм монеа эҷод мекунад. Моддаҳои сатҳии организм - ин пӯст, сатҳи чашм, даруни даҳон, рӯдаи рост ва роҳи нафас мебошанд. Миқдори мӯътадили витамини «А», мӯҳлати бемориҳои сироятӣ, махсусан сурхча, диарея, сулфа ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафасро дар кӯдакони хурдсол, кам мекунад.
Витамини «А» – рушд, афзоиш:
Барои баланд бардоштани муқобилияти организм нисбати бемориҳои сирояткунанда, афзоиш ва инкишофи кӯдак аҳамияти калон дорад. Инчунин, витамини «А» барои рушди моддаҳои устухон мусоидат мекунад.
Витамини «А» – пешгирӣ аз нобиноӣ:
Витамини А пардаи луобии чашм(конюктива ва қарнияи чашм)-ро мустаҳкам, тоза ва тар мекунад. Витамини «А» ба таркиби элементи муҳиме дохил мешавад, ки барои дар нимторикӣ дидан, пешгирӣ аз бемориҳои чашм, нобиноӣ ёрӣ мерасонад.
Витамини «А» – норасоии он:
Норасоии витамини «А», миқдори онро дар таркиби ҷигар ва хун низ паст мекунад. Ин ҳолат ба пастшавии қувваи биноӣ, заъифӣ ва сироятпазирии организми инсон оварда мерасонад, ки оқибаташро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд. Норасоии он сабаби суст гаштани афзоиши кӯдак низ мегардад.
Витамини «А» - талабот ба он:
Вобаста ба организм талабот низ ба витамини «А» дар ҳар нафар гуногун аст. Кӯдакони ширмак ва хурдсол нисбат ба калонсолон зиёдтар ба витамини А, эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунин, витамини «А» бештар ба занҳое, ки кӯдаки ширхора доранд, лозим аст. Онҳо ӯҳдадоранд ду нафар, худ ва тифлакашонро бо миқдори зарурии витамини «А» таъмин намоянд.
Витамини «А» – чиро бояд истеъмол намуд:
Ду намуди витамини «А» мавҷуд аст. Ретинол ва қаротин. Намуди аввал дар таркиби моҳӣ, шир, тухм ва ҷигар зиёд аст. Намуди дуввум бошад бештар дар маҳсулоти растанигӣ ба назар мерасанд. Каротин дар сабзавоти рангашон сабзи баланд ва зард аз қабили каду, сабзӣ, ҷуворимакка мавҷуд аст. Олимон зиёд будани витамини «А»-ро дар таркиби ҷигари ҳайвонот ва моҳӣ муайян кардаанд. Мавҷудияти миқдори зиёди витамини «А» дар шири модар низ исботи худро ёфтааст.
:.
Тандурустӣ
28.02.2012 10:20
3350
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz