23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
Пӯкии устухон чист?
Аммо…
Аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ, солона дар ҷаҳон якуним миллион одамон ба маризии пӯкии устухон гирифтор шуда, дар беморхонаҳо бистарӣ мешаванд. Одатан шикасти устухонҳо дар минтақаи сутунмӯҳра, лагад, мушту даст рух медиҳад.
Чӣ бояд кард?
Бонувон ба иллати доштани хусусиятҳои махсуси ҳормонӣ, дар маърази хатари пӯкии устухон қарор доранд. Пӯкии устухон барои ҳамсар, падар, бародар, хуллас, мардони мо бегона аст. Баръакс, сари ин масъала аз бонувон бояд муроқибат кард. Таҷриба нишон медиҳад, ки занҳо назар ба мардон, бештар дучори маризии пӯкии устухон мешаванд.
Дар синну соли наздик ба климакс хавфи дучор шудан ба ин маризӣ зиёд мегардад. Ҳамчунин, бонувон бо далели кору шароити зиндагии ҳаррӯза низ дар маърази хатар ҳастанд. Хонашинӣ, дур будан аз ҳаракати ҷисмониву варзиши бадан, яке аз сабабҳои бурузи бемории пӯкии устухон шуда метавонад. Занҳое, ки дар як рӯз ҳудуди 30 то 60 дақиқа пиёдаравӣ мекунанд, аз 4 то 7 маротиба захираи устухонии бештареро соҳибанд.
Омилу заминаҳо
Дар пайдоиш ва шиддат ёфтани маризии пӯкии устухон аслан ин омилҳо таъсиргузоранд: Ҷинсият, син, нажод, собиқаи хонаводагӣ, сигор, баъзе аз доруҳо…
Ҷинсият:
Пӯкии устухон дар байни бонувон нисбат ба мардон ду-се маротиба зиёдтар ба назар мерасад…
Син:
Занҳои аз 35 - сола боло ва духтароне, ки дар синни барвақтӣ бордорӣ доштанд, бештар дар маърази хатари сар задании пӯкии устухон қарор мегиранд…
Нажод:
Дар бисёр ҳолат сафедпӯстон ва сокинони ҷанубу шарқии Осиё ба бемории пӯкии устухон гирифтор мешаванд…
Собиқаи хонаводагӣ:
Бемории пӯкии устухонро метавон бемории ирсӣ низ гуфт, агар дар гузашта яке аз аҳли оила гирифтори ин беморӣ шуда бошанд, дучор шудани нафари дигар низ аз ин хонавода имкон дорад…
Сигоркашӣ:
Бо далели эҷоди ихтилол дар ҷазби калтсий ва таъсири манфӣ ба устухон сигоркашӣ низ хавфи сар задании бемории пӯкии устухонро афзун месозад. Истеъмоли аз меъёр зиёди баъзе аз доруҳо, ки барои бемориҳои астма, ревматизм, пӯст тавсия дода мешаванд, низ хатари сар задании маризии пӯкии устухонро ба дунбол доранд...
Табобати ҳормонӣ
Бонувони азиз, агар дар марҳилаи баъд аз ҳолати климакс ҳастед, шеваи табобати ҳормонӣ бароятон тавсия дода мешавад. Ин амал, дар баробари кам кардани хавфи пӯкии устухонҳо, эҳтимоли бурузи бемориҳои қалбиро низ коҳиш медиҳад.
Бояд пайваста бо варзиш машғул шуд
Бонувоне, ки зиёд пиёдагардӣ мекунанд, шанси хубе барои ҳифзи саломатӣ доранд. Агар пиёдагардӣ дар зери нурҳои офтоб сурат бигирад, манфиати бештаре меорад. Бо варзиш ҳамешагӣ машғул шудан, барои эмин мондан аз бемориҳои зиёд, аз ҷумла пӯкии устухон кӯмак мерасонад. Барои духтарони ҷавон, зиёд роҳ рафтан, давидан, тенису баскетболбозӣ тавсия дода мешавад.
Истеъмоли хӯрокҳои серғизо ва маҳсулоти аз калсий бой низ барои занҳо ҳатмист. Дар баробари устухонҳо, калтсий барои устувории дандонҳо гардиши хуну, кори мӯътадили қалб ҳам кӯмак мерасонад.
Витамини «Д» низ барои мустаҳкамии устухонҳо, бояд ба ҳаҷми лозима дар режими ғизои ҳаррӯза мавҷуд бошад. Инсон бояд ҳамеша аз шир, ҷурғот, дӯғ, қурут, ба унвони ғазои ғанӣ аз калтсий истеъмол намояд.
Сигор накашед
Агар Шумо сигор намекашед ва атрофиёнатон низ сигорӣ нестанд, пас бемуҳобо шахси хушбахте ҳастед. Сигор хавфи бурузи ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла пӯкии устухонро дар пай дорад. Аз истифодаи зиёди қаҳва, чойи пурранг ва нӯшокиҳои газдор низ худдорӣ кунед, ки онҳо монеъи ҷазби калтсий дар организм шуда метавонанд. Оҳане, ки дар таркиби гӯшт мавҷуд аст, намегузорад, ки калтсий аз организм ҷаббида шавад.
Иштибоҳ
Ағлаби мардум фикр мекунанд, ки бемории пӯкии устухон фақат занони солхӯрда ва миёнасолро таҳдид мекунад. Аммо духтарони ҷавонро лозим аст, ки ба саломатии устухонҳои худ аз ҷавонӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Режими ғизоии номуносиб, фаъолияти сусти ҷисмонӣ дар даврони кӯдакиву наврасӣ хатари заъфи бофтаи устухонҳоро дар даврони пирӣ ба дунбол дорад.
:.
Тандурустӣ
28.02.2012 10:06
4740
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz