Таъсири ханда
Исбот шудааст, ки ханда шушро бо ҳаво (кислород) таъмин сохта, шиддатнокии мушакҳоро (мышечное напряжение) бартараф месозад ва кори дилро мӯътадил менамояд. Ҳанӯз дар соли 1986 таҳқиқоти гузаронида исбот карданд, ки 20 сонияи ханда, умри дилро 3 дақиқа зиёд мекунад. Ханда дардро кам карда озурдахотириро бартараф месозад. Сироятнопазирии организмро бар муқобили вирусҳо зиёд намуда, истеҳсолшавии ҳормонҳои зиқӣ ё стрессро манъ месозад.
Ба наздикӣ доктори исроилӣ Шевах Фридлер тадқиқоте гузаронид ва исбот сохт, ки ханда ба занҳои безурёт барои ҳомиладор шудан кӯмак мерасонад. Ҳамчунон маълум гардидааст, ки ханда миқдори қандро дар хуни одам кам намуда, бо вазни зиёд низ мубориза мебурдааст.
Ҳамин тавр, ханда барои инсон бисёр муҳим аст. Бар замми ин ҳангоми хандидани мо, табъи атрофиён низ болида мегардад. Ва соҳибони табассуми зебо бошанд, имконияти ба худ ошиқ сохтани ҳамаи атрофиёнро доранд.
Бонувони азиз, бихандед, то саломатӣ ва табъи болидаи худу атрофиёнро қавитар созед.
Манижабону