Ба марги нобаҳангоми модарон кӣ посух мегӯяд? Чӣ омилҳои айнию зеҳние боиси мусибати ҷуброннопазири хонаводаҳои тоҷик шудаанд? Чӣ бояд кард, ки модарон бо тани сиҳату рӯйи сурх тифли зодаи хешро дар оғӯш бигиранд ва онро ба камол расонида, ба саодати воқеӣ бирасанд?
Ба андешаи корманди Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби вилояти Суғд, номзади илми тиб Замира Қосимова яке аз сабабҳои асосии фавти модарон ҳангоми валодат ин паст будани сатҳи маърифати зан, беэътиноӣ ва фориғболии ӯ нисбат ба саломатиаш аст.
– Духтарону бонувон аксар ба бемориҳои гениталӣ мубтало ҳастанд ва сари вақт онро муолиҷа намекунанд, – иброз медорад Замира Қосимова. – Ба ин танҳо духтарону бонувон ва пайвандони онҳо айбдор нестанд. Дар ин маврид низоми тандурустии кишвар, кормандони ин соҳа низ гунаҳкор мебошанд. Дар аксарияти муассисаҳои тиббӣ мутахассисон намерасанд. Агар чунин шахсон бошанд, пас аксаран мутахассиси хуб нестанд ва онҳоро лозим аст, ки донишу таҷрибаи хешро такмил диҳанд. Ба соҳаи тандурустӣ мутахассисоне лозиманд, ки аз таҷриба ва дастовардҳои навтарини тибби муосир бархурдор бошанд.
– Аксарияти духтарону бонувон сари вақт ба табибон бо арзу шикоятҳои хеш муроҷиат намекунанд, – изҳор менамояд номзади илми тиб, пизишки момодоя, сардори Садорати созмони ҷамъиятии «Насл» Маҳбуба Султонова. – Яке аз сабабҳои муроҷиат накардани онҳо ин ҳамоно бад будани шароити иқтисодиашон мебошад. Яъне маблағи онҳо барои дастрасӣ ба хадамоти муассисаҳои тиббӣ намерасад.
– Яке аз сабабҳои марги модарон ин ҷилавгирӣ накардан аз ҳомиладории номатлуб аст,– таъкид медорад раиси кумитаи занон ва оилаи Ҳукумати вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова.– Чанде қабл ба мо зане муроҷиат кард, ки дар бар ду нафар тифл ва дар батн кӯдак дошт. Вай изҳор дошт, ки шавҳараш дар маҳбас аст ва намедонад ҳангоми наздикшавии мӯҳлати валодат тифлакони ноболиғашро пеши кӣ гузорад. Мо маҷбур шудем якеро ба мактаб- парваришгоҳ ва дигареро ба Хонаи кӯдакон бидиҳем. Пас бо чунин шароит магар лозим аст, ки аз пайи ба дунё овардани кӯдаки нав шавӣ?
– Фавти модарон бештар марбут ба се омили асосӣ аст, – таъкид менамояд Замира Қосимова. – Аввал омили оилавист: яъне шавҳару хушдоман намехоҳанд, ё наметавонанд маблағи лозимаи эҳтимолиро барои таваллуди арӯс ё ҳамсари хонадон сарф намоянд. Дуввум, омили нақлиётист. Аксари бонувон дур аз муассисаҳои табобатӣ зиндагӣ мекунанд. То расонидани зани ҳомила ба зоишгоҳ вақти зиёде дар роҳ сарф мешавад. Ин аст, ки 60 дар сади модарони ҳомила маҳз бинобар набудани зоишгоҳи наздик ва набудани нақлиёт мемиранд. Сабаби саввум, расонида натавонистани кӯмаки самарабахши тиббӣ ба модар, яъне набудани мутахассисони пуртаҷриба – пизишкони момодоя аст.
– Дигар аз омили фавти модарон, ки 13 дар садро ташкил медиҳад, ин қатъи ҳомиладории хавфнок аст,– сӯҳбатро идома медиҳад Маҳбуба Музаффаровна. – Вақте амалиёти ҷарроҳӣ сурат мегирад, узви зан сахт захму осеб мебинад. Ва ин боиси пайдо шудани бемориҳои септикӣ мегардад.
– Ҳоло олимони тиб намуди дигари исқоти ҳамлро тавассути дору кашф карда, ба роҳ мондаанд, – мегӯяд корманди Маркази солимию репродуктивии вилояти Суғд Мадина Саидхоҷаева.– Баъди истифодаи ин дору дар давоми 72 соат исқоти ҳамл сурат мегирад. Вале ин гуна дору то 9 -ҳафтаина будани ҷанин тавсия мешавад.
– Барои солимии репродуктивӣ аз муассисаҳои таълимӣ таври васеъ истифода бояд бурд ва барои духтарон дарсҳои махсус бояд ташкил кард, – идома медиҳад сӯҳбати хешро духтури момодоя Мадина.
– Яке аз сабабҳои марги модарон ин таваллуд дар хона аст,– андеша дорад Замира Қосимова.- Ин амал бештар дар вилояти Хатлон ривоҷ ёфтааст. Дар баъзе ноҳияҳо аз 20 то 80 дар сади бонувон таваллуди хонагиро нисбат ба таваллуд дар бемористон афзал мешуморанд. Оре, таваллуд дар хона имконпазир аст, агар ин амал бо иштироки мутахассисин сурат бигирад.
Тайи нӯҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд 44864 кӯдак ба дунё омадааст, – рақами омориро таъкид медорад Раъно Бобоҷонова.– Аз ин 1073 нафар кӯдак дар хона таваллуд шудаанд. Бештар ба ин амал модарони панҷакентӣ(263 нафар) ва модарони мастчоҳӣ(217нафар) даст задаанд.
Ба андешаи раиси бахши суғдии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Дилбар Самадова сабабҳои маргу мири модарони тоҷик хеле зиёд ҳастанд. Имрӯз ноҳияҳои бузурге чун Зафаробод бе пизишки момодоя мондаанд ва духтурон бо навбат ба ин ноҳия рафта кор мекунанд. Пизишкони варзидаи тоҷик бинобар паст будани маошу фазои номусоиди иқтисодиву иҷтимоӣ яке паси дигар ба кишварҳои дигари пешрафта кӯч баста хоҳишу майли кор кардан дар Ватанро надоранд. Духтарони тоҷик аз хурдӣ ба гуна-гуна бемориҳое, чун камхунӣ, ҷоғар, сил гирифтор ҳастанд, ки ин ҳама ҳангоми валодат натиҷаи маргбори хешро дода истодаанд. Аксарияти шавҳарон занони ҳомилаи хешро партофта, барои дарёфти ризқу рӯзӣ рӯ ба муҳоҷират овардаанд ва касе дар рӯзи сангин паҳлӯи ҳамсари хеш нест. Вале яке аз сабабҳои асосии аз табибону пизишкон дурӣ ҷустану розу асрори дар дил нуҳуфтаи хешро ошкор надоштани духтарону бонувон ин фасодзада будани низоми тандурустии кишвар аст. Духтарону модарон бояд пайваста аз муоина бигзаранд. Вале он ҳама таҳлилҳои озмоишгоҳӣ ва муоинаю машваратҳои духтурон пулакӣ ҳастанд. Бемористонҳо ба як бозор табдил ёфтаанд. Пас кадом касе ҷуръат мекунад, ки ба назди пизишк равад? Ҳамоне, ки пул дорад! Ба ҳамагон маълум аст, аксарияти аҳолии кишвар дар як сатҳи пасти иҷтимоиву иқтисодӣ қарор доранд. Вақти он расидааст, ки ин ҳама мушкилоти ҷомеа рафъ шаванд, вагарна, кишвари мо ба як кишвари беморону маслуқону қурбониёни фасод табдил хоҳад ёфт, таассуф мехӯрад, ҳамсӯҳбатам. Марги модарон бадбахтии оилаҳо ва бохти миллат аст, зеро зан гоҳе модар мешавад, ки ҷавон аст ва марги модар фоҷиаи миллат аст.
Тилав РАСУЛЗОДА