«Баҳористон». Ин вожа дар як муддати кӯтоҳе ба дилҳо ҷо гирифт. Бо он ки ба қалбҳо фараҳ, ба тан қуввату дармон, ба ҷисм саломатӣ, ба асаб осоиш ва ба одамон эҳсоси роҳату фароғат эҳдо карда тавонист. «Баҳористон» – унвони осоишгоҳи айни замон беҳтарини кишвар, маконест, ки ҳар нафаре аз хидматгузориҳои он истифода кардааст, бо ризоияту қаноатмандӣ мегӯяд: «Дигар ба хориҷа бо маблағҳои ҳангуфт ба табобату истироҳат рафтан шарт нест. Осоишгоҳи худамон бо беҳтарин шароити истироҳату табобат, ҷавобгӯйи талаботи истироҳати мадании ҳар фард буда метавонад.»
Чанд рӯзест аз кушода шудани боз як бинои истироҳативу табобатӣ ва тахфифи (скидка) нархи роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон», дар ВАО эълону рекламаҳоро дидаву шунидем. Барои додани иттилои бештаре ба хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» инак, сӯҳбате доир намудем бо мудири шӯъбаи дуюми физиотерапевтии осоишгоҳи мазкур Юлдошева Дилором.
– Бону Дилором, мегӯянд Шумо аз ин пештар дар бемористони обрӯманде ифои вазифа мекардед, чаро ба «Баҳористон» ба кор гузаштед?
– Агар касеро низ ба «Баҳористон» – ҷое, ки воқеан инсонҳоро ҳам метавонад ба баҳори умрашон бозгардонад, ҳам осоишу сиҳатӣ бахшад, даъват мекарданд, не намегуфт?(Механдад)Агар ҷиддӣ бигирем, аз тариқи озмун.Ман мутахассиси соҳаи физиотерапевтӣ ҳастам, ҷое, ки қаблан фаъолият доштам, сирф соҳаи ман набуд. Вале ин ҷо ман худро чун як мутахассиси ҳамин соҳа пурра ба хидмати мардум масраф карда метавонам. Физиотерапия ин асоси муолиҷаҳои осоишгоҳист.
– Нахустин эҳсоси шумо зимни қабули мизоҷон (дар осоишгоҳ мариз не, мизоҷро табобат мекунанд – Ҳ.А.) ба чӣ андешаҳо водоратон кард?
– Ба «Баҳористон» қариб 50 фисад бемороне меоянд, ки дар ҳолати шадиди (острий процесс) дард ё давраи хурӯҷи бемориҳои кайҳо кӯҳнашудаанд, танҳо 50 фисади дигар барои барқароршавии ҷисм. Бисёр мехостам мардум бифаҳманд, ки осоишгоҳ ин бемористон нест. Одамон аслан ба чунин макон бояд барои барқарор кардани саломатӣ, бо роҳи истироҳат биёянд. Бемориҳои физиотерапевтӣ талаботи хосу муолиҷаҳои махсус доранд, ки онҳоро метавон ҳамзамон бо истироҳату фароғат тавъам анҷом дод. Аз ин рӯ, пеш аз ба осоишгоҳ омадан мизоҷон бояд тавассути табибони оилавӣ ё минтақавии хеш аввал шиддати дардро паст карда, баъдан барои барқарорсозии (восстановление) ҷисм ба қабули табобати физиотерапевтӣ ва истироҳат биёянд. Айни замон аксаран 5-7 рӯзи истироҳаткунандагони мо ба пастгардонии шиддати беморӣ ва таҳлили хуну дигар анализҳо, ки дар таҳлилгоҳи (лаборатория) хеле муҷаҳҳазу замонавии осоишгоҳ анҷом дода мешавад, мегузарад. Агар бемор ин гуна амалҳоро то омаданаш анҷом дода бошад, чанд рӯзро аз даст надода, дарзамон бо табобат фаро гирифта мешавад.
– Кадом намудҳои табобат дар ин осоишгоҳ имкон дорад?
– Асосан бемориҳои устухону мушакҳо, сутунмӯҳра, асаб, дил, амрози занонаю мардона, рӯдаю меъда, бемориҳои гурда ва пешобдон, ғадудҳои эндокринӣ, роҳи нафас, гулӯ ва гӯшу бинӣ ва дигар маризҳое, ки пайвастагӣ ба ин бемориҳоро доранд.
– Кадом таҷҳизоти тиббиеро «Баҳористон» молик аст, ки дар дигар осоишгоҳу табобатгоҳҳо нестанд?
– Метавонам бо ифтихор бигӯям, ки чунин таҷҳизоти камназир дар мо хеле зиёд аст. Масалан, навъҳои беҳтарин ва замонавии таҷҳизоти барқии маҳсиеро, ки мо дорем, дар кулли ҷумҳурӣ нест.
– Бону Дилором, акнун биёед, як-як он таҷҳизоти тиббиеро, ки танҳо дар осоишгоҳи шумост, тавсиф намоед, то бонувони азизи мо маълумот пайдо намуда, барои истифода аз онҳо дар «Баҳористон» шавқманд гарданд.
– Марҳамат, биёед, аз таҷҳизоти «Кин-ком», ки миёни мизоҷони мо чун кинконг машҳур аст, оғоз намоем.
«Кин-ком» асбобест, бо роҳи маҳс метавонад ба сар барои заъфи аъсоб (хасташавии асаб-невроз), ба пойҳо барои дар марҳилаи аввали варикози пойҳо, буғумдардҳои дасту пойҳо (дар давраи бехурӯҷӣ) таъсир расонад, асабҳоро оромӣ ва дардро таскинбахшу табобаткунанда аст.
Релакс, ки маънояш дар англисӣ фароғат аст – барои маҳси тахтапушт пешбинӣ гаштааст. Маҳси мавҷнок (вибромассаж) бештар таъсираш ба рафъи бемориҳои сутунмӯҳра, дарди тахтапушт ё газаки мӯшакҳои тахтапушт – миозит, равона мегардад. Ин асбоб ҳамчунин барои муолиҷа ва пешгирии остеохондроз ва ғурраи байни мӯҳраҳои сутунмӯҳра (грыжа диска) истифода мешавад.
Флексоматик – баҳри ислоҳу дуруст кардан, ё барқарорсозии андом (коррекция фигуры), ҷамъшавии равған (целюлит) дар шикам ё дигар ҷойи бадан аст. Яъне тариқи маҳс бо ин асбоб равғанҳоро об карда, беморро ҳам солиму ҳам зебо кардан мумкин аст.
Душ Шарко бошад, барои оромии асабҳо, баровардани намаки бадан, табобати бемориҳои гуногуни устухону мушакҳо пешбинӣ шудааст.
Ваннаҳо бо маҳси обӣ бо истифода аз намакҳои баҳрӣ, ки барои муолиҷаи бемориҳои асаб, рафъи целюлит, барқарор кардани тароват ва тарангии пӯсти бадан нигаронида шудааст. Қобили тазаккур аст, ки чунин ваннаҳоро мо вақтҳои охир бо истифода аз намакҳои хушбӯйи истеҳсоли Тоҷикистон ва бо гулу гиёҳҳои ватанӣ аз қабили намакҳо бо райҳон, пӯдина, арчадона, гули садбарг, гули хуч омехта гаштаанд ва ба гардиши хун ё ҷавоншавии бадан мусоидат мекунанд, омода мекунем. Чунин ваннаҳо дар ҳолати фишорбаландии дараҷаи якум низ ба беморон кӯмак мекунад.
Радармед. Бо ин таҷҳизот бо мавҷҳои бошиддати барқӣ, ба устухони мушакҳо дар ҳолати бемориҳои бурсит леозит, артрит, хушкшавии кафи пой (миказия стоп), дарди миёну устухони кос таъсир расонида, онҳоро табобат мекунанд.
Лазер. Дар ду намуд – дохилирагӣ ва ба болои пӯст истифода мешавад. Лазери дохилирагиро мо барои фишорбаландии шарёнӣ ва бемориҳои баланд шудани холестерини хун, ишемияи дил ва ғайраҳо истифода мекунем.
Галакамера барои кулли бемориҳои роҳи нафас тариқи бойгардонии оксиген тавассути заррачаҳои минуса бо истифода аз намакҳои кӯҳи «Хоҷамӯъмин» пешниҳод мегардад. Беморон бо нафас кашидан дар муҳити нимторики оромкунандаи асаб, бо шунидани мусиқии ороми форам ин заррачаҳоро қабул мекунанд.
– Дилором Ғаниевна, Шумо дар «Баҳористон» ягона бонуед, ки мақоми роҳбарӣ доред, аз нигоҳи як сарвар бартарияти ин макони фароғатиро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?
– «Баҳористон» осоишгоҳи замони муосир аст. Тамоми шароити фароғат аз нигоҳи замонавӣ муҳайё гаштааст. Беҳтарин толори варзишӣ, имконияти тамошои филмҳо аз тариқи 3D-синамо, боулинг, диско-клуб, чойхона, бассейнҳои тобистонаву зимистона, теннис, муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ, шаҳраки кӯдакона (барои тифлоне, ки ҳамроҳи модарон ҳастанд, мураббияҳо бо бозиҳои шавқовари замонавӣ) ва аз ҳама муҳим хизматрасонии олиҷаноб, муомилаи пурмеҳри кормандону хизматрасониҳоро метавон аз шумули бартариятҳои ин осоишгоҳ номид.
Ҳамчунин микроклимати аз оксиген бойи назди баҳр, ки ин ҳама барои оромсозии асабҳо мусоидат мекунад, метавонад чун як бартарияти «Баҳористон» аз дигар осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ эътироф гардад. Бубинед, арчазорҳои сарсабзи ин мавзеи диданӣ қабатҳои азонии ҳаворо серун мегардонанд. Ин ҳама барои барқарорсозии саломатии истироҳаткунандагон мусоидат намуда, кайфияти онҳоро афзун мегардонад.
– Оё аз таҷрибаи 6-7-моҳаи истироҳаткунандагони «Баҳористон» метавон аз нуқтаи назари гендерӣ муайян сохт, ки шумораи истироҳаткунандагон аз лиҳози ҷинсиятӣ (гендерӣ) чӣ тавр аст? Мардҳо бештар дам мегиранд ё занон ба барқарорсозиву табобат ниёз доранд?
– Дар муқоиса бо солҳои пешин (ҳатто даврони шӯравӣ), хушбахтона, ба фароғату табобат ниёз доштани занонро дар ҷомеаи мо бештар дарк мекардагӣ шудаанд. Аввалҳо чунин минталитет буд, ки мардҳо бояд «курорт» раванд. Хуб аст, ки қолаби ин фаҳмиш шикаста шудааст ва занони зиёде аз хизматҳои осоишгоҳи «Баҳористон» баҳраманд шудаанд. Ҳатто метавон дар ин маврид гуфт, ки то имрӯз тавозуни гендерӣ пойбарҷост ва аз лиҳози фоиз 50 ба 50 зану мард ба истироҳат омадаанд. Ин ҳамаро нишонаи пешрафти ҷомеа, ташаккули шуури фарҳангӣ ва баланд гаштани мавқеи занон дар ҷумҳурӣ номид.
– Аз фарҳанг ёдрас гаштеду суоле пайдо шуд. Фарҳанги истироҳаткунандагон дар ин макони тозаву озода, замонавию зебо чӣ гуна аст?
– Мутаассифона, наметавонам ин ҷо ба ҳама баҳои баланд ё баръакс, хеле паст диҳам. Инсонҳо гуногунанд, дараҷаи маърифати онҳо низ ҳархела аст. Ашхоси бофарҳанги зиёдеро метавон ин ҷо вохӯрд, вале мутаассифона, мардҳое ҳам меоянд, ки бемалол рӯйи ин қолинҳои рангобаранги наппа-нав метавонанд… нос туф кунанд. Нафароне ҳам вомехӯранд, ки ҳангоми табобат гирифтани дигарон баланд-баланд бо телефони дастӣ гап мезананду асаби дигаронро мехарошанд. Ҳаст одаме, ки бе ҷанҷол зиндагӣ карда наметавонаду бе ягон сабаби воқеӣ табъи ҳамшираҳои тиббӣ ва ё истироҳаткунандагони дигарро бо ҷанҷоле хира мекунад.
Хулоса, бисёр мехостам, ки одамон фарҳанги рафтору гуфторро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хоса дар ҷое, ки барои фароғат пешбинӣ гаштааст, омӯзанд. Худро ва дигаронро беҳуда асабӣ накунанд. Зеро ҳар нафаре барои табобату фароғат маблағ сарф карда ба ин ҷо меояд. Мо дар навбати хеш барои фароҳам овардани маишати онҳо ҳама кори аз дастамон омадаро мекунем.
– Аз нигоҳи Шумо кор дар кадом самт ба такмил ниёз дорад? Ва чиҳоро бояд тағйир дод, ё илова намуд?
– Нахуст тариқи роҳхат (путёвка) омадани мизоҷон бояд ба роҳ монда шавад. То ашхоси аз роҳи дур меомада аниқ донанд, ки барояшон хонаву ҷой ва тамоми шароит барои рӯзҳои муайян, ҷудо гаштааст. Ҳарчанд интихоби мутахассисони «Баҳористон» дар асоси озмун аст, вале ба кадрҳои баландихтисоси зиёди дигар ҳанӯз ниёз дорем. Омӯзонидани бахши хидматгузорон (сервис) ҳанӯз такмилу кор мехоҳад. Чуноне ки худ шоҳид гаштед, тамоми таваҷҷӯҳи маъмурияти осоишгоҳ ба масоили табобату истироҳат равон гаштаву хеле муваффақ ҳам шудаем, вале ману Шумо хуб медонем, ки барои бонувон зебогӣ аз ҳама чиз муҳимтар аст. Яъне, мақсади калидии зиндагии занон ин нигоҳдории ҷавонӣ ва зеботар шудану солим будан аст.
– Дар ин самт чӣ нақшаҳое доред? Агар «Баҳористон» бо ин ҳама бартариятҳо боз ба бонувон ҷавониву ҳусн бахшида тавонад, бовар кунед, дигар роҳхати осоишгоҳро пайдо кардан ҳам душвор мешавад. Ба фикрам бонувон барои зебоиву ҷавонӣ чизеро дареғ намедоранд, ё не?
– Бале, мақсади ман ҳамин андешаро баён доштан буд. Ёд доред, дар боло ман дар бораи таҷҳизоти «Флексоматик» ёдовар шудам. Агар мо, мутахассисони косметологи хуб ёбем, бо ин асбоб ва бо дарёфти лавозимоти зарурӣ корҳои зиёде барои зебогии чеҳра метавон кард. Тариқи маҳси он метавон таровати пӯстро барқарор ва ожангҳоро рафъ кард. Ҳамчунин дар назар аст, ки утоқи косметологии муосире таҳия намоем, ки бо навтарин таҷҳизот дар сатҳи байналмилалӣ ба бонувон хидмат расонида тавонад. Айни замон ҳамон ваннаҳои маҳсдор бо истифодаи намаку гиёҳҳои муолиҷавӣ ҳам аллакай таъсири косметологӣ доранд. Дар маҷмӯъ, зебоӣ аз саломатӣ сарчашма мегираду саломатӣ аз осоиш.
Биёед ба «Баҳористон»-у ҷавон, саломат, зебо ва болидарӯҳ бигардед. Биёянд, мизоҷон ва бо чашми хеш бубинанд, ки ин ҳама ғамхориҳоро давлат ба хотири барқарорсозии саломатӣ ва осоиши рӯҳу тани шаҳрвандони азизи кишвар кардааст.
– Ташаккур, боварӣ дорам, бонувон аз ин даъвати Шумо дар канор нахоҳанд монд.
Ҳуриннисо Ализода,