Мақолаи дар шумораи рақами 1-и имсолаи маҷалла дар бораи кӯдакони 7-14-солаи нобино бо номи «Маҳкум ба нобиноии дигар» навиштаам маҷбурам кард, ки ба тақдири ин гурӯҳ кӯдакон, ки бе ташхис ба мактаб фаро гирифта шудаанд, бетараф набошам. Ба худ андешидам, ки Гулнораи 12-сола пеш аз ба мактаб фаро гирифтан аз ташхиси тиббӣ гузашта буд? Агар не, пас барои чӣ бе гувоҳномаи тиббӣ ӯро ба мактаб қабул карданд? Агар волидайн ҳам гувоҳнома пешниҳод карданд, он қалабакӣ буд. Ба монанди Гулнора садҳо ва аз он зиёдашро вохӯрдам ва шунидам, ки бо чунин аҳвол дар мактаб бо мушкилӣ аз пайи омӯзиш ҳастанд. Мо ҳам барои ин ки чаро хонандагонро бидуни гувоҳномаи тиббӣ ба макотиб қабул мекунанд, думболаи омӯзиши вазъ рафтем.
Масъала ин ҷост, ки волидон худ гунаҳгор ҳастанд. Онҳо ба кӯдаки ҳафтсолаи худ бо пул (ё ҳар роҳи дигар) гувоҳномаи қалбакӣ гирифта, онро ба мактаби кӯдак ҳамроҳи варақаи шахсиаш пешниҳод мекунанд. Дар чунин ҳолат кӯдак хоҳ бо нуқсони чашм, хоҳ асаб ва ё дилу шуш паси парда монда, аз назари табибон ва ҷомеа дур мемонад ва дар давоми се, чор соли таҳсил якбора он камбудӣ боз бештар дар вуҷуди ӯ хурӯҷ мекунад. Ба ҷойи табобат ва сиҳат кардани он, баръакс, ӯро бе назорат ва табобат монда, ба бемории дар ҷисмаш буда дучанд гирифтор мекунем. Аламовар он аст, ки имрӯз 90% гувоҳномаҳои тиббӣ \формаи 26\ ба кӯдакон бе ташхиси асосии тиббӣ дода мешаванд. Исботи ин гуфтаҳо хеле осон аст. Барои исботи ин танҳо метавон хулосаи тиббии чашмро мисол овард, ки мутахассисони соҳа мегӯянд, ки аз 100% кӯдакони аз модар таваллудшуда, мувофиқи тадқиқотҳои чандсолаи пай дар пайи табибон 15-20%-шон аз модар наздикбин ба дунё меоянд. Ин маънои онро дорад, ки ин гурӯҳи кӯдакон ҳам дар хона ҳам дар мактаб бояд ҳатман айнак дошта бошанд, ки барои барқарорсозии камбудии чашми онҳо ва минбаъд зиёни бештар нарасидан ба наздикбинии онҳо муҳим аст. Агар исботи ботилии гувоҳномаҳои тиббиро хоҳед, дар дилхоҳ мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ меҳмон шавед, ягон хонандаи айнакдорро намебинед. Ин маънои онро надорад, ки ҳамаи хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва асосӣ аз узви биноӣ камбудӣ надоранд, яъне ҳама гувоҳномаҳо қалбакӣ дода шудаанд. Барои чӣ дар шаҳрҳои калону обод ва давлатҳои пешрафта дар ҳар як синф як ё ду хонандаи айнакдор таҳсил мекунад. Аз рӯйи фоизи нишондодаи табибон дар дилхоҳ мактаб чунин кӯдакони наздикбин аз ду то 8-10 нафар ҳастанд. Барои қалбакӣ будану исботи гуфтаҳои худ ба чанд мактаб ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташриф овардам.
Дар мактаби миёнаи деҳаи Пушкини ноҳияи Ҳамадонӣ аз роҳбари мактаб ҳуҷҷатҳои чанд синфро барои доштан ва ё надоштани гувоҳномаи тиббӣ пурсон шудам. Дар ин ҳуҷҷатҳо танҳо дар як пора варақи дафтар бо як ҷумла навиштаанд, ки солим аст. Ҳатто ному насаби он хонанда набуд. Дар зер бошад, мӯҳри бунгоҳи тиббии деҳа гузошта шуда буду халос. Боз чанд синфи дигарро низ дидем, ҳама ҳамин аҳвол…
Дар ноҳияи Данғара, хостам шумораи кӯдакони синни ҳафтсолаи ба мактаб мерафтаро дар давоми се моҳи тобистон фаҳмам. Ҳарчанд табиби чашми беморхонаи марказии ноҳия мехост маро дилпур кунад, ки волидайн кӯдаконашонро оварда аз ташхиси тиббӣ, бахусус аз духтури чашм гузаронидаанд, вале бо дидани китоби қайди муроҷиаткунандагон маълум шуд, ки ҳамагӣ кӯдакони синни ҳафтсола шаш нафар буданд. Ин худ исботи бе гувоҳнома ба мактаб фаро гирифтан ва ё бо гувоҳномаи қалбакӣ ба мактаб рафтани кӯдакон мебошад.
Ба дармонгоҳи марказии кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб меҳмон шудам. Баъди пешниҳод ва пурсиши банда, директори марказ Камолиддин Икромов сараввал гуфт, ки ҳамаи кӯдакони мактабхони шаҳр аз ташхиси тиббии духтурони мо гузашта, баъд ба синфи якум мераванд. Пурсон шудам, ки гуфтаҳояшро исбот карда метавонад? Он кас гуфт, ки мо қайди махсус дар бораи кӯдакони ҳафтсола ва мактабӣ надорем. Баъдан ба он кас гуфтам, ки: – Бародар, китоби ҳаррӯзаи қабули беморони ҳар табиби соҳавии марказ дар алоҳидагӣ вуҷуд дорад? Посух доданд, ки бале. Ҳамчунин пурсидам, ки ҳар як бемори муроҷиаткарда соли таваллудаш сабт шудааст? Посух доданд, ки бале, ҳаст. Маслиҳат шуд, ки худам кӯдакони соли таваллуди 2004-2005-ро, ки дар давоми ду-се моҳи охир ба Шумо муроҷиат намудаанд аз китоби қайди ҳар мутахассиси марказ ҳисоб кунам. Мудир ба муовинаш супориш дод, ки ҳамаи китобҳои қайди се табиби соҳаро пешниҳод намояд.
Дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 4 маркази саломатии кӯдакона фаъолият мекунад. Аз ҷумла, ба минтақаи фаъолияти маркази саломатии рақами 1 чор мактаб шомил аст ва имсол 486 кӯдаки ҳафтсола ба ин чор мактаб фаро гирифта шудааст. Ҳамаи ин 486 кӯдак бояд аз ташхиси тиббии мутахассисон: духтурони кӯдакона, асаб, чашм, ҷарроҳ, дандон гузаранд. Ҳамчунин, эмҳои гирифтаи кӯдак то рӯзи ба синфи як рафтанаш бояд ҳатман қайд шуда бошанд. Пас аз санҷишу ба ҳисоб гирифтани мо маълум гашт, ки аз 486 кӯдак, танҳо 52 нафар аз ташхиси духтури бачагона ва 47 нафар аз духтури асаб гузаштаанду халос. Баъди ин ҳолат директори марказ Икромов гуноҳро бар дӯши волидайн бор кард. Инчунин дар ин кор омӯзгорони мактабҳоро низ гунаҳгор ҳисобида гуфт, ки омӯзгорони синфи 1 набояд кӯдаконро бе гувоҳномаи тиббӣ (формаи 26), қабул намоянд. Барои ислоҳи ин вақти зиёде лозим мешавад, то ки ҳама бифаҳманд. Дар мавриди нуқсони кори духтурон бошад, ҳарфе нагуфт. Ҳарчанд, ки духтурон худ низ дар ин кор гунаҳгори асосӣ ҳисоб мешаванд. Чунки ҳамшираҳои шафқат дар додани гувоҳномаи тиббии қалбакӣ олуда ҳастанд. Бе гузаштани ташхис онҳо ба василаи чизе ба волидайн гувоҳномаи лозимаро пешниҳод мекунанд.
Ба мактаби рақами 1-и шаҳри Кӯлоб се-чор маротиба омадам ва хостам вазъро дар ҳуҷҷатҳои хонандагон бубинам. Бори аввал соатҳои 11-20 дақиқа рафтам. Ҳарчанд рӯзи дуюми дарс буд, на омӯзгореро ёфтаму на роҳбари мактаб ва на талабагонро, ба ҷуз аз фаррош. Худи ҳамон рӯз боз такроран дар басти дуюми дарсӣ, соати 14 ба мактаб ҳозир шудам. Коргузор ва мудири қисми илмӣ пайи ёфтани директор шуданд, вале ҳеҷ не, ки ӯро биёбанд. Мудири илмӣ бошад, бе иҷозати роҳбари мактаб баррасии масъалаи мавриди назарро дастгирӣ накард. Боз чанд рӯз пас ба он мактаб омадам, ин маротиба низ на роҳбарро ёфтаму на мудирони илмиашонро. Ин мисол аз як мактаби беҳтарин ва намунавии шаҳри Кӯлоб буд. Дар мактаби рақами 3, ба номи Шамсиддин Шоҳин низ бо дархости банда, директори мактаб Сангиаҳмадова ҳуҷҷатҳои ду синфи якро пешниҳод кард. Дар ҳуҷҷатҳои эшон як дафтари аз санҷишгузарии тиббӣ мавҷуд буд, дар дохили он чор духтур сабт ёфта буду дар рӯ ба рӯйи ҳар мутахассис имзо. Ному насаби духтурони мутахассис набуд. Лекин дар ҳеҷ кадом гувоҳномаи шогирдон на духтури чашм навишта шуда буду на қайди он, ки аз ташхиси тиббии духтури чашм гузаштааст. Аз муаллимаи синфи 1-и мактаби мазкур Гулнора Насриддинова пурсон шудам, ки барои чӣ бо чунин ҳолат ҳуҷҷатҳои кӯдаконро аз волидайн қабул кардед? ӯ гуфт: “Ман аз куҷо медонам, ки аз духтури чашм ҳам бояд кӯдакон гузаранд”.
Қариб аксарияти мактабҳои шаҳр як ҳамшира ё бародари шафқат доранд ва он мунтазам аз саломатии кӯдакон огаҳ мешавад. Ҳамшираи шафқати мактаби 3 ба назди ман як даста ҳуҷҷатҳоро овард. Гуфтам, ки беҳтараш бигӯед, ки чаро шогирдони мактаб аз ташхиси тиббии духтури чашм нагузаштаанд. Посух дод, ки ҳамин хел камбудӣ ҳаст. Инчунин, ишора кард, ки ҳамшираҳои минтақавии марказҳои саломатӣ дар додани гувоҳномаи тиббии қалбакӣ худ гунаҳгоранд. Аз ҳамшираи шафқат ва директори мактаб инчунин пурсидам, ки аз 1200 хонанда чанд нафар бо айнак мактаб меоянд? Посух гирифтам: ҳамаашон бе айнак ҳастанд. Гуфтам, наход дар байни 1200 хонанда ягон нафар наздикбин набошад? Онҳо ҳарфе нагуфтанд.
Танҳо дар мактаби 53-и шаҳри Кӯлоб мушоҳида кардам, ки ба ҷуз се-чор хонанда дигарон гувоҳномаи тиббӣ доранд. Гӯё ҳама шогирдон камбудие надошта, солиманд. Шумораи умумии хонандагони мактаб 1739 нафарро ташкил мекунад. Аз ин шумора низ хеҷ кадоме айнак надоранд. Ин худ гувоҳи рӯякӣ ва ё пурра нагузаштани хонандагони мактабҳоро аз ташхиси тиббӣ нишон медиҳад.
Дар натиҷаи ковишҳои мо маълум шуд, ки қисме аз беморхонаҳо як қатор мутахассисонро надоранд, аз ҷумла духтари чашм. Мудири маркази саломатии кӯдаконаи рақами 2, шаҳри Кӯлоб Олимҷон Шарифов ин гуфтаро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ онҳо ҳар сол дар мавсими ташхиси тиббӣ духтури чашмро аз касалхонаҳои вилоятӣ даъват мекардаанд.
Тибқи омори Маркази вилоятии бемориҳои чашми шаҳри Кӯлоб танҳо аз шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар диспансери касалиҳои чашм 150 нафар кӯдаки аз 9 то 11-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки нуқси узви биноӣ доранд. Наздикбинанд ва ё узви биноиашон осеб дидааст. Дар давоми соли 2010 мо аз тамоми 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб 6 нафар мактаббачаро бо сабаби садамаи чашм ҷарроҳӣ кардем. Имсол бошад, дар давоми ҳашт моҳ танҳо ду нафарро ҷарроҳӣ намудем, – гуфт О. Шарифов.
Хулосаи омӯзиши масъала ин аст, ки гувоҳномаҳои тиббии хонандагони минтақа дар бештари ҳолат як варақаи дафтар аст, ки навиштаҷоти «солим аст»-ро доранд. Ва таассуфовар ин аст, ки онҷо ё мӯҳри бунгоҳи тиббии деҳа аст ва ё кадом муассисаи тиббии дигар. Агар ҷомеаи солим мехоҳем, ояндаи ободи Ватанро мехоҳем, худ теша бар решаи худ назанему аз худфиребӣ ба кори воқеӣ гузарем. Вазорати тандурустӣ ва маориф бояд рӯйи ин масъала амиқтар чораандешӣ кунанд.
Билоли Шамс