– Собирҷон, «Баҳористон» фаъолияти худро аз кай оғоз намуд?
– «Баҳористон» аз таърихи 25 май дарҳои худро бар рӯйи мизоҷон боз кард.
– Ин осоишгоҳ якзамон чанд нафар истироҳаткунандагонро қабул карда метавонад?
– Рӯзҳои аввал барои 310 нафарро қабул мекардем. Бо ибтикори Президенти кишвар бинои нав ба истифода дода шуд ва акнун мо метавонем боз 200 нафари дигарро ба таври илова бипазирем.
– Ба ғайр аз истироҳат мизоҷони шумо кадом намуд бемориҳои худро табобат намудан метавонанд?
– Дар мадди аввал бемориҳои марбут ба асабро таҳти муолиҷа мегирем, зеро вақте аъсоб мариз мешаванд, таъсири манфии он ба дигар узвҳои бадан мерасад. Ҳамчунин касалиҳои дил, узвҳои ҳозима, диабети қанд, фишори хун меъда ва рӯда муолиҷа мешаванд, ки дар навбати хун ба аъсоби инсон вобаста мебошанд. Ба ҳамин хотир, мо мутахассисҳои беҳтарин дар ин риштаҳоро ба кор гирифтаем. Бемориҳои амрози занона, эндикринология, гӯшу бинӣ ва меъда низ дар «Баҳористон» муолиҷа мешаванд. Намудҳои мухталифи маҳси бадан истифода мегарданд, ки ба обутобёбии организм ва оромии асаб мусоидат менамоянд.
– Барои дар сатҳи баланд пазируфтани истироҳаткунандагон бояд гурӯҳи хуби табибон ва таҷҳизоти муосир мавҷуд бошад. Оё шумо ин имкониятҳоро дар ихтиёр доред?
– Дар шароити феълӣ мо ҳама имкониятҳоро дорем. Агар, шумо ба ҳайати пизишкони «Баҳористон» таваҷҷӯҳ зоҳир намоед, аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, зеро дурнамои хубе дар ихтиёр дошта, аз таҷҳизоти муосири Аврупо ва Ҷопон истифода мебаранду бо компютер хеле хуб кор мекунанд. Ҷавонӣ имкон медиҳад, ки онҳо ғояҳои доштаи худро амалӣ созанду навоварӣ намоянд. Аз ҷониби худ мо онҳоро барои бозомӯзӣ ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Чину Иттиҳоди Аврупо мефиристем. Дар масъалаи таҷҳизоти тиббӣ бошад, гуфтаниям, ки қабл аз оғози фаъолият мо аз тариқи Интернет ин масъаларо ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор додем. Истироҳатгоҳҳои беҳтарини дунёро омӯхта, таҷҳизоти пешрафтаро аз Русия, Итолиё, Олмон ва Чин харидорӣ кардем.
– Феълан чанд нафар кормандони риштаи тиб дар «Баҳористон» фаъолият доранд?
– 14 нафар пизишкон ва 35 нафари дигар ҳамшираҳои шафқат дар хидмати ммзоҷон мебошанд. Азбаски дар оянда ният дорем барои пазироии 700 нафар истироҳаткунанда ҷой тайёр намоем, таносубан теъдоди кормандони риштаи тиб низ зиёд хоҳад шуд.
– Ба ғайр аз пизишкони хуб ва шароити олӣ барои ҷалби мардум муомилаи нарм ва дилписанд лозим аст. Туркия, кишварҳои Аврупоӣ ва Чин аз ин тариқ мардумро ба худ ҷалб менамоянд. Дар ин маврид корҳо чи тавр ба роҳ монда шудаанд?
– Ҳар ҳафта дар мавриди муомила бо истироҳаткунандагон мавзӯеро интихоб намуда, бо кормандони худ дарс мегузарем. Илова бар ин, барои баланд бардоштани мааърифати пазироии онҳо барномаҳое таҳия кардаем, ки тибқи он ҳамшираҳои шафқат барои омӯзиш ва ё бозомӯзӣ ба кишварҳои хориҷ мераванд. То имрӯз аз ҷониби истироҳаткунандагон дар нисбати муомилаи кормандонамон танҳо суханони нек шунидаем.
– Тайи ин муддат оё ба қайд гирифтаед, ки аз кадом минтақаҳои Тоҷикистон мардум бештар ба истироҳат меоянд?
– Азбаски «Баҳористон» дар вилояти Суғд ҷойгир аст, аксаран мардуми ин минтақа ба истироҳат меоянд. Баъдан аз шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он. Аз Кӯлоб ва Қурғонтеппа низ истироҳаткунандагон зиёданд. Моҳҳои охир ҳатто аз Бадахшон меоянд.
– Оё миёни истироҳаткунандагон дар мавриди назари онҳо ба фаъолияти худ бозпурсие анҷом шудааст?
– Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа як нафар пизишки мо мавзӯеро дар иртибот ба ин ва ё он беморӣ тайёр карда, ба бинои марказӣ рафта, бо мардум суҳбат менамояд. Баъд аз муҳокимаи мавзӯъ як нафар масъули идорӣ аз ҷониби роҳбарияти «Баҳористон» бо мардум гуфтугӯ намуда, пешниҳоду эродҳои шударо сабт карда, ба мо пешниҳод менамояд. Роҳбарият дар навбати худ барои беҳтари ба роҳ мондани кор чораҳои фаврӣ мебинад. Илова бар ин, ҳар ҳафта миёни истироҳаткунандагон бо анкетаҳо бозпурсӣ анҷом мешавад.
– Дар урфият мегӯянд, ки истироҳати хуб беҳтар аз табобат аст. Дар мавриди барномаҳои фарҳангии «Баҳористон» ба хонандагон каме иттилоъ медодед?
– Аввалан, бояд бигӯем, ки осоишгоҳи «Баҳористон» дар канори баҳр мустаққар аст, аз ин рӯ, боду ҳавои форами он бевосита барои истироҳат мусоидат менамояд. Дар осоишгоҳ кинотеатри калоне дар хидмати истироҳаткунандагон аст. Баъзе рӯзҳо овозхонҳо омада, чанд соате бо сурудҳои дилниши худ табъи мардумро шод мегардонанд. Осоишгоҳ автобуси худро дорад, бинобарин рӯзҳои истироҳат мизоҷонро ба таври ройгон ба шаҳри Хуҷанд ва дигар ҷойҳои тамошобоби навоҳии гирду атроф мебарем. Бояд қайд кард, ки дар «Баҳористон» аз дигар кишварҳои дуру наздик низ барои истироҳат меоянд. Барои бачаҳо боғи алоҳида сохтаем, барои ҷавонон бошад, дискоклуб дорем.
– Барои ба варзиш машғул шудани мизоҷон коре анҷом шудааст?
– Ду зали муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои варзишии муосир ва ҳамчунин варзишгоҳи хубе дорем, ки шаборӯз дар ихтиёри истироҳаткунандагон мебошанд. Рӯзи аввали ташхис духтур ба истироҳаткунанда варзишро тавсия медиҳад, бинобарин дар варақаи аввал саҳфаи варзишро ҷо кардаем. Майдончаҳои футбол, волейбол, баскетбол ва теннис дар хидмати мизоҷон мебошанд. Ҳудуди «Баҳористон» 18 гектарро ташкил медиҳад. Майдончае муҷаҳҳаз намудаем аз волесипедҳо, ки хоҳишмандон метавонанд дар вақтҳои холӣ бо истифода аз он ба варзиш ва тамошо машғул шаванд.
– Гуфтед, ки шаҳрвандони хориҷ ҳам меоянд. Лутфан бигӯед, ки аз кадом кишварҳо ташриф меоранд?
– Бештар аз кишварҳои ҳамсоя, яъне ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон. Ҳамчунин аз Русия, Амрико, Фаронса ва Чин меоянд. Аз Амрико дар як омадан 40 нафар ба истироҳат омад.
– Оё шаҳрвандони хориҷӣ қабл аз баргаштан назари худро оид ба шароити «Баҳористон» иброз доштанд?
– Оре, такрор ба такрор мегуфтанд, ки соли оянда ба осоишгоҳи мо бармегарданд.
– Масъалаи муҳиме, ки хонандагонро бештар ҷалб менамояд ин нарху наво аст. Дар ин маврид каме маълумот медодед?
– Дар муқоиса бо дигар осоишгоҳҳои Тоҷикистон нарх баландтар аст. Зеро шароит ва иқлиме, ки мо дорем, дар дигар осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ мавҷуд нест. Новобаста ба ин кӯшиш намудем, то истироҳат ва муолиҷа дар «Баҳористон» барои ҳама қишрҳои ҷомеа имконпазир бошад. Аз 95 то 500 сомонӣ барои як шабонарӯз дар назар дошта шудааст. Яъне ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ вобаста ба имконияташ омада истироҳат ва табобат гирифтан метавонад. Маблағи номбаршуда ҳам барои истироҳат ва ҳам муолиҷа пешбинӣ шудааст. Илова бар ин мизоҷон бо се вакт хӯрок таъмин карда мешаванд.
– Саломатии инсон қабл аз ҳама ба фарҳанги таҳияи таъом вобаста аст. Ба мизоҷони осоишгоҳ чи гуна хӯрокҳо пешниҳод мегардад?
– Вақти омадан мизоҷ аз ташхиси духтур мегузарад ва вобаста ба вазъи саломатиш дар ошхона мизе таъйин мегардад, ки хӯрокҳои таҳия шудаи он барои табобат пешбинӣ шудаанд. Ин таҷрибаи нав дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар кишварҳои пешрафта ин тарзи пазироӣ хеле роиҷ аст.
– Оё барои собиқадорони меҳнат ва маъюбон имтиёзе таъйин шудааст?
– Аз оғози фаъолияти осоишгоҳ вақти зиёде нагузашта бошад ҳам, мо кӯшиш намудем барои ин намуд шаҳрвандон имтиёз таъйин намоем. Ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар имтиёздорон бе навбат хизмат расонида мешавад.
– Ҷахони муосирро бе кампютер ва Интернет тасаввур кардан имкон надорад. Дар ин бахш корҳое анҷом гардидаанд?
– Дар ошёнаи чоруми бинои марказӣ компютери бо Интернет пайваст дар ихтиёри мизоҷон қарор дорад. Ҳамчунин сомонаи осоишгоҳ фаъол аст. Хоҳишмандон бевосита метавонанд аз тариқи он дар бораи осоишгоҳ иттилоъ дарёфт намуда, бо мо иртибот бигиранд.
– Ҳеҷ коре бе камбуд намешавад. Ҳолатҳоеро гуфта метавонед, ки мизоҷон эроде гирифта бошанд?
– Дуруст аст, бе камбуд фақат Худои таъоло аст. Рӯзҳои нахусти фаъолият мизоҷон дар мавриди кори пизишкон ва ҳамшираҳои шафқат эрод мегирифтанд. Мо ин камбудиҳоро хеле зуд ислоҳ кардем, то сафи истироҳаткунанданон биафзояд. Дафтари арзу шикоятҳоро ҳар ҳафта мавриди бозомӯзӣ қарор дода, чораҳои фаврӣ меандешем.
– Чи гуна барномаҳо барои оянда аз ҷониби шумо пешбинӣ гардидаанд?
– Барои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани дониши пизишкон ва дигар кормандони бахши тандурустии «Баҳористон» онҳоро ба кишварҳои дигар мефиристем. Шароит дорем. Таҷҳизоти тоза ихтироъшударо аз кишварҳои пешрафт саривақт харидорӣ менамоем. Таҷрибаи осоишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳониро омӯхта, дар «Баҳористон» пиёда хоҳем кард. Бинои наве месозем, ки ҳама шароит дар он муҳайё бошад.
– Оё дар осоишгоҳ китобхона ҳаст?
– Албатта, дар бинои марказӣ китобхонаи муосире фаъолият дорад, ки мизоҷон аз он ба таври густурда истифода менамоянд.
– Масъалаи таъмин намудани мизоҷон бо маҷаллаву рӯзномаҳо чи тавр ба роҳ монда шудааст?
– Дар даромадгоҳи ошхона тамоми рӯзномаҳову маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба фурӯш гузошта шудаанд.
– Ба хонандагони мо чи гуфтанӣ доред?
– Ҷумҳуриямон рӯз ба рӯз обод шуда истодааст. Яке аз самараҳои истиқлоли он ҳамин осоишгоҳи «Баҳористон» аст. Мехоҳам ба шаҳрвандони Тоҷикистони азиз бигӯям, ки дигар барои истироҳат ва муолиҷа ба кишварҳои дури хориҷӣ нарафта, ба осоишгоҳи мо биоянд. Тамоми шароит муҳайё шудааст. Мо дар хизмати онҳоем.
– Ташаккур ва ба Шумо бароир кор мехоҳем.
Эмомалӣ Сайидамирзод