23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
«ВЫВЕСТИ ЖУРНАЛИСТА» Ё МО АЗ ЧӢ МЕТАРСЕМ?
Бо супориши идора бо мақсади ошноӣ бо вазъи ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №204 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012» дар таваллудхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе, субҳи 9-уми январ ба он ҷо рафтам. Ҳаво сард буд. Ба истилоҳи мардум «офтоби бачакуш» ҳеҷ таъсире ба ин сардии зимистон наметавонист бирасонад. Новобаста аз сардии ҳаво ва субҳи барвақт нафарони зиёде дар ҳавлии беморхона ҷамъ омада буданд. Роҳҳои яхпӯши саҳни ҳавлии беморхонаро дидаму дар ҳайрат афтодам. Роҳҳои яхпӯши кӯчаву бозорро бисёр дидаву таҳаммул кардаем, аммо ин ҳолатро дар таваллудхона низ мушоҳида намудем. Мабодо пойи зани ҳомиладоре билағжад… (Умуман тоза кардани роҳравҳо аз барф, ба хотири бехатарии одамон, дар аксари идораву муассисаҳо дида намешавад).
Вориди бинои асосӣ гашта, бо фарроше рӯ ба рӯ шудам. Долони бино низ бисёр сард буд. Шояд аз шиддати ҳамин хунукӣ ва оби сард бошад, ки дастони ин зан сурх шуда буданд. Пурсидам, ки маслиҳатгоҳи занона дар куҷост?
«Ташкилотҳои давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро диҳанд»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», моддаи 5..
Дар аввал хостам вазъро бе мудохилаи масъулон бубинам. Зеро журналист тибқи салоҳияташ аз рӯйи моддаҳои 30-31 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», ҳуқуқи ворид шуданро ба ҳар корхонаву муассисаҳо (ба шарте он бинои стратегӣ набошад) дорад. Аммо маъмулан роҳбарони чунин муассисаҳо аксаран онҳоро ба ҷойҳои «намунавӣ» сафарбар карда, воқеиятро пинҳон медоранд. Аз ин рӯ, бо чашми худ дидани журналист тибқи рисолати вазифааш маҳсуб мешавад.
Чӣ аҷаб! Роҳбарият дар ҳавои сарди зимистон (гӯё фаслҳои дигар имкон надорад) тасмими тармим гирифтаст. Дарҳо аз ҳар ду ҷониб бозу шамоли тунд дар долон мевазид. Маҳсулот ва анҷоми кории таъмиргаронро дидем, аммо устоҳоро на.
– Мумкин онҳо ҳам аз шиддати сардии бино корро ба умеди рӯзҳои гарм мавқуф гузошта бошанд, - гуфт беморе ба ман. Ҳама - чӣ кормандони беморхона ва чӣ корафтодагон, ба хотири аз сардӣ паноҳ ёфтан, дастонро мушт карда, ё дар бағал гирифта, бо мақсади гарм шудан қарор наистода, равуо менамуданд.
«Журналист ҳуқуқ дорад, ки:
1) ахбор дарёфт намояд, гирад ва интишор намояд;
2) вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсӯҳбат шавад;
3) ҳама гуна фактро, аз ҷумла бо роҳи истифодаи воситаҳои техникӣ, аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», моддаи 31
Ба ошёнаи дуюм баромадаму дохили шӯъбаи маслиҳатгоҳи занона шудам. Долон нимторику сард. Ҷо-ҷо занҳо дар назди дарҳо интизор истодаанд. Ба даре, ки дар овезаи он «Мудири шӯъба» навишта шуда буд, наздик омада, онро боз карданӣ мешавам: «Нестанд», – садо медиҳад бонуе. Ба қафо менигараму соҳиби овозро мебинам, ки каме дуртар ӯ низ аз шиддати сардӣ пойҳояшро ба ҳам мезанад. Мепурсам, ки шумо ҳам назди ҳамин нафар омадаед? Мегӯяд ки: «Не, ман духтури худамро интизорам, аммо ин кас ҳозир баромаданд». Аз ӯ суол мекунам, ки назди табиб барои маслиҳат омадааст? Вай дар ҷавоб бо як ҳолати маҳзун мегӯяд, ки:«Барои ташхис омадаасту аз сардии утоқ ва асбобҳои хунук хавф дорад, ки боз ба маризии дигаре гирифтор нашавад». Иҷозаи сабти ин гуфтаҳояшро мегирам, қатъиян «не» мегӯяд. Як акс гирифтанӣ мешавам, боз розӣ намешавад. Азбаски бемор ва ба қавли худаш корафтода аст, намехостааст муносибаташро бо духтурон бад кунад. Аҷаб, вале ин ҳуқуқи ӯст.
Ба ошёнаи сеюм мебароям. Кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1-и ДДТТ ҳамин ҷо ҷойгир будааст. Дар қабулгоҳи мудири кафедра донишҷӯёни зиёде ҷамъ омада, бо навбат вориди утоқ шудаву аз он берун меомаданд. Наздики ним соат дар қабулгоҳ интизор истодааму бе ҳеҷ иғроқу муболиға қариб дасту пойҳоямро хунук зада буд. Аз нафаре, ки дар қабулгоҳи мудири кафедра менишаст, мепурсам, ки чӣ гуна метавон дар ин утоқи сарди корӣ тоқат кард. Бо ишора ба бухорие, ки аз пастии қувваи барқ спиралҳояш беранг ба чашм мерасиданд, менигарад.
Ба утоқи кории хеле сарди М.Додхоева ворид гаштаму саволи аввалинам ин буд:
– Ин сардиро (хунукии утоқи корӣ дар назар аст) чӣ гуна таҳаммул мекунед?
– Ба ҳаминаш ҳам шукр. Мо тоқат мекунем, муҳимаш ҷойхоби беморон гарм бошад, – посух мегӯяд ӯ.
Дар рафти сӯҳбат бо муаллима М. Додхоева маълум гашт, ки соли гузашта табибон пешравиҳои касбии зиёде доштаанд. Дастовардҳоро бо хурсандӣ муаллима як-як қисса кард. Ман низ аз пешрафти соҳаи тандурустӣ болидарӯҳ гаштам. Ба худ андешидам, ки дар Тоҷикистон табибони арзанда, поквиҷдону ватандӯст, ки боиси ифтихори соҳа гаштаанд, кам нестанд.
Барои дидан аз вазъи утоқҳои дигар иҷозат пурсидаму М.Додхоева гуфт, ки ба сардухтур муроҷиат намоед. Барои гирифтани розигии сардухтур ба назди утоқи кориаш омадам.
Агар гӯям, ки як соатро пушти дари сардухтур аз даст додам, хато намекунам. Аз рӯйи одоб интизор шудам, то беморон аввал ба қабули сардухтур дароянд. Навбатам расид, ки як марди кулоҳдор аз дар даромада, бе иҷозат, бе салому алайк вориди утоқи Светлана Гулаҳмадова шуд. Пас аз чанде сардухтур аз утоқи кориаш баромада, «як минут» гуфту он мард ва ҳамроҳонашро ба куҷое бурд. Тақрибан 20 дақиқа гузашта буд, ки сардухтур аз дар даромада, маро «биё» гуфту ба утоқи кориаш даромад. Ворид шудам. Бо ишора «шин» гуфт. Чун пешакӣ аз омадани хабарнигор огоҳаш карда буданд, ба худро шиносониданам ҳам чандон эътибор надода: «Адрес, сколько тебе лет?» гуфта ба ҷониби ман нигарист. Дар ҷавоб гуфтам, ки суроғаи кориамро нависад. Аммо ӯ «нет, не пойдет» гуфта, исрор кард, ки суроғаи ҷойи зистамро диҳам. Фаҳмонидам, ки ман бо кори шахсӣ не, бо масъалаи корӣ - чун хабарнигор наздаш омадаам. Баъди чанде исрор кардан, намедонам барои чӣ сардухтур суроғаи кориамро бо синну солам навишта гирифт. Баъдтар фаҳмидам, ки барои чӣ синну соли маро мепурсидааст. Чун овардани сабаби ин пурсиш аз одоб берун аст, онро шарҳ намедиҳам. Агар баъдан бо вазир ҳамсӯҳбат шавем, онро ҳатман ба хотир меорам.
Мақсади омаданамро гуфтаму ин ҷавобро шунидам: «Мувофиқи фармони вазир мо ҳуқуқ надорем журналистонро қабул кунем. Иҷозати вазирро биёр, марҳамат». Пурсидам, ки ин чӣ фармоне буда ва аз кай содир шудааст, ки бехабарем. С.Гулаҳмадова дониста ё надониста моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро вайрон мекард. Ҳарчанд мекӯшидам, ӯ ҳатто имкон намедод фаҳмонам, ки мақсади омаданам огоҳӣ аз вазъи зимистонгузаронӣ дар ин муассисаи тиббист. Сардухтур бо як такаббур ба суханони ман ҳатто эътиборе ҳам надода, дар дафтари қайдҳояш бо ҳавсала 2012 навишта, онро «оро» медод ва гӯё, ки маро намешунид. Чун боисрор ҷавоби суолро пурсон шудам, ёрдамчиашро «Гулбахор, выведи её» гуфта «фармон» дод.Ман бо шунидани як таҳқири русии С.Гулаҳмадова аз ҳуҷраи сардухтур бо «ёрӣ»- и Гулбаҳор берун шудам.
Раҳ ба раҳ, дар хусуси ин «сӯҳбат» ва қонуни матбуотро вайрон кардани сардухтури таваллудхонаи рақами 3 ва дигар масъулин зиёд андешидам. Ба идора омада, бо хотири тира рақами Маркази матбуоти вазоратро чида, бо сардори он Фотима Ғоибова ҳамсӯҳбат шудам.
«Магар вазир чунин фармоне содир карда, ки мувофиқи он журналистон ҳуқуқи даромадан ба муассисаи тиббӣ ва ё гирифтани маълумотро бе иҷозаи худи вазир надошта бошанд?», – суол мекунам аз ӯ.
«Не. Чунин як фармони ғайриқонуние аз ҷониби вазир содир нагаштааст. Вале хоҳиши вазир ин буд, ки аз омадани журналистон вазорат огоҳ бошад». Ин буд ҷавоби сардори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ.
Вақте мо баъди ду рӯзи дигар зимни нишасти матбуотӣ аз вазири тандурустӣ мӯҳтарам Нусратулло Салимов дар хусуси мушкили гирифтани иттилоъ ва ворид шудан ба муассисаҳои тиббӣ суол кардем, посухи вазир чунин буд:
– Беморхона ҳам мисли як хона аст. Воридшавии ҳар кас ба он мумкин нест. Хабарнигор ҳам як инсони оддист (?!). Шумо муроҷиат кунед, мо розигӣ медиҳем.
Вазири мӯҳтарам низ зимни ин посух моддаҳои 5 ва 30-31-и қонуни матбуотро ба эътибор нагирифт, вале мавҷуд будани ягон фармонеро вобаста ба гирифтани маълумот ва манъи вуруди журналист ба муассисаҳои тиббиро низ таъйид накард.
Дар хусуси ҳуқуқи гирифтани маълумот ва ворид шудани журналист ба муассисаҳои тиббӣ, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии Маркази ҳимояи ҳуқуқи инсон - Абдураҳмон Шарифов мегӯяд:
– Журналист танҳо ҳуқуқи гирифтани маълумотро вобаста ба бемор (ному насаб, таърихи беморӣ, ғайрихоҳиши бемор сабти симою садои ӯ)-ро надорад, зеро ин мудохила ба ҳаёти шахсӣ дониста мешавад. Дар дигар ҳолатҳо журналист ҳуқуқи ворид шуданро ба муассисаҳои тиббӣ дорад. Дар ягон қонун гирифтани маълумот ё манъи вуруди журналист ба муассисаҳои тиббӣ дарҷ карда нашудааст. Беморхона ниҳоди махфӣ нест. Аз журналист дар ин ҳолат танҳо чизе, ки сардухтур ё духтур талаб карда метавонад, ин риояи талаботи санитарӣ дар дохили беморхона асту бас.
Сардиҳои долону утоқҳои машваратхонаи занонаи таваллудхонаи рақами 3-ро як журналистон не, ҳазорон корафтодагон ҳар рӯзу ҳар соат мебинанд, вале С.Гулаҳмадова чиро ҳамчун «сирри махфӣ» пӯшида дошт, номаълум. Ва чаро сардухтур бо қонуншиканӣ хабарнигорро дағалона аз утоқи кориаш берун карда, ба фаъолияти касбии ӯ монеа эҷод кард, суолест, ки посух мехоҳад!
PS:
Ба таваҷҷӯҳи сардухтур Светлана Гулаҳмадова (ва дигар масъулин низ) мерасонем, ки дар қонуни мазкур омадааст: «Бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ, рӯзноманигор ҳатто дар маҳалли офати табиӣ ҳузур дошта метавонад». Аммо машваратхонаи занона ё таваллудхонаи рақами 3 на ҳудуди шахсии сардухтур ё Вазорати тандурустӣ асту на «объект» -и махфию стратегӣ. Ба иттилои вазири мӯҳтарами тандурустӣ низ расида бод, ки «журналист ҳам як одами оддӣ» нест. Ӯ зимни иҷрои вазифа асту тибқи қонунгузории кишвар рисолати касбиашро анҷом медиҳад.
Гулноза БОБОМУРОДОВА
:.
Тандурустӣ
22.02.2012 09:59
2734
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz