Бояд хотирасон кард, ки ноҳияи Восеъ ҳанӯз аз даврони собиқ ҳукумати Шӯравӣ маркази бемории сил буд ва дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳам ин «пешсафӣ» - ро аз даст надодааст. Ноҳияи Ҳамадонӣ бошад, баъди ноҳияи Восеъ дар масъалаи гирифторони бемории сил ва шумораи сироятшудагону фавтидангони бемории сил ҷои дуюмро мегирад. Ноҳияи Темурмалик дар ҷойи саввум аст.
Аз рӯйи маълумоти додаи мудири шӯъбаи тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, Раҳмоналӣ Асоев танҳо дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бори аввал мубталошудагони бемории сил дар ноҳия 263 нафарро ташкил мекунанд. Ин аз рӯйи ҳисоби ба 100000 нафар буда, 157, 1% - ро ташкил мекунад.
Аз рӯйи маълумотҳои ғайрирасмӣ бошад, ин шумора хеле зиёдтар аст. Барои он, ки на ҳама гирифторони бемории сил ба Маркази зидди бемориҳои сили ноҳия муроҷиат мекунанд. Бештари гирифторони бемории силро дар муқоиса бо мардон занҳо ташкил мекунанд.
Бояд хотирасон кард, ки дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Восеъ беморхонаи минтақавии зидди бемориҳои сил ба истифода дода мешавад. Беморхона барои 60 кат буда, барои беморони гирифтори сили ноҳияи Восеъ, Ҳамадонӣ ва Темурмалик пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои Маркази зидди бемориҳои сили ноҳияи Восеъ имрӯз дар масъалаи гирифторони бемории сил аз ҳама зиёд ҷамоати деҳоти Тугарак, Пахтакор ва баъд дигар ҷамаотҳо қарор доранд.