Ман ин бонуро солҳо боз мебинам. Доим аҷала дорад. Бо табассуми ба худ хос осемасар салом мегӯяду аз пайи коре мешавад. Ҳамкорону ҳамсояҳо ва маризон ба ӯ эҳтироми хос зоҳир мекунанд. Симои зебои тоҷикона, самимият ва меҳрубонии дилтасхиркунандааш нотакрор аст. Боре дар нишасте имкон даст доду вақти сухангӯияш ба умқи чашмонаш нигаристам. Дарёи хурӯшон ва пурмавҷеро мемонд. Боястӣ гавҳаршиносе ботаҷриба ва эҳтиёткор бо ин қалби пурҳарорат, ки метавонад бо гармии хеш аз муҳаббат ва покиву меҳрубонӣ гавҳар офаринад, кор бигирад. Дар акси ҳол, бо амали ноҷо ва беэҳтиёте ин дил метавонад дари худро барои муддати мадид бубандад ва ҳайф аст нафаҳмидан, эҳсос накардан, нашунидан ва надидани он ҳама дарду андеша ва диди жарф ба зиндагӣ.
Зебо Қодирова зодаи пойтахт аст. Аммо зиндагии сахту сангини шаҳр натавонистааст содагӣ ва покиву тамизии қалби ӯро шабеҳ ба мардуми хеш кунад. Ин бону ба мисли аҳли деҳ ноолуда, оддӣ ва дур аз ҳасаду макр аст. Қалби пок ва хеле меҳрубон дорад.
«Соли 1981 бародарам мариз шуду ӯро ба бемористони Қарияи боло овардем. Ман дар синфи 8 мехондам. Падарам бознишаста буду дар анборе шабона нигаҳбон кор мекард. Модарам дӯзандагӣ мекард. Барои табобати бародарам духтурон аз волидонам маблағи зиёде талаб карданд. Азбаски маоши волидонам барои зиндагӣ басанда набуд, пасандозе надоштем. Аз ин рӯ, падару модарам бо оби чашм дари чандин хешу табор ва ҳамсояҳоро кӯфтанду маблағи фармударо ҷамъ оварданд. Ин ҳолатро дида, дар назди Худо қасам ёд кардам, ки агар ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавам, баъди хатми он то охири умр ба таври ройгон кӯдаконро табобат хоҳам кард», – мегӯяд Зебо ва чашмони қашанги ӯ лаҳзае ба лонаи ғам табдил меёбанд.
Оре, чашмони пур аз ғам, чашмоне, ки дар он мушкили зиндагии як бону, як равонпизишк, як модар, як хоҳар, як ҳамсар ва як фарзанд мунъакис шудааст.
Бонуе, ки солҳо бо заҳмату меҳрубонӣ, бо нӯки сӯзан байни ҳамкорон, ҳамсояҳо ва волидайн обрӯ касб намудааст. Ба танҳоӣ ҳам бошад, фарзандонашро бузург кардаву дар макотиби олӣ таҳсил медиҳад.
Равонпизишке, ки маризони рӯҳии бечора ва нодор танҳо ва танҳо ба ӯ муроҷиат менамоянд, зеро маблағе дар ихтиёр надоранд, то ба назди табибони дигар бираванд. Духтуре, ки дар симои вай беморон мутахассис ва хоҳари дилсӯзро мебинанд.
Модаре, ки фарзандон дар лаҳазоти ҳассос наздаш меоянду дари дилро боз мекунанд, ба умеди таскин ва дарёфти маслиҳат ва роҳнамоӣ. Модаре, ки ба тамомӣ ҳастии хешро барои тарбия ва парвариши онҳо бахшидааст.
Хоҳаре, ки барои кӯмак ба бародараш хонаи худро фурӯхтаасту иҷора мешинад.
Ҳамсаре, ки анқариб 20 сол боз ба танҳоӣ бори сангини зиндагиро мекашаду шавҳари маризашро қадр мекунад ва азиз медорад.
Фарзанде, ки барои волидон ҳам ба ҷойи писар ва ҳам духтар солҳо боз хидмат мекунад. Фарзанде, ки падару модар дӯсташ медоранду вақти намоз аз Парвардигор барояш хушбахтӣ, тансиҳатӣ ва баракати умр мехоҳанд.
Бо ин ҳама хислат ва хӯйи накӯ Зебо имрӯз дар ҷомиаи мо аз қабили пизишкони ангуштнамост, ки аксари ҳамкорон ва ҳамкасбон «дӯсташ» намедоранд. Тарзи кор ва фаъолияти ӯ ба ҳамкасбон монеа эҷод мекунад. Зеро аз касе тамаъ намеҷӯяд, аз маризон пул намегирад, барои пешбурди зиндагӣ мисли мӯрча аз субҳ то шом заҳмат мекашад ва мисли як ориф қаноатро пеша кардааст. Ангуштнамо аст, зеро мисли ӯ кам пизишкеро метавон мисол овард, ки баъди фавти мариз ба манзилаш мераваду дарду андӯҳи волидон ва наздиконашро қисмат мекунад.
«Бемори рӯҳие дар беморхонаи мо табобат мегирифт. Падару модар ва бародару хоҳар надошт. Хеле фақир буд, аз ин хотир ҳамкоронам аз ӯ дурӣ меҷустанд. Рӯзе захми меъдааш кушода шуд. Ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дошт. Ба беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” занг задам. Онҳо аз ҷарроҳии ӯ сар печида, ба ман гуфтанд, ки ба таври худтаъминкунӣ гузаштаанду маризро бепул ҷарроҳӣ намекунанд, аз ин рӯ бояд ба идораи тандурустии шаҳр занг занам. Тамос гирифтам, натиҷае надод. 7 соат бо идораҳои мухталифи тандурустӣ «дастбагиребон» шудам. Билохира, ӯро дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ пазируфтанд. Баъд аз ду рӯз барои диданаш рафтам. Ба ман гуфтанд, ки беморро дер оварданд, дарунаш хун печида буд ва ҷарроҳӣ натиҷаи мусбат надод. Соате қабл ҷасадашро ҳамсояҳо гирифтанд…Бо чашми гирён ва қалби нолон ба деҳа рафта, дар ҷанозааш ширкат кардам. Аммо ба мардум чӣ ҳам мегуфтам? Мегуфтам, ки баъзе ҳамкасбонам имрӯз имонашонро ба пул иваз кардаанд? Ё фасод касбият ва одамиятро аз байн бурдааст?», мегӯяд Зебо бо алам.
Оре, ангуштнамо аст, зеро аз қабили пизишконест, ки дар кӯчаву хиёбон мардум дурудаш мегӯянду эҳтиромаш мекунанд. Нафаре барои муолиҷаи фарзандаш сипосгузорӣ менамояду шахсе ҳам барои наҷоти пайвандаш.
Зане аз шаҳраки Калинин замони ҷанги шаҳрвандиро ба ёд оварда, бо сипос аз ӯ гуфт: «Барои пайдо кардани нон мардум соатҳо дар назди фурӯшгоҳ навбат мепоид. Баъзан шабро саҳар мекардему нон намеоварданд. Дар хона бошад, фарзандон раҳ мепоиданд, бо дидани нон шодӣ мекарданду аз набудани он гиря. Агар модар шаб то саҳар навбат меистод, рӯзона фарзандашро ба ҷойи худ гузошта, барои анҷоми кори хона ва соате хоб рафтан ба манзилаш бармегашт. Гуруснагӣ мардумро хеле тағйир дода буд. Эҳтирому одамгарӣ кам шуд. Субҳе писари хурдсоламро ба ҷоям дар навбат монда, ба хона баргаштам. Баъд аз чанде нон овардаанду барои дарёфти он миёни мардум шӯру мағал хестааст. Дар ин вақт писарам ба фишор тоб наоварда, ба замин меафтад. «Гурусна имон надорад» мегӯянд, ки рост будааст. Чанд нафар ба рӯйи ӯ пой гузошта, ба пеш мегузаранд. Зебо инро дида худро ба болои писарча мепартояд, то ӯро зер карда накушанд. «Боевик»-е ба ҷойи кӯмак бо қундоқи автомат ба даҳонаш мезанад. Зебо бо даҳони хуншор писарамро ба берун кашида, аз марг наҷот медиҳад. Магар одамият аз ин зиёд мешавад?»
«Дарди даҳон ва рехтани дандонҳоямро эҳсос накардам. Дар он лаҳза бароям муҳим наҷот додани писарча буд. Аз алам гиря мекардам, на аз дард. Охир, ҳаёти инсон болотар аз як бурида нон буд», – ба ёд меорад Зебо он лаҳзаҳоро.
Он шаб писарони Зебо бе нон монданду худаш хуншор то субҳ гиря кард, аммо ҳаёти инсоне наҷот ёфт. 23 сол боз дар сохторҳои мухталифи Вазорати тандурустӣ фаъолият дораду беморони рӯҳиро муолиҷа менамояд, вале хона надорад. Баъзе аз ҳамкоронаш кӯшку қасрҳо месозанд. Муроҷиаташ ба сохторҳои мухталифи давлатӣ то ҳанӯз бе ҷавоб монда, аммо эҳтироми мардуми зиёдеро сазовор шудааст. 10 сол боз ба мураххасӣ набаромадааст, зеро имкони тафреҳ надорад, дар ҳоле ки бархе аз ҳамкасбонаш дар хориҷ аз кишвар истироҳат мекунанд. Писараш донишгоҳро хатм намуда, ба духтаре дил баставу ошиқ шудааст, аммо ин равонпизишк имкон ва ҷойи арӯс фаровардан надорад, дар ҳоле, ки қисме аз ҳамкасбонаш ҳанӯз дар тифлӣ ба фарзандон хона мехаранд. Дар ҷойи кор одат шудааст, ки беморони ба қавле «бесоҳиб»-ро ба назди Зебо фиристанд, аммо аксари духтурон саломи бемори бепулро алейк намегиранд. Гурӯҳе аз духтурон аз тариқи ин ва ё он лоиҳаҳои созмонҳои хориҷӣ соле чанд бор ба кишварҳои аврупоӣ мераванд. Дар муқоиса, ҳатто созмонҳои хориҷӣ танҳо дар ҳолатҳое ба Зебо муроҷиат менамоянд, ки равонпизишкони дигар аз ширкат дар он лоиҳа сар мепечанд, зеро ба онҳо фоидае намерасад. Зебо бо камоли мамнуният ба навоҳии дурдасти ҷумҳурӣ рафта, ба беморони рӯҳӣ кӯмак менамояд. Ин ҳама таззодҳои зиндагиянд, зиндагии як пизишк ва муҳите, ки ӯро фаро гирифтааст. Таззоди ҳаёте, ки мо имрӯз дар сархати он қарор гирифтаем. Аз гаронии «нарх»-ҳои гузоштаи бизнесмендухтурон менолему аксаран ба қадри пизишке намерасем, ки шабу рӯз нимсеру хаста дар хидмати мост.
Таззод аст. Агар таззод намебуд, Зебо дар радифи садҳо духтурони дигар даъвати кишварҳои хориҷии дур ва наздикро мепазируфту бо маоши арзанда ба қавле аз пайи обод кардани зиндагияш мешуд, аммо сахтӣ ва сангинии шароити кишварро интихоб кардаву дар хидмати ҷомеаст. Барои наҷоти шахсе мубориза мебараду баъдан аз ҷониби ҳамкорон таъна мешунавад, ки «барои «бомж» - е як вазоратро ба по хезондӣ». Дар ин ҳолатҳо гиребонашро дошта, тавба мегӯяд, ки рӯзе мӯҳтоҷи чунин табибон нашавад.
Ӯ ҳолатеро ба ёд меорад, ки маризи рӯҳие, тағояшро дар муносибати маҳрамона бо модараш гумонбар шуда, ба қатл мерасонад. Солҳои зиёде дар беморхонаи рӯҳӣ табобат гирифтаву баъдан барои таъмини хонавода ба Русия рафта, муолиҷаро давом намедиҳад. Аз ин рӯ, касалӣ хурӯҷ мекунад. Дар муддати 8 моҳ телефонӣ ба ҳамсараш иҷоза намедиҳад, ки ба тифли нав ба дунё омадаашон ном гузорад. «Агар ном монӣ, ӯро ҷоду карда, ба беморие гирифтор мекунанд», – ба такрор мегӯяд ӯ ба ҳамсараш. Баъд аз баргаштан тағояшро мекушад. Тарзи анҷоми ҷиноят тасбит менамуд, ки нафари онро содирнамуда маризи рӯҳӣ аст. Дар ҷараёни суд мо пешниҳод кардем, ки ӯро ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ баранд, аммо нафаре ба хешони мариз муроҷиат намуда, 15 ҳазор доллар талаб мекунад. Азбаски онҳо пул надоштанд, беморро ба муддати 24 сол маҳкум карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки густаришдиҳандагон ва фурӯшандагони маводи мухаддир вақти ба даст афтодан бо маблағи муайяне маълумотномаи духтурони бевиҷдонро харида, ба ҷойи маҳбас ба беморхона мераванду аз онҷо базудӣ ба озодӣ мебароянд.
Ӯро се иллат муҳаррик шудааст, то бидуни таътил ва мураххасӣ 10 сол боз кор кунад. Аввалан, қасамаш дар назди Худо. Дуввум, Зебо дар хонаводае бузург шудааст, ки духтаронро иҷоза намедоданд маълумоти олӣ бигиранд. Ба нақши бонувон дар пешрафти ҷомеа ва саҳми онҳо дар пешбурди оила бовар надоштанд. Ӯ тавонист волидонашро итминон бидиҳад, ки метавонад бо неруи зеҳнии худ таҳсилоти олӣ бигирад, дар радифи мардон дар риштаи тандурустӣ фаъолият намояд ва соҳибобрӯ шавад. Мехоҳад ба волидон ва хешу табораш исбот кунад, ки занҳо низ метавонанд! Сониян, ӯ илоҷи дигар надорад, наметавонад аз муолиҷаи беморони рӯҳӣ дар канор бошад, виҷдонаш намебардорад. Ба хусус, дар шароите, ки мутаассифона, пизишкони бовиҷдон кам мондаанд.
Метарсад аз он ки ба тадриҷ беморон аз ҳамкасбонаш рӯ мегардонанду ба назди «табибони халқӣ» мераванд. Онҳо аз баднафсӣ, бевиҷдонӣ ва дағалии бархе аз пизишкон истифода намуда, маризонро бо суханони хуш ба худ ҷалб мекунанд.
Вале мо ба Зебо Қодирова итминон медиҳем, ки ҷомеамон куллан фасодзада нашудаасту ба оҳистагӣ ҳам бошад, сатҳи зиндагӣ ва маоши зиёиён боло меравад. Ӯ дар ин мубориза танҳо нест, ҳастанд олимон, омӯзгорон, журналистон ва роҳбароне, ки бо амри виҷдон ба миллат хизмат мекунанд. Ояндаи ин кишвар ва ин миллат накӯ хоҳад буд. Ҳофизи бузургвор фармудааст:
Дар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,
Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.
Меҳрубонӣ ва карами ин бонуи нексиришт рӯзе қадр хоҳад шуд, зеро баръакси онҳое, ки қасами Ҳипократ мешикананд, қасам ӯ ба Худост.
Эмомалӣ Сайидамирзод