– Климактерий чист?
– Калимаи «климакс»-ро ҳанӯз дар овони ҷавониамон шунидаем, аммо мазмуни онро ҷӯё нашудаем. Чаро? Зеро чунин ақида дорем, ки ба мо дахл надорад. Ба назари мо, климакс бемории шахсони солхӯрда аст. Аммо ин ақида нодуруст аст. Чун солҳо ин қадар зуд мегузаранд, ки бо як мижа задан, 20, 30 ва 40-сола ҳастем. Албатта, дили мо ҳанӯз чун пештара ҷавон аст ва бо синну сол дар мубориза аст. Аммо бадан маҷбур аст ба синну сол таслим шавад. Мо гоҳе якбора дар вуҷуди худ нороҳатиро эҳсос мекунем, бесабаб асабонӣ мешавем, зуд-зуд хаста мегардем, хоби нороҳат дорем. Пай мебарем, ки «марҳалаи ҳассоси занона» – рӯзҳои ҳайз оғоз мешавад. Вале баъзан ин марҳала як-ду моҳ таваққуф мекунад, баъзан пеш аз мӯҳлат меояд ва ё ба рӯзҳои зиёд тӯл мекашаду ҷисмро дардманду заиф мекунад. Баъзеҳо чунин номӯътадилии вуҷуди худро ба наздик омадани климакс марбут намедонанд. Аммо ин нишонаҳои климакс аст – нахустин нишонае, ки бояд аз пайи дармонаш шуд.
Климакс ин тағйироти ҳормонии бадани инсон аст, дақиқтараш, ҳормонҳо дар ин ҳолат ба ҷӯшу хурӯш даромада, рӯ ба пастшавӣ ҳормонҳои занона меоранд. Организм тағйиротро оғоз мекунад, то ки баъдан оҳиста-оҳиста ором шавад. Маъмулан дар чунин ҳолати оғози нишонаҳои климакс хуруҷи ҷараёни хун ва тағйироти ҷисмӣ сар мезанад. Яъне инсон камхоб мешавад, якбора аз ҳад зиёд гарм мешавад ва ё хунук мехӯрад. Баъдан дар организм раванди дарди буғуму устухон, пастшавии эстроген оғоз мешавад. То оғози климакс дар устухонҳо эстроген ҷамъ мешавад. Эстроген дар бадан ҷавобгӯи қуввати устухонҳо, яъне ҷисм аст. Ҳангоми климакс эстроген дар устухонҳо кам шуда, боиси дардмандии онҳо мешавад. Ин ҳолатро бемории остеопороз меноманд. Дар натиҷаи ин беморӣ буғумҳо ва устухонҳои бадан ба дард медароянд. Ва ба назар мерасад, ки устухонҳо шикананда мешаванд.
– Нишонаҳои нахустини климакс кадомҳоянд ва барои пешгирии он чӣ бояд кард?
– Климакс нишонаҳои мухталиф ва мутаассифона, даҳшатноке дорад, ки метавонад рӯзгори инсонро талх кунад, аммо бояд дар хотир дошт, ки ин беморӣ роҳҳои хуби табобатро низ дорад.
Шахси мубтало ба ин нишонаҳо дар аввал бояд аз хешовандони ҷинси занонааш бипурсад, ки климакси онҳо чӣ тавр мегузашт. Чун маъмулан нишонаҳои ин беморӣ аз рӯйи ирсият такрор мешавад. Пас аз ин, бояд пизишки занонаеро биёбӣ, ки аз бемории климакс огаҳии хуб дошта бошад ва бо усулҳои пешрафтаи тибби замона хуб ошно бошад, то ки бароятон табобати дуруст ва мутобиқи организматонро фармоиш бидиҳад. Аммо ҳамзамон худатон аз тавсеаҳои зерин истифода баред:
• Сигорро партоед,аз нӯшокиҳои спиртӣ камтар истифода баред,калтсий ва витамини D-ро аз нурҳои офтоб ва шир истифода баред. Хӯроки камравған истеъмол кунед, ба варзиш машғул шавед.
– Як дӯстам, ки доим ба кишварҳои аврупову Амрико сафар мекунад, мегӯяд дар он кишварҳо ҳангоми сар задании нишонаҳои нахустини климакс аз ҳар гуна доруҳои ҳормонӣ истифода мебаранд. Оё ин дуруст аст?
– Ин сад дар сад дуруст аст. Барои чи бозори доруҳои ҳормонӣ имрӯз рӯ ба афзоиш аст ва навъҳои гуногуни ин доруҳо зиёд аст? Насли мо, дар замони Шӯравӣ имкони интихоби доруҳои ҳормониро надошт. Мо танҳо аз ҳамон як намуди доруи ҳормонӣ, ки (доза) миқдори ҳормонҳо дар таркибаш зиёд буд, истифода мебурдем. Доруҳои ҳормонии он замон таъсири манфӣ низ доштанд. Барои мисол, бисёре аз занҳо аз истеъмоли онҳо фарбеҳ ва сермӯй мешуданд. Албатта, чунин вазъият дар тафаккури насли мо нишонаҳои манфиро боқӣ гузоштааст ва ин эҳсос аз насл ба насл мегузарад. Маҳз ба ҳамин хотир, бештарини занони мо аз истеъмоли доруҳои ҳормонӣ метарсанд. Хушбахтона, таркиби доруҳои ҳормонии ҳозира хеле хуб шудаанд. Он таъсири манфие, ки доруҳои пешинзамон мегузоштанд, имрӯз вуҷуд надорад. Барои он ки сифату дараҷаи таъсири доруҳои имрӯза бамаротиб беҳтар шудааст.
Доруҳои ҳормониро имрӯзҳо дигар таваккалӣ тавсия намекунанд. Ҳатман бемор аввал аз ташхиси тиббӣ мегузарад: ӯро нахуст духтури занона аз назар мегузаронад, сипас духтури амрози дарунӣ (терапевт) муоина мекунад, натиҷаҳои ташхиси хун, ултрасадои тухмдон, бачадон ва монанди инҳо дараҷаи бемориро мушаххас мекунанд.
– На танҳо калонсолон, балки насли нав ҳам аз истеъмоли доруҳои ҳормонӣ дар ҳаросанд. Пас мегуфтед, ки ин доруҳо дар таркиби организми инсон чӣ таъсироте мегузоранд?
– Воситаи дохилираҳмӣ (спирал) баъд аз синни 35-солагӣ метавонад натиҷаи бад ба бор оварад. Аммо аксари занони тоҷик новобаста аз ин, аз воситаҳои дохилираҳмӣ истифода мебаранд. Агар дар ин синну сол онҳо аз доруҳои ҳормонӣ, воситаҳои нутфакуш, воситаҳои инъекционии контрасептӣ истифода баранд, ҳолати климакс дар ҷисми онҳо бо оромиву нармӣ мегузарад. Чунки дар таркиби ҳар доруи ҳормонӣ эстроген ва прогестерон, яъне фазаи аввал ва фазаи дуввум мавҷуд аст. Ҳангоми климакс дар бадани бемор, камбуди эстроген эҳсос мешавад, ки истифода аз доруҳои ҳормонӣ ин холигоҳро пур мекунад, бинобар ин зан дар синни 40-солагӣ табадулоти сангинро дар ҷисмаш эҳсос намекунад. Танҳо кореро, ки пас аз 40-солагӣ бояд анҷом бидиҳӣ, ин табдили дору аст, ки он вобаста ба давраи ҳайз муайян карда мешавад. Масалан, дар 45-солагӣ, вақте ки давраи ҳайз номӯътадил мешавад – як намуди дору тавсия мешавад. Вақте захираи эстрогенҳо камӣ мекунанд ва ҳайз тӯли як сол қатъ мешавад, тамоман доруи дигар бояд истеъмол кард.
Тавре гуфтем, климакс ин табодули ҳормонҳост. Агарчи баъзеҳо онро нишонаи пирӣ ҳам меноманд. Хушбахтона, бо пешрафти илму техника имрӯз пешгирии нишонаҳои номатлуби ин беморӣ пайдо шудааст. Агар занҳои азизи мо дар марҳалаи климакс аз доруҳои ҳормонӣ истифода баранд, вазъи саломатиашон аслан тағйир намеёбад, балки мисли пештара солим боқӣ мемонад.
Табобати дурусти ин беморӣ – нигоҳубини систематикӣ дар назди духтур ва дар ҳар марҳала аз ташхиси тиббӣ гузаштан аст. Дар чунин ҳол, метавон бовар кард, ки ҷисми инсон табобатро хуб қабул мекунад. Ва нуктаи дигари муҳим ин аст, ки усули табобатро бояд ҳатман духтур муайян кунад ва бемор доим дар назорат бошад.
ps: Медонед, на танҳо занон, балки мардон ҳам ба климакс гирифтор мешудаанд. Климакси мардон ҳам дақиқан мисли бемории занон будааст, яъне тағйир ё пиршавии организм. Аммо мардон ин тағйиротро маъмулан пинҳон мекунанд мекунанд, ҳарчанд климакси мардона ҳам барои ҷисми инсон хатарнок аст.
Шаҳноз КОМИЛЗОДА