Лиҳозо метавон гуфт, ки теъдоди аз бемории саратон даргузаштагон назар ба омори расмӣ хеле зиёд аст. Хеле ташвишовар аст, ки беш аз ними шумораи умумии беморонро бонувон ташкил медиҳанд. Бонувон бештар гирифтори бемории саратони гарданаки раҳим ва саратони ғадуди сина мегарданд.
Чуноне профессор Бахтиёр Аҳмадов иброз мекунад, дар байни омосҳои бадхиме (хабисе), ки бонувон бар он мубтало мешаванд, саратони гарданаки бачадон дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад. Хамасола дар сар то сари ҷаҳон беш аз 500 ҳазор нафар бонувон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Агар дар Англия ба 100 ҳазор нафар мубталои ин беморӣ 47 нафар рост ояд, пас дар Тоҷикистон ин рақам баробар бо 10,6 нафар мебошад, ки баёнгари нисбат ба сатҳи ҷаҳонӣ паст будани ин сатҳи беморӣ дар кишвари мо аст.
- Мутаассифона, дар Тоҷикистон 60 дар сади бонувон ба пизишкон дер, яъне дар марҳилаи ниҳоии беморӣ, бо гузаштани вақти зарурии муолиҷа, муроҷиат мекунанд, -иброз медорад Бахтиёр Аҳмадов.- Табобати саратони гарданаки бачадон қабл аз ҳама аз дараҷаи паҳншавии омос ва вақти муроҷиат кардани бемор ба пизишк вобаста аст. Вазифаи асосии пизишкон сари вақт гузарондани ташхис дақиқ ва муайян кардани ин беморӣ аст. Пажӯҳиш ва корҳои олимони барҷаста Я.В. Бахман ва К.Е. Сирxанян (соли 2000) баёнгари он ҳастанд, ки натиҷа ва ояндаи табобат марбут ба дараҷа ва ҳолати пардаи луобии гарданаки бачадони зан аст. Тбиқи омӯзишҳои панҷсола, табобати дисплазияи ё рушди ноқиси гарданаки раҳим 100%, саратони инвазивӣ 96%,ва саратони дарачаи I - 78,1%, дарачаи II -57% , дараҷаи III-31%, дарачаи IV-7,8% имконпазир аст.
- Аз ин рӯ, дар вақти ташхиси беморӣ муайян кардани бемориҳои пешазомосии гарданаки раҳим, азҷумла, ҷарохатҳо, захмҳо, чоки гарданаки раҳим ҳангоми таваллуд, муҳим аст, таъкид намуд пизишки варзида.- Табобати ин аломатҳо ба пешгирии саратони гарданаки раҳим сабаб мешавад. Барои сари вақт дарёфтани саратони гарданаки бачадон бояд ҳар як зани 40-сола ва аз он боло як маротиба аз муоинаи духтури занона гузарад ва аз гарданаки солим барои дарёфтани ҳуҷайраҳои ба саратон монанд ташхиси ситологӣ намояд. Хар як зан бояд соҳиби пизишки момодояи худ бошад.
Профессор Бахтиёр Аҳмадов таъкид мекунад, чоке, ки ҳангоми таваллуд ва ё дигар корҳои вазнин дар гарданаки раҳим боқӣ мемонад, боиси инкишофи омос мегардад. Аммо вақте он чокро сари вақт медӯзанд, пеши роҳи инкишофи омосро мегирад. Аз рӯ, пизишкони амрози занонаро лозим аст, ҳангоми чок шудани гарданаки раҳим ё узви муаннас онро ҳатман бидӯзанд.
Саратони ғадуди сина бошад аз вайрон шудани кори мӯътадил ё ҳамвазнии гормонҳои занона пайдо мешавад. Ин беморӣ ба шароити кору зиндагӣ, муносибати марду зан, ба он, ки то чӣ паймона мард ҳамсари хешро эҳтиёт менамояд, вобаста аст. Худованд низ рисолати бузургеро ба дӯши мардҳо бор кардааст. Хар як мард муваззаф аст, ки саломатии ҳамсару духтари хешро ҳифз кунад.
-Оё маҳсулоти сифаташон паст, хосатан маводи ғизоии воридшуда аз кишварҳои дур метавонанд барои рушди бемориҳои саратонӣ мусоидат кунанд?
- Бале. Зеро мо намедонем, ки он маҳсулот чӣ тавр тайёр шуда, ба кишвари мо интиқол мешаванд. Вазифаи мақомоти «Тоҷикстандарт» аст, ки то чӣ андоза ба талаботи меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгӯ будани онро мушаххас кунанд. Онҳо, чунончи дар Русия ва дигар кишварҳои пешрафтаи дунё роиҷ аст, бояд таври пайваста дар ҳама марказҳои тиҷоратӣ ва истеҳсоли маводи ғизоиро тафтишоту назорат кунанд, то маҳсулоти аз мӯҳлат гузашта ва пастсифату зарарнок фурӯхта нашаванд. Хамватанони мо бояд кӯшиш кунанд, ки маҳсулоти хушсифати ватаниро, азҷумла ширу панир ва мостро( ҷурғотро) бештар истеъмол намоянд.
Оқибатҳои фоҷиабори муҳоҷират
Чуноне сарвари Маркази солимии репродуктивии вилояти Суғд Муаззама Раҷабова иброз дошт, дар вилоят бо бемориҳои музмини узвҳои таносул 5384 нафар зан таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд ва ин шумора нисбат ба нишондиҳандаи семоҳаи якуми соли 2010 (ки 5830 нафар буд) 446 нафар кам аст. Азҷумла, беморони мубталои илтиҳоби узвҳои таносул 2332 нафар(45,1%), саратони гарданаки бачадон 60 нафар, саратони ғадуди сина (мастопатия) 163 нафарро ташкил мекунанд. Дар вилоят исқоти ҳамл то ҳол яке аз усулҳои маъмул дар раванди танзими таваллуд ба шумор меравад. Хамзамон таҳлилҳо маълум карданд, ки бачапартояӣ яке аз масъалаҳои ташвишовар ба ҳисоб рафта, дар соли 2010 зиёда аз 1/2ҳиссаи исқоти ҳамлро ташкил мекунад. Бачапартоӣ бештар дар байни занони навҳомила ва гирифтори бемориҳои илтиҳоби узвҳои таносул ба назар мерасад, ки аз бад будани саломатии занони синни қобили таваллуд гувоҳӣ медиҳад. Бояд зикр кард, ки дар таркиби исқоли ҳамл, бачапартоӣ 55%, вакуум аспиратсия 20,5% ва исқоти ҳамли кӯдаки то 12-ҳафтаина 24,5%-ро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, дар ин авохир ҳодисаҳои мубтало шудан ба бемориҳои узвҳои таносул, азҷумла шаклҳои билхосаи илтиҳобии онҳо, ки теъдодашон аз бист беш аст, зиёд ба кайд гирфта шудааст. Ин бемориҳо асосан тавассути узвҳои таносул аз як инсон ба инсони дигар сироят мешавад. Онҳо дар ибтидо орому сокин, бидуни оризаҳо аз як шахс ба шахси дигар мегузаранд. Мардҳои аз ин беморӣ сироятёфта, аксар вақт безурёт мемонанд, камарашон дар айни навҷавонию таҳамтанӣ суст мешавад. Бонувон бошанд аз ин бемориҳо сахт нороҳат мешаванду азият мекашанд.
- Паҳн гардидани ин бемориҳо миёни мардуми Тоҷикистон оқибати хуб надорад,- таъкид кард Муаззама Раҷабова. - Оё касе фикр кардааст, ки бо ин бемориҳҳо баъд аз 20-30 сол чӣ мусибате бар сари миллати мо меояд?
Сухан дар бораи генофонди миллат меравад.
- Сабаби пайдоиши ин бемориҳо марбутанд ба риоя накардани тарзи ҳаёти солим,- идома медиҳад пизишк Раxабова.- Мардуми мо, махсусан мардҳо гӯё якбора аз қафасҳо озод шудаанд ва роҳи муҳоxиратро пеш гирифта, даст ба зинокорӣ мезананд. Онҳо дар ину он ҷое духтарони ба зоҳир қашангу зеборо дида, иштиёқи расидан висолашон боло мегирад. Вале бехабаранд, ки он духтарону бонувон танфурӯшони касбӣ ҳастанд. Муҳоҷирон гоҳо маҷбур мешаванд, дар як утоқ то даҳ-бистнафарӣ зиндагӣ кунанд. Будани як нафар шахси сироятшуда, кофист, ки тамоми аҳли он манзил бемор шавад.
Тибқи омори расмӣ дар вилояти Суғд агар мубтало шудани бонувону духтарон ба бемории камхунӣ бинобар нарасидани оҳан дар таркиби хун дар соли 2006 63,4%-ро ташкил мекард, пас ин нишондиҳанда дар соли 2010 ба 67,7% расидааст.
- Зиёда аз 50% занони синни қобили таваллуд гирфтори бемории камхунӣ мебошанд, -таъкид мекунад Муаззама Раxабова.- Ин, албатта, сабабҳои гуногун дорад.
- Шояд яке аз он сабабҳо истеъмоли ками ғизои нерӯбахшиаш баланд ва кор дар зери офтоби сӯзон бошад?
- Дақиқ гуфта наметавонам. Зеро Тоҷикистон макони меваҳои шаҳдбор аст ва як дона зардолуи он ҷойи сад маводи ғизоии модификатсияшудаи хориҷиро мегирад. Миёни мардуми мо одоби ғизохӯрӣ риоя намешавад. Халқи мо, азҷумла бонувони мо, дар ҳаққи саломатию тандурустии хеш таври лозим ғамхорӣ намекунанд. Ба пизишкон вақте муроҷиат мекунанд, ки хеле дер шудааст.
Тилав Расулзода