Бемории саратони ғадуди ширӣ дар байни дигар бемориҳои саратонӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, сол то сол сафи гирифторони ин беморӣ меафзояд. Аз ҷумла, дар соли 2008 - 148, соли 2009 - 168, соли 2010 - 225 бемори гирифтори саратони ғадуди ширӣ ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамчунин, тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ, ҳамасола дар ҷумҳурӣ ба қабули саратоншинос-мамолог зиёда аз 6 ҳазор нафар муроҷиат намуда, зиёда аз 300 ҷарроҳӣ дар ғадуди ширӣ гузаронида мешавад.
Аз ин рӯ, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ дар бораи ҷудо намудани воҳидҳои корӣ ба қисми илмии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ баҳри иҷроиши мақсад ва вазифаҳои “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон барои солҳои 2010-2015”, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ, шӯъбаи мамологӣ ва ҷарроҳиҳои реконструктивию барқарорсозӣ, таъсис дода шуд. Катҳои шӯъба аз ҳисоби катҳои шӯъбаҳои проктоурологӣ, торакоабдоминалӣ ва саратоншиносии умумӣ таъсис дода шудааст. Дар шӯъбаи мазкур табобати ҷарроҳии узвнигоҳдоранда, реконструктивию барқарросозии ғадуди ширӣ ва пӯсту бофтаҳои мулоим амалӣ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ 7 шӯъбаи муолиҷавии дорои 235 кат фаъолият менамояд.