Мухаддарот бо шиддат дар Бадахшон ҷавонҳоро мекушад. Танҳо дар Хоруғ тайи соли равон модарони чор хонавода аз марги нобаҳангоми фарзандонашон ҷомаи сиёҳ ба тан карданд. Гиряву навҳаи ин модарони зор сари тобути фарзандон ҷигарҳоро реш мекард. Аммо доғҳое, ки ин ва дигар модарони ғамгусор аз марги фарзандонашон дар дил бардоштанд, дармоннопазир аст. Фарзандоне, ки волидайн ба сад умед калон кардаанд, ба мухаддарот мубтало шуда, чун дарахтони навбар батадриҷ дар назарашон хушк шуданд.
Кист он қотили ҷавонмаргон? Ҳамсояе, ки нашъаҷаллобӣ намудаву бо дастони худаш марги сафедро ба онҳо медиҳад, боз дар «маърака» хизмат ҳам мекунад? Инсоне, ки худро мусалмон мегӯяду ин вабои асрро дар замини кишташ парвариш медиҳад ва ҳосили маргро ба кулли дунё мепароканад ва ё масъулини ҳифозати марз, ки ҳанӯз қодир нестанд аз вуруди мухаддарот ба кишвар пурра ҷилавгирӣ намоянд? Ва шояд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар шикастани равнақи бозори нашъаҷаллобон эҳсоси заъифӣ мекунанд?
Албатта, гурӯҳҳое, ки дар парваришу фурӯши нашъа даст доранд, азимтарин ҷурм содир мекунанд ва барои ин аъмоли нангин ва зиддиинсонӣ аз китоби муқаддаси «Қуръон» сар карда, то қавонини ҷомеаи мутамаддин барояшон муҷозоти сахттаринро раво мебинанд. Аммо онҳое низ гунаҳкор ҳастанд, ки аз рӯйи касб муваззафанд, аммо наметавонанд аз густариши қочоқи мухаддарот ва нашъамандӣ ҷилавгирӣ намоянд. Ва хомӯшии ризокоронаи мо дар мавриде, ки нашъафурӯшӣ дар пеши чашмамон сурат мегирад, на камтар аз тавлидкунандагону фурӯшандагони марги сафед мебошад. Ба ибораи дигар, ҷомеа низ дар равнақи бозори қочоқбарону нашъафурӯшон ва марги ҳар фарди мӯътод гунаҳкор аст.
Натиҷаҳои даҳшатбори қочоқи мухаддарот, пеш аз ҳама чун нӯги сӯзан дили модарони тоҷикро ҷирраҳдор мекунад.Тоҷикистон дар хатти аввали қочоқи мухаддарот аз кишвари ҳамсоя қарор дошта, нашъа дар роҳи интиқол шумораи ҳар чи бештари ҷавононро гирифтор месозад. Тибқи иттилои расмӣ тайи як сол танҳо дар Бадахшон 33 нафар бар асари истеъмоли аз ҳад зиёди нашъа фавтидаанд. Шумораи мӯътодон, ки аксарияташон ҷавонон ҳастанд аз 800 нафар гузаштааст. Ва боз чӣ қадари дигар аз ин мараз дар манотиқи дигари кишвар ранҷ мебаранд ва аз ҳаёт маҳрум шуданд, суолест матраҳ.
Сардори раёсати оҷонсии назорати маводи нашъадор дар вилоят Алиёр Муродҳусейнов бо нигаронӣ аз густариши қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ фаъолияти шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятро дар минтақа ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, мегӯяд, ки барои мубориза бар зидди ин падидаи хатарнок кӯшишҳо то ба ҳол ба таври муассир ҳамҷоя нашудаанд. Вай афзуд: – вақтҳои охир чунин ба назар мерасад, ки мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии мухаддарот фақат ба кори раёсати Оҷонсӣ табдил шудааст.Тайи се моҳи соли равон 25 килограмму 860 грамм маводи нашъадор мусодира гардида, ҳиссаи дигар сохторҳои қудратӣ дар ошкор ва мусодираи мухаддарот ночиз будааст.
Аз тарафи дигар, вай ба мавқеи ғайрифаъоли шаҳрвандон дар мубориза бо мухаддарот ишора кард. Воқеан, агар ҳар яки мо фоҷеаи ҳар як фард ва ҳар як хонаводаи кишварро чун дарди шахсии худ қабул ва эҳсос накунем, чунин маънӣ дорад, ки бо бетарафӣ ва хомӯшии худ ба равнақи ин мараз дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунем. Аммо шигифтангез аст, ки ба мушкилоти густариши душмани инсоният- қочоқи нашъа ва оқибатҳои он ҳам иддае аз мо аз рӯйи тафаккури маҳалгароӣ менигарем.
Як мутахассис нақл кард, ҳангоми як нишаст дар пойтахти ҷумҳурӣ вазъи нашъамандӣ баррасӣ гардид, нафаре бо ишора ба сатҳи баландтари нашъамандӣ дар Бадахшон намояндагони манотиқи дигарро ором карданӣ шуд, ки ин мараз дар маҳалли онҳо ҳанӯз камтар хурӯҷ намудааст. Аммо манзараи авҷи қочоқи мухаддаротро дар вилоят ёд дорам, ки он вақт умдатан ба хориҷи кишвар, ба истилоҳ «экспорт» мешуд ва пул меомаду бештар фоидаҳои иқтисодии ин муомилотро ҷилва медод. Вале, ҳангоме ки оқибатҳои муомилоти ғайриқонунии мухаддарот дар минтақа бо шакли густариш ёфтани нашъамандӣ ва афзоиши ҳодисаҳои фавти ҷавонон боис шуд, афкори ҷомеа нисбати муомилоти ғайриқонунии мухаддарот ва зарари ҷуброннопазири он тағйир кард, ки аллакай дер шуда буд. Агар ҳар яки мо ҷомеаи кишварро тани воҳиди солим тасаввур накунем, ки аз дардманд шудани як узв «дигар узвҳоро намонад қарор» набошад, баробар ба он аст, ки ба густариши ин вабои аср мусоидат карда бошем. Афроде низ хато мекунанд, ки меандешанд қочоқи мухаддарот ба кишварҳои дигар, ба хотири ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ хуб аст, агар аз паҳншавии он дар ҷумҳуриамон ҷилавгирӣ кунем. Аммо оё инсоне, ки хонаводаҳои мотамзада ва модарони ҷигарреш аз марги фарзандони муътодашонро дар маҳаллаш дидааст, ин манзарраро ба каси дигар, агар бегона бошад ҳам, орзу мекунад? Инсонҳои шариф ҳатто барои душман низ хонавайрониро орзу намекунанд, чӣ гӯем аз худӣ?
Илоҳӣ хонаи душман насӯзад,
Ки ман ҳам дар бари он хона дорам, – мегӯянд аҳли хирад.
Вале воқеият ин аст, ки миқдори зиёди мухаддарот дар дохили кишвар мемонад ва истеъмолкунанда пайдо мекунад. То андозае пурзӯр шудани назорати марзӣ ва гумрукӣ дар дигар кишварҳо қочоқбаронро маҷбур месозад, ки молашонро дар бозори дохилӣ фурӯшанд. Ба афзоиши талаботи бозори дохилӣ ба нашъа он чиз шаҳодат медиҳад, ки қочоқбарону фурӯшандагони мухаддарот ба дастрас шудани маводе, ки тариқи Шӯрообод ва дигар нуқоти доғи байни марзи Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Хатлон ба кишвар ворид мешавад, қаноат накарда, барои дарёфти он ҳар чи бештар ба Бадахшон рӯ меоваранд.
Тайи се моҳи соли равон ду ронандаи комюни борбар, ки сокинони навоҳии тобеи маркази ҷумҳурӣ мебошанд, бо мухаддарот боздошт шуданд.Аз нақлиёти яке аз ин ронандагон, ки дар ноҳияи Ишкошим ба даст афтод, миқдори зиёди ҳашиш ва аз дигаре дар ноҳияи Дарвоз ҳашиш ва намунаи ҳероини сахттаъсир дар бастаҳои селофанӣ дарёфт ва мусодира гардиданд.
Аммо дар ҳоли заъфи ниҳодҳои марбута дар мубориза бо мухаддарот ва афзоиши шумораи нашъамандон дар вилоят, дар Маркази наркологии Хоруғ тарҳи ҷадиди табобати муътодони маводи мухаддир рӯйи даст гирифта шуд, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳои сироятӣ дар байни нашъамандон ва танг сохтани бозори нашъаҷаллобон арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи сардори Маркази мазкур Мӯсо Мардонов ба муътодони ашаддии мухаддарот, ки дигар ба зиндагии солим баргаштани онҳо умед нест, ба ҷойи мухаддарот доруи ивазкунандаи он-метадон дода мешавад. Ба иттилои муассисоти беҳдоштӣ зиёда аз 85 дар сади беморони норасоии масъунияти бадан дар минтақа ашхосе ҳастанд, ки ба тариқи тазриқӣ сироят шудаанд.
Дастандаркорон интизор доранд, ки усули нави табобат вобастагии ашхоси нашъамандро аз нашъаҷаллобон кам ва бозори фурӯши ин гурӯҳи аз ҳама хатарноки ҷомеаро танг ва касод месозад.
Ба гуфтаи Фурқат, як ҷавони нашъаманди сокини Хоруғ, боло рафтани нархи бесобиқаи ҳероин нашъамандонро ҳар чи бештар ба дуздӣ ва талбандагӣ водор месозад. Айни ҳол, нархи як ғилофаки ҳероин, ки фақат як ё ду бор истифода бурдан мумкин аст, қариб то 100 сомонӣ боло рафтааст, вале беморони мухаддарот дигар иродаи даст кашидан аз истеъмоли онро надоранд ва эҳсоси шадиди дард ҳар рӯз садҳо ҷавони муътодро ғайриихтиёр боз ба дари нашъаҷаллобон мекашонад.
Чанд сол қабл шаҳри Хоруғ чандин бор шоҳиди он гардид, ки бо нигаронӣ аз густариши қочоқи мухаддарот ва нашъмандӣ занону модарон эътироз карданд. Агарчанде оқибатҳои хатари нашъамандӣ кам нашудаву баръакс афзоиш ёфтанд, вале айни ҳол занону модарон хомӯшанд. Ба назар мерасад, ки занону модарони муштипари тоҷик дар мубориза бо вабои аср ва пешгирии густариши марги сафед худро танҳо эҳсос мекунанд ва умедвориро барои ислоҳи вазъ аз даст додаанд ва дарди марги фарзандонро хомӯшона фурӯ мебаранд.
М. Шоҳҷамол
PS: Соли 2007 сардабири маҷалла барои тарғиби нашрия ва огаҳӣ ёфтан аз мушкилоту дастовардҳои бонувони ВМКБ сафари корие анҷом дод. Дар мулоқотҳои шаҳри Хорӯғ Шуғнон ва Дарвоз баъзе аз бонувон истеъмоли маводи мухаддирро аз ҷониби фарзандону шавҳарони хеш чун мушкили сангин ном бурданд. Модари хунҷигаре, ки нав фарзанди худро аз ин вабо ба хок супурда буд, аз ҷо баланд гашту гуфт: «Агар ин нашрияро Президенти Тоҷикистон бароямон чун минбар таъсис додаст, бирав духтарам, ба ӯ бигӯ, ки: наркотик мушкили рақами як аст ва марги на танҳо фарзандони ба ҷон пайванди мо, балки бадбахтии тамоми модарони дунёст».
Ин ҳамон модарест, ки пайғомашро чун қарз то имрӯз бар дӯш дорем.