Дар рафти семинар ширкаткунандагон оид ба масоили тарзи муносибат бо гирифторони маводи мухаддир, таҳрим ва табғизи ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби шаҳрвандон, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони идораҳои тандурустӣ табодули назар анҷом доданд.
Ҷойи таъкид аст, ки нашъамандӣ дар ҷаҳон ҳамчун маризӣ пазируфта шудааст ва танҳо аз тариқи муҷозот ва аз кор барканор намудани мӯътодон масъала ҳалли худро намеёбад. Имрӯз вақти он расидааст, ки аз роҳҳои нав ва муассир истифода намоем. Беморон бояд мавриди таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа қарор бигиранд ва бо истифода аз роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ва иртиботи пайваста ва ҳамарӯза бо онҳо метавон густариши нашъамандиро пешгирӣ кард. Дар акси ҳол мӯътодон худро аз ҷомеа «рондашуда» шумурда, метавонанд бештару бештар ба маводи мухаддир рӯ биоранд, ки ин ҳолат дар навбати худ метавонад ба ҷомеа зарар биорад.
Януш Сирославски доктори улуми равоншиносӣ аз Полша ёдовар шуд, ки дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ намудани нашъамандӣ ба қонунгузории кишварҳо як қатор дигаргуниҳо ворид карда шуд. Қаблан дар ҳолати пайдо кардани маводи мухаддир ва ҳам фурӯши он тарафҳо ба муҷозоти судӣ кашида мешуданд. Бинобарин феълан дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо қонунгузорӣ тағйир карда, истифодабарандагони маводи мухаддир ба табобат фаро гирифта шуда, фурӯшандагони он ба муҷозот кашида мешаванд. Ҳамчунин дар Аврупо аз ҷониби ҳукуматҳо Барномаҳои махсусе таҳия ва ба тасвиб расидааст, ки метавонад дар пешгирии ин «вабои аср» муассир бошад.
Коршиноси Амрикоӣ – Томас Като дар мавриди мушкили кишвараш дар пешгирии нашъамандӣ ёдовар шуд, ки имрӯз аз бекорӣ, бо сабабҳои аз таҳсил канор мондан, ҷавонон ба нашъамандӣ рӯ меоранд. Илова бар ин, гурӯҳҳои густаришдиҳандаи маводи мухаддир барои ҷалби ҷавонон роҳҳои нав ба навро ихтироъ менамоянд. Аз ҷумла қурсҳоеро ихтироъ намудаанд, ки онро ба осонӣ метавон дар дискоклубҳо фурӯхт. Аз ин лиҳоз, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ ва ҷомеа бояд барои густариш наёфтани маводи мухаддир бояд тарзе кор баранд, ки он дар муқоиса бо амалҳои ҷиноятпешагон муассиртар бошад.
Илова бар ин дар иншаст аз тарафи ҷонибҳо таъкид гардид, ки кишварҳо ба таври алоҳида наметавонанд аз густариши маводи мухаддир пешгирӣ намоянд, бинобарин танҳо дар ҳамкорӣ ва барномарезии вижа имкони пешгирӣ вуҷуд дорад.
Барномаи CADAP MEDISSA дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки як қатор чорабиниҳоро барои пешгирии нашъамандӣ дар сохторҳои маорифи ҷумҳурӣ, Иттиҳодияи рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2011 – 2012 пиёда намояд.
Эмомалӣ Сайидамирзод