Ба назди гурӯҳи ҷавононе рафтем. Комрон, як ҷавони қавипайкар сабаби ба ин маҳал омаданашро чунин шарҳ дод: « Дар ҷумҳурӣ беморони зиёде ба хун ниёз доранд ва ҳамзамон дар ҳолатҳои анҷоми амалҳои ҷарроҳӣ хун даркор мешавад. Аз ин рӯ, се сол боз дар ин рӯз ба Маркази ҷумҳуриявӣ омада, хун месупорам. Шояд ин 450 млг хуни супурдаам, ниёзи маризеро бароварда кунад?»
Марди тақрибан 45 солае, ки худро Алишер Шамсов муаррифӣ намуд, ба сӯҳбати мо ҳамроҳ шуда гуфт: « Баъд аз 40 солагӣ вазнам зиёду хунам каме ғафс шуд. 5 сол боз омада хун месупорам. Ба ин васила ҳам ба худам кӯмак мекунаму ҳам ба беморе мададам мерасад».
Ба назар мерасид, ки дар назди даромадгоҳ маруми зиёде ҷамъ омадааст. Ба он ҷо рафтем. Ду ҷавоне, ки дар тан либосҳои махсуси ихтиёриёнро дар бар доштанд, даромаду беруншавии мардумро ба низом медароварданд. Субҳия ном зане, ки аз сару рӯяш арақ мешорид, моро дида, бо асабоният гуфт: «Соати 5 субҳ аз хона берун шуда, соати 6 ба назди Марказ расидам. Як соат боз навбат мепоям. Ҳаво гарм шуд, нафас кашидан душвор шудааст, ҳеҷ нест, ки навбатам расад. Бояд масъулин тарзи дурусти анҷоми чунин иқдоми некро аз қабл тарҳрезӣ менамуданд».
Воқеан мардуми зиёде дар даромадгоҳ навбат мепоиду дар саҳни ҳавлӣ ҳатто як «харак» - е барои нишаст мавҷуд набуд. Намояндагони сохторҳову идораҳои мухталиф ҷо- ҷо дар зери дарахтон ҷамъ шуда, интизори даъват ба дохили биноро доштанд. Аз дохили бино ду нафар берун шуд. Яке аз онҳо хеле беҳол менамуду дар даст нӯшобаи хурде дошт. Нафаре дари мошинашро кушода, аз зан хоҳиш намуд, ки муддате дар он истироҳат кунад, то саломатиаш барқарор гардад. Зан бо мамнуният пешниҳоди ӯро пазируфт. Аз Маҳмадалӣ, ки ба тозагӣ хун супорида буд, суол кардем, ки дар дохили бино оё мардум зиёд аст? Ӯ дасти бастаашро каме молиш дода гуфт, ки феълан танҳо ҳуҷраеро барои гирифтани хун омода кардаанд ва дар он 4 рахти хоб аст. «Аммо марде, ки аз дасти ман хун гирифт, чандон кори худро хуб намедонистаст. Се ҷойи дастамро бо сӯзан сӯрох кард.Бояд кормандони ботаҷрибаро ба кор даъват кард. Агар чунин бошад, даъфаи дигар хун намесупорам».
Бо роҳбаладии ихтиёрие моро ба дохили бино иҷозаи вуруд доданд. Утоқи хунсупорӣ хеле тамизу тоза ва бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонида шуда буд. Чаҳор нафар духтурону хоҳарони шафқат бо муомилаи нарму лабханд одамонро қабул мекарданд. Баъд аз пур кардани варақа, шахси хоҳишмандро ба рахте хобонда, баъдан хун мегирфтанд. Хуни гирифташуда аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуривии илмии хун ташхис шуда, гурӯҳбандӣ мегардад.
Ғайричашмдошт духтур аз ман суол кард, ки оё хоҳиши супурдани хун надорам? Бо камоли майл пешниҳодро пазируфтам ва рӯйи рахт рафтам. Тақрибан баъд аз 7 дақиқа аз ҷо баланд шуда, худро каме хаста, вале хушбахт дарёфтам. Духтур ба дастам, нӯшоба ва варақаеро гузошт, ки он маро ду рӯз аз кор озод мекард. Варақаро ба духтур баргардонида, аз бино берун шудем.
Фаъол будан мардуми пойтахт дар ин рӯз ба дил фараҳ мебахшид, зеро ихтиёран супурдан хун дар ҷаҳони муосир як иқдоми наҷибест, ки метавонад ҳазорҳо беморонро аз марг наҷот диҳад. Аз ин рӯ, меарзад, ки ҳар сол ҳадди ақал як бор, яъне 14 июн ба Маркази ҷумҳуриявии илмии хун рафта, хун супорем. Аз эҳтимол дур нест, ки беморе ба мушкил гирфтору интизори чанд қатра хун бошад…
Эмомалӣ Сайидамирзод