«Вале андешаи чаро, агар мо дар нерӯҳои марзбонии рус фаъолияти пурсамар кардему акнун наметавонем хизмати садоқатмандонаро барои ватан ва артиши он ба ҷо биоварем, маро ва бархе аз ҳамкоронамро аз рафтан ба ҷойи дигар боздошт»,–мегӯяд сардори хадамоти тиббии қисми марзбонии шаҳри Хоруғ капитан С. Саидшоева.
Ин андешаҳои ватанхоҳона моро водошт, то бо ин бонуи низомӣ сӯҳбате анҷом бидиҳем:
-Султонбегим, оё айни ҳол аз коратон қаноатманд ҳастед?
-Камбуди маводи ғизоӣ, доруворӣ ва маоши кам дар солҳои аввали фаъолияти қисми марзбонӣ, аз ҷумла ба кори хадамоти тиббӣ таъсир гузошт.Вале ҳоло ниёз ба маводи ғизоӣ ва доруворӣ куллан аз байн рафта, барои табобати аскарону афсарон ва хонаводаҳошон шароити хуб муҳайё шудааст. Маош ҳам баланд шуд ва боиси ҳавасмандӣ ба кор гардид.
–Вале барои чӣ дар бунгоҳи тиббӣ ва госпитали қисми марзбонӣ пизишкон намерасанд, вале мутахассисони маҳаллӣ ба хотири дарёфти маоши баландтар, барои баргаштан ба ҷойҳои кории қаблӣ шитоб надоранд?
–Аввалан, дар вилоят камбуди пизишкон шадидан эҳсос мешавад.Дигар ин ки, агар дар бемористонҳо маош пасттар аст, вале аз ҳисоби «тӯҳфа»-и мизоҷон даромади бештар ба даст овардан мумкин аст.Аммо тарзи низомии ҳаёт, ҳамеша дар ҳолати омодабош будану барои ҳар як ҳодисаи бемории сарбозу афсар ҷавобгар будан ва дар бархе аз маворид бо додситонӣ ва додгоҳи ҳарбӣ сару кор доштан, аз омилҳои дигаре ҳастанд, ки мутахассисони маҳаллӣ ҳанӯз барои пур кардани вазифаҳои холӣ шитоб намекунанд.Бунгоҳи тиббӣ ду сол боз бе мутахассиси асосӣ аст ва ман пизишки муолиҷакунада бо кӯмаки хоҳарони шафқат ба мушкилоти сарбозону афсарони 7 қароргоҳи марзбонӣ, 8 рота ва 4 дидбонгоҳ расидагӣ мекунем.
–Чун пизишк чӣ бештар Шуморо нигарон мекунад?
–Мо сари вақт аз қароргоҳҳои марзбонӣ дидан мекунем, қуттиҳои доруи кӯмаки аввалияро пур намуда, аз вазъи саломатии сарбозон пурсон мешавем.Ҳолатҳое низ буданд, ки пизишкон нишонаҳои зарб хӯрдани сарбозро бар асари муносибати ғайриоинномавӣ ошкор карданд, вале акнун вазъи тартибу низом ва қонуният дар артиш таҳким ёфтааст ва чунин ҳодисаҳо қариб аз байн рафтаанд.Бо беҳтар шудани вазъи таъминоти моддӣ сифати саломатии сарбозон ҳам куллан беҳтар гардид.Бештари сарбозоне, ки ба хадамот муроҷиат мекунанд, бемориашон ба мисли зуком, бар асари таъсири обу ҳавои иқлими баландкӯҳӣ зуҳур мекунанд, аммо пас аз доруву дармон шифо ёфта, зуд ба саф бармегарданд.
Танҳо сифати даъвати ҳарбӣ ҳанӯз қаноатбахш нест.Аммо роҳбарияти қисм манфиатдор аст, ки ашхоси бемор сари вақти ошкор ва баргардонда шаванд ва хадамоти тиббӣ ҳам дар интихоби сарбозон сахтгир аст.
Дар давраи фаъолияти марзбонони рус дар минтақа, дар лаҳзаҳои оҷил тайёраву чархболи низомӣ ба дастёрии пизишкон ва кӯмаки беморон мешитофт.Айни ҳол, дар лаҳзаҳои зарурии интиқоли бемор ба госпитали марказӣ аз хидмати авиатсияи гражданӣ ва нақлиёт истифода мешавад.
–Пизикшон ҳоло низ ба ҳолатҳои фавқуллода зиёд дучор мешаванд?
–Эътидоли вазъият дар марз ташвишу тараддуди пизишконро камтар кардааст.Вале ҳаёти ҳарбӣ ба мисли зиндагӣ яксон нест ва ҳодисаҳои ба таври оҷил ба кӯмаки марзбонон шитофтан ҷой доранд.Чанд рӯз пеш нисфи шаб оҷилан ба ноҳияи Рӯшон сафар кардан лозим омад. Сарбозеро, ки пас аз муоина маълум шуд бемории курруда доштааст, дар бемористони ноҳиявӣ ҷарроҳӣ карда, барои идомаи табобат ба госпитал овардем. Қаблан дар ин ноҳия марзбонеро, ки дар шикамаш аз захми тир ҷароҳат бардошт, бо кӯмаки пизишкони госпитали қисми марзбонӣ ва мутахассисони бемористони ноҳиявӣ ба таври оҷил ҷарроҳӣ намуда, аз марг наҷот додан муяссар гардид.
Ҷалолиддин Бекназаров, як сарбози қисми марзбонии Хоруғ , ки аз ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ба хизмат даъват шудааст, мегӯяд, ки сарбозон бо Султонбегим чун хоҳари хеш эҳтиром доранд ва чун шахси наздик меҳрубону азизаш медонанд.Зеро пизишк ҳамарӯза аз ҳолу аҳволашон хабар мегирад ва бо суханони гарму тавсияҳои хуб онҳоро ба риояти тарзи ҳаёти солим ташвиқ ва ҳавасманд месозад. Барояшон китобҳои бадеӣ меорад, то дар вақтҳои холӣ мутолиа кунанд.
«Саломатиамон хуб аст, рафиқ капитан»,- одатан ҷавоб медиҳанд сарбозон ҳангоме, ки пизишк аз аҳволашон пурсон мешавад.Аммо апаи Султонбегим ба ҷавоби рӯякӣ қаноат ҳосил намекунад ва сарбозон медонанд, ки агар сарбозе худро нороҳат ҳис кунад, авзоъи вай аз чашми ин пизишки кордон пинҳон намемонад.
«Рӯҳи солим, дар тани солим», яке аз шартҳои муҳими тарбияи сарбозон дар ҳар як артиш маҳсуб мешавад.Ва агар сардорони рутбаҳои гуногун дар тарбияи сарбозони содиқу ватандӯст ва бардаму солим кӯшиш ба харҷ медиҳанд, капитан Султонбегим Бекназарова, сардори хадамоти тиббии қисми марзбонии Хоруғ яке аз мутахассисоне ҳаст, ки бо дили гарму дастони тоза вазифаашро бо садоқати касбӣ ба ҷо меоварад, мегӯянд дар ҳаққи ин зан масъулини қисми марзбонии Хоруғ.
Сӯҳбаторо Ш. Мирзоҷалол