Ба онҳо беш аз дусад нафар кормандон хидмат хоҳанд расонд, ки миёни онҳо пизишкон ва пизишкёрони варзида низ бисёранд. Дар осоишгоҳ беш аз чиҳил навъ беморӣ ташхис ва табобат хоҳад шуд. Дар ин макони биҳиштосо дар баробари ҳамватанони мо, шаҳрвандони кишварҳои дигари дунё низ метавонанд бидуни мамониат истироҳату фароғат бикунанд. Барои онҳо ҳама гуна шароит, аз тарабхонаю чойхонаи миллию ибодатгоҳ сар карда, то ба варзишгоҳу майдони оббозию китобхонаю ҳуҷраҳои махсуси компютарӣ, ки ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст аст, муҳайё карда шудаанд.
Ҳар кас, ки аз ин мавзеъи зебо дидан намуда, дар гулгаштҳои қашангу зебои он қадам мезанад, зери дарахтони тeсу санавбару булуту чанорҳои он истирҳат мекунад, дар оби мусаффои баҳр шиноварию оббозӣ мекунад, мутмаъинем, ки дигар ҳаргиз бемор нахоҳад шуд.
Умед бар он аст, ки мардуми мо аз фарҳанги истироҳат огаҳӣ доранду аз ин мавзеи хубу диданӣ истифода карда метавонанд ки ҳамчунин раҳбарони хоҷагию муассисаҳои гуногун, сарфи назар аз шакли моликияташон дасти ҳамсарону модарону хоҳарону коргарони хешро гирифта, ба ин осоишгоҳ меоянд ва дар барқарории сиҳату тандурустии онҳо, ки солимии миллат низ марбут ба саломатии онон аст, ҳеҷ чизро дареғ намедоранд. Он бонувони заҳматкашу фидокору офаранда, ки аксар умри азизи хешро сарфи кору заҳмат намудаанд, ба ин шарафу эътибору таваҷҷӯҳу қадршиносӣ, воқеан арзандаанд, метавонанд аз ин имконот баҳра бардоранд.
«Баҳористон» тасмим дорад тамоми сол ба ҷумла ҳамватанон ва меҳмонони азизи кишвар хидмати шоиста бирасонад. Воқеан, самимияту истиқболи гарми аҳли кормандони осоишгоҳ тазмини сарсабзии баҳоронаи ин даргоҳи зебо дар чаҳор фасли сол аст. Ҳар кас, ки ташнаи дидану дидори симоҳои азизу ошно бошад, ба «Баҳористон» ташриф оварад. «Баҳористон» як гӯшаи ободи меҳани азизу беҳтар аз ҷон- Тоҷикистон аст, аз он лаззату манфиат бардоред.