Иваз шудани муаллима ба духтур
Муддате дар ноҳияи Восеъ будам. Чунин ба мушоҳида расид, ки бо гузашти 10 сол дар ҳама деҳаҳои ин ноҳия волидон духтарони худро маълумотнок мекунанду калонсолон мехоҳанд келини хондагӣ, хусусан табиб дошта бошанд. Аз ин рӯ, дунболаи ин мавзӯъ шудам. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ, бахусус то соли 2001, дар манотиқи дури кишвар касе ҷуръати духтарони худро хонондан надошт. Тафаккури ҷомеа то андозае тағйир ёфта буд, ки нисбати духтари хондагӣ андешаи манфӣ дошт. Пас, чӣ сабаб шудааст, ки маҳз келини духтур мехоҳанд?
Шояд як сабаб аз рӯи обрӯву эътибори касб бошад. Зеро одат чунин аст, ки касбро вобаста ба талаботи мардум интихоб мекунем, на тибқи ҳавасу хоҳиш. Масалан, солҳои Шӯравӣ қадри муаллим, ки аз ҳама боло буд, волидон мехостанд фарзандонашон омӯзгор шаваду келини муаллима дошта бошанд. Акнун, ки вазъ дигар гашта, талаботи мардум ба табиб бештар шудааст.
Зарурати келини духтур
Барои муайян кардани талаботи мардум ба «келини духтур» бо чанд нафар сокинони деҳаи Қурбоншаҳид ҳамсӯҳбат шудам. Ду зани ин деҳа гуфтанд, ки мо духтарони худро хононда, табиб кардем, аммо дар роҳи дур шавҳар карданд. «Дар, хона табиб будан хуб аст. Ҳар лаҳза аз саломатии хонавода, ҳамсояҳову хешу табор бохабар мегардаду зуд табобат мекунад. Табиб аз худат бошад, дар касаливу ҳолатҳои нохуш духтур намекобӣ. Мӯҳтоҷи касе нестӣ»,– иброз доштанд ҳамсӯҳбатонам.
Имрӯз тарзи муносибати баъзе табибон ва шароити на чандон хуби бемористонҳо мардумро водор намудааст, ба ҳар қимате набошад, фарзандашонро ба донишгоҳ ва ё коллеҷҳои тиббӣ дохил кунанд. Ё ҳеҷ набошад, келини табиб ёбанд. Аммо келини табиб ёфтан ҳам кори осон нест. Аз ин рӯ, дар деҳа дар маъракаҳо, маҳофил ё сӯҳбатҳои «занакои лаби об» баҳс ҳамеша дар бораи «келини духтур» сурат мегирад.
Аммо, агар аз як тараф интихоби «келини духтур» ба хотири табобати беминнат бошад, аз тарафи дигар ба хотири пул кор карданаш ҳам будааст. Масалан, Шамсия, ки дар коллеҷи тиббӣ таҳсил кардааст, ҳангоми сӯҳбат иброз дошт, ки баъди шавҳар кардан дарк намудаст, ки на ӯро, балки пулҳояшро келин кардаанд. Зеро хушдоман ҳам маошашро мегирифтаасту ҳам ба ҳар беморе, ки наздаш ояд, нарх мегузоштааст.
Фавти модарон ва маргу мири кӯдакон
Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ, дар соли 2009 2814 нафар марги атфоли синни то 1 сола ва ҳамасола аз 30 то 60 ҳолати фавти модарон дар вақти ҳамиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди он ба қайд гирифта мешавад.Коршиносону мутахассисон бештари ин ҳолатҳоро ба набудани момодояҳо дар деҳот ва дар зоишгоҳҳо таваллуд накардани занон рабт медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, аз ҳисоби духтарон дар Донишгоҳи тиббӣ 2592 нафар, дар 4 коллеҷи тиббӣ 6254 нафар ва дар омӯзишгоҳҳои тиббӣ 5385 нафар духтар таҳсил мекунанд. Акнун бубинед, бо вуҷуди он ки ҳамасола шумораи зиёди духтарон тахассуси тиббӣ гиранд ҳам, дар аксари беморхонаҳои манотиқи дурдаст табибон намерасанд. Аз ҷумла, дар бархе деҳаҳо ва ҳатто ноҳияҳо ҳамагӣ як нафар момодоя ва духтури занона ҳасту дар баъзе манотиқи дигар умуман мутахассис мавҷуд нест. Аз ин рӯ, занони ҳомила баъзан дар хона, дар назди ҳамшираҳои шафқат ва ё дар назди як зани маълумоти тиббӣ надошта таваллуд мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, вақте шикояти мардумро дар мавриди ихтиссоси акушер-гинекологро ба воситаи пулу тағо тақсим намудан ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ расонидем, вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов куллан ин ҳолатро рад карда гуфт: «Тақсимот дар дасти худам аст ва чунин ҳолат то ҳол нашудааст. Ва ба он нафаре, ки базӯр донишгоҳро хатм кардааст, мо наметавонем касби акушер-гинекологро диҳем».
Агар чунин аст, пас масъала паҳлӯи дигар пайдо мекунад. Имрӯз бо пул баҳо гирифтани бархе донишҷӯён барои ҷомеа пӯшида нест. Яъне, он донишҷӯе, ки ба қавли вазир БАЗӯР таҳсил кардааст, аз донишҷӯе, ки бо пул баҳои аъло мегирад, чӣ фарқ дорад?! Кани мантиқ?
Табиби оилавӣ ё «худӣ»
Масъалаи ҷорӣ намудани тибби оилавӣ дар кишвар ҳанӯз соли 1998 бо Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 июни соли 1998, таҳти рақами 236) «Дар бораи давра ба давра ташкил намудани ёрии аввалияи тиббӣ, аз рӯи принсипи духтури таҷрибаи умумӣ дошта ( духтури оилавӣ)», ки ҳамчун «оғоз»-и фаъолияти духтури оилавии тоҷик ба ҳисоб меравад, муайян шуда буд. Аз ин рӯ, ҳамасола 50%-и хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ дар сатҳи интернатура, дар соҳаи тибби оилавӣ тайёр карда мешаванд.
Ба қавли масъулини Вазорати тандурустӣ, пас аз 6 соли таҳсил 3 омилро ба назар гирифта, аз рӯи он тақсимот сурат мегирад. Духтури оилавӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ кор мекунад. Бархе аз вазифаҳои акушер-гинекологҳо, терапевтҳо педиаторҳо ва табибони қитъавӣ имрӯз ба дӯши табибони оилавӣ гузошта мешаванд.
Албатта, ҷорӣ намудани тибби хонаводагӣ ҳарчанд ибтикори саривақтӣ аст, аммо хеле кам мешавад, ки як табиб тавонад аз ӯҳдаи табобати ҳамаи касалиҳо барояд. Зеро, ки нафаре тамоми умрашро дар як самти омӯзиш ва табобати як намуди беморӣ гузаронидаасту таҷриба дорад, боз ҳам дар ташхису табобат ба мушкил мувоҷеҳ мешавад. Вақте сабабҳои нарасидаи чунин табибонро аз масъулони Вазорати тандурустӣ пурсон шудем, гуфтанд, дар деҳоте, ки 10-15 ҳазор аҳолӣ дорад, ё ин ки дар беморхонаҳояшон бахши акушер-гинеколог надоранд, наметавонанд чунин мутахассисонро фиристанд. Аз ин рӯ, ба ҷои акушер-гинеколог духтурони оилавӣ равон мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳарчанд аз ба тасвиб расидани фармони тибби оилавӣ 12-13 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол мардум аз ин навъи хизматрасонии тиббӣ огоҳӣ надорад.
Суоли муҳим ин аст, ки чӣ талаботи мардумро ба табиб зиёд кардааст? Чаро мардум мехоҳанд табиб аз худашон бошад? Ё шояд дигар мардум ба тиб ва табибони «бегона» бовар надоранд?
Саида Қурбонова