Баъд аз чанд сол соҳиби мошини хуб ва хона ҳам шудам. Дӯстони зиёде доштам. Вақтам хуш мегузашт. Тайи муддати кӯтоҳе аз кишварҳои зиёди Аврупо дидан кардам. Хоҳиши дидани кишварҳои мухталифи дунё, фарҳанги дигар ва ҷолиб маро бештару бештар ба кор ҷалб мекард.
Аммо тавре мегӯянд «умри хушбахтӣ дароз нест». Волидонам қариб рӯз дар миён аз ман мехостанд духтареро барои издивоҷ интихоб намоям. Дар посух ба онҳо мегуфтам: «Ҳоло вақт ҳаст».
Рӯзе хоҳарам гӯиё «сари роҳ» ба ҷойи корам омаду хабар расонд, ки падару модарам духтареро аз як «хонадони варзида» хостгорӣ кардаанд.
Шоми он рӯз сӯҳбатам бо волидон натиҷа надод. Модарам бо оби чашм таъкид мекард, ки хонаводаи арӯс розӣ шудааст ва онҳо роҳи ақиб гаштан надоранд. «Мо барои хушбахтии ту талош мекунем», - мегуфт падарам. Ноилоҷ розӣ шудам…
Зиндагӣ бо шахси ношинос ва бахусус духтари эрка калоншуда бисёр мушкил буд. Мо дар муҳокимаи кӯчактарин масъалаи хонаводагӣ бо завҷаам ба хархаша мегузаштем. ӯ аслан ҳарфи маро қабул надошт. Гӯиё дар мағзаш барномаеро ҷо карда буданд, ки тибқи он бояд дар ҳама кор фикри худашро мегузаронд. Муносибаташ бо ману волидонам хуб набуд. Хеле назарбаландӣ мекарду хонаводаи моро ба чашми кам медид. Хоҳиши кор кардан надошт. Рӯз то бегоҳ ё ба тамошои телевизор машғул мешуд, ё бо занони ҳамсоя ба ғайбат.
Зиндагии хуши чанд вақт пеш доштаам ба тадриҷ ба ҳаёте табдил меёфт, ки ҷуз хархашаву ҷангу ҷидол чизе надошт. Ба ҳамин хотир кӯшиш мекардам аз кор ба хона дертар баргардам. Ҳамкоронам тааҷҷуб менамуданд, ки чаро «шаҳбача» ба хона хоҳиши рафтан надорад. Аммо «сари кафида зери тоқӣ» гуфта, рози дилро пинҳон медоштам. Барои беҳтар кардани муносибат кӯшиш менамудам аз сафарҳои хориҷӣ барои оилаам ҳадяҳои хубтар биорам, вале баъд аз як рӯз бо баҳонае ҷанҷол мехезонду гапҳоеро дар ҳаққи ману волидонам мегуфт, ки аз шунидани он замин намекафид, то ба он дароям. Бо падару модар чанд даъфа сӯҳбат кардам, аммо онҳо бо таъкид аз ман талаб мекарданд, ки зинҳор дар бораи ҷудо шудан аз завҷаам фикр накунам. Дидам, ки намешавад, бо падарарӯсам вохӯрдам. Баъд аз шунидани ҳарфҳоям каме андеша карду гуфт, ки бо духтараш ҳамсӯҳбат хоҳад шуд. Бо умед ба хона баргаштам.
Аммо ҳарфи падар ба ӯ таъсири манфӣ гузошт. Аз ҷангу ҷидол ба таҳдид гузашт. Роҳи гурез аз хархашаҳоро боз ҳам дар кор меҷӯстам, бехабар аз он, ки мушкилро бояд ҳал кард. Чашм пӯшидан маънии ҳал кардани онро надоштааст. Эҳтимол дар корхонаамон ба ғайр аз раис, ман аз ҳама бештар маош мегирифтам, аммо он барои зиндагии ду нафар намерасид. Вақте аз завҷаам хоҳиш намудам, ки харҷро камтар кунад, то маблағе барои оянда пасандоз кунем, ӯ мисли девона садо дардод, ки бо маоши овардаи ман на танҳо пасандоз карда намешавад, балки инсонвор рӯз гузаронида намешавад.
Рӯзе баъд аз кор барои қайд кардани зодрӯзи як ҳамкорамон ба тарабхона рафтем. Ин рӯз зиндагии маро ба куллӣ тағйир дод ва беҳтар аст бигӯям, ки маънии онро гирифт. Баъд аз баланд шудани садои мусиқӣ оилаамро дидам, ки бо ҷавоне ба саҳна баромад. Аз тарзи ҳаракатҳояш маълум буд, ки маст аст, зеро рақсҳое мекард, ки ба чаҳорчӯбаи ахлоқ намеғунҷид. Ҳамкорон ба ман менигаристанду чашмони ҳайратзадаам ба ӯ. Намедонам чӣ қадар вақт ба ӯ нигоҳ кардам. Билохира таҳаммулро аз даст дода, аз ҷоям баланд шудам. Вақти аз дар берун шуданам ӯ ба ман назари беэътиноёнае карду халос…
Аз ин ҳодиса се рӯз сипарӣ шуду оилаам ба хона баргашт. Дар симои вай нишонаҳои пушаймонӣ дида намешуд. Бо такаббур ба нишастагон нигариста, ҳатто салом надод ва гӯиё хоҳарам ғуломи зархаридаш бошад, ки гуфт: «Чӣ даҳонатро боз карда нишастаӣ, зудтар бароям қаҳва тайёр кун!». Сабру таҳаммулро аз даст дода, ба рӯяш як шаппотӣ задам. Ин ибтидои проблемаҳо ва мушкилоти нав дар ҳаёти ман шуд. Бо роҳнамоии падараш санад дуруст карда, маро барои муддате дар боздоштгоҳи пулис нигоҳ доштанд. Аз фурсат истифода бурда, падару модарамро тарсонидаанд, ки агар аз занам ҷудо шавам, маро ба маҳбас мекашанду то охири умр он ҷо хоҳам монд. Модар илтиҷо мекарду оби чашмонаш шашқатор ба рӯяш мерехт. Нигоҳи падар қатъияти аввалаашро гум карда буд. Вақти сӯҳбат нигоҳашро аз ман мегурезонд. Кӯшиш мекардам ба онҳо бифаҳмонам, ки қонун волоият дораду падарарӯсам дар муқобили он ҳеҷ коре карда наметавонад, аммо суханам асаре надошт. «Замона дигар аст, бо пул мешавад ҳама корро кард, аз девори каҷ ҳазар», - гуфта падар ба ҳарфам гӯш намедод.
«Ман гунаҳкорам, ҳаёти туро бо арӯси интихобкардаам ба бод додам. Фикр мекардам, агар бо ин донишу кордӯстиат бо одами соҳибмансаб ва дорое хеш шавӣ, ба зинаҳои баланде мебароӣ. Хок бар сарам! Чӣ коре кардам?! Агар бо ту коре шавад, дар таги замин ҳам ором нахоҳам шуд», - гуфта модарам шабу рӯз гиря мекард.
Ба тадриҷ, оҳиста- оҳиста хоҳиши кор кардан камтару камтар мешуд. Аз кор зудтар баромада, бо дӯстонам ба тарабхонае мерафтаму оташи дарунамро бо шароб паст карданӣ мешудам. Рӯзҳои аввал мисле, ки дард каме таскин меёфт, вале бо гузашти вақт эҳсос менамудам, таъсири арақ муваққатӣ ва зудгузар аст. Илова бар ин баъд аз гузаштани хамр як эҳсоси дигари гуноҳ вуҷудамро фаро мегирифт. Ин дард гӯиё аз дарун маро мехӯрд. Барои раҳоӣ аз он зиёдтару зиёдтар менӯшидам.
Рӯзе қабл аз анҷоми кор яке аз ҳамкоронам маро ба утоқи кориаш даъват намуда, баъди ворид шуданам, дарро аз дарун баст. Рӯйи мизи кориаш хокаи сафедеро дидам. Ба нигоҳи суоломезам чунин посух гуфт: «Кайфу лаззате дорад, ки дар умрат надидаӣ! Дарду ғаму хастагӣ дар як лаҳза фаромӯш хоҳад шуд!» Мехостам не гӯям, вале муқовимати ман хеле заъифона буд. Ин сафедӣ сиёҳии якумраи ҳаётам будаасту ман намедонистам. Моҳҳои аввал гӯиё маро аз мушкил раҳо мекард. Аммо…Бехабар аз он будам, ки он ҷойи волидону наздикон, кор ва дӯстонамро мегирад. Дигар ҳама талошам барои пайдо намудани он буд. Дар ҷойи кор баъд аз чанд огоҳӣ ба вазифаи пасттарам фароварданд. Ба сафарҳои хидматӣ ба хориҷ аз кишвар нафари дигарро мефиристоданд. Маошам барои дарёфти он кифоят намекарду аз дӯстонам қарз мегирифтам. Вале то кай? Обрӯям намонд, супоришҳои роҳбариятро саривақт анҷом намедодам. Баъзан бошад, умуман аз ёдам мерафт, ки чӣ кореро бояд мекардам.
Рӯзе ҳам фаро расид, ки аз кор берунам карданд, вале ҳатто ҳамон лаҳза ҳам ман на барои обрӯи аз даст рафта, балки сари ёфтани «доза» андеша менамудам. Намедонам кай ва чӣ гуна ҳуҷҷатҳои хонаро ба номи занам гузарондам. Хонаро фурӯхта, аз ман ҷудо шуд. Ба хонаи падар баргаштам. Суханони падар аз як гӯшам медаромаду аз гӯщи дигар мебаромад. Оби дидаи модару хоҳар гоҳе мағзамро барои муддати кӯтоҳе бедор мекард. Аммо бо берун рафтан аз хонаву пайвастан ба дӯстонам ҳама чиз аз ёдам мебаромад.
Эҳтимол ин тарзи зист то рӯзи охирини ҳаётам идома мекард, агар тасодуфе пеш намеомад. Ба гиряву нолаи модарам тоб наоварда тағоям барои ман ҷойи кор пайдо кард. Вақти таҳия намудани ҳуҷҷатҳо аз ман варақаи тиббӣ талаб карданд. Ҳангоми ташхис маълум шуд, ки дар баробари нашъамандӣ мани бадбахт гирифтори ВНМО (ВИЧ) ҳам шудаам. Фикри аввале, ки бар сарам омад худкушӣ буд. Хостам бо як амал ҳам худамро аз ин варта халос кунаму ҳам падару модарамро аз шармандагӣ ва дарди саре бо номи «писар». Аммо нашъамандӣ аллакай шахсияти маро дигар карда буд. Дигар ман он ҷавони солимфикр ва ҷасур нестам. Беирода шудаам. Ба як махлуқе табдил ёфтаам, ки ҳатто наметавонад худро аз шармандагӣ раҳо кунад. Бо кӯмаки пайвандон муолиҷа мегирам, аммо намедонам чӣ ояндае маро интизор аст, ба чизе шавқ надорам, зиндагиам маънӣ надорад.
Ё беҳтар аст онро тарк гӯям?
Фароруни Сабзқадам