Рост бишинед. Агар пуштаки курсӣ рост бошад, тахтапуштатонро ба он такя диҳед. Агар пуштаки курсӣ рост набошад, дар як курсии кушодтар нишаста, қомататонро рост кунед. Орому оҳиста саратонро аз қисмати гардан хам карда, 2-3 сония истед, баробари нафас кашидан саратонро бардоред ва, ҳамин тавр, оҳиста аз қисмати гардан саратонро ба пушт бурда, боз 2-3 сония истед ва саратонро бардошта рост кунед. Ин амалро 5-7 маротиба тавре анҷом диҳед, ки эҳсоси дард накунед.
Пас аз он саратонро бо ёрии дастон ба тарафи чап гардонед. Гӯшатонро ба китфатон расонед. Ҳамин амалро ба тарафи рост такрор кунед. Ин амалро низ 5-7 маротиба анҷом диҳед.
Дастонатонро ба миён гузошта, 5-7 маротиба китфонатонро ба пушт ва 5-7 маротиба ба пеш тоб диҳед. Сипас, дастонатонро болои ҳам гузошта, аз қисмати оринҷ 5-7 маротиба ба пушт бурда биёред. Таваҷӯҳ кунед, ки қомататон рост бошад.
Дастонатонро ба миён гузореду аввал ба тарафи рост ва баъд, қомататонро рост карда, ба тарафи чап хам шавед. Агар бароятон вазнинӣ кунад, ҳангоми қомататонро рост кардан 2-3 сония сабр кунед ва дубора хам шавед. Ин амалро 5-7 маротиба анҷом диҳед. Баъдан, хам шуда, ангуштони дастонатонро ба кафи поятон бирасонед ва дубора қомататонро рост кунед (агар дастонатон ба кафи пойятон нарасад, боке не, муҳим он ки миёнатон хам шавад).
Ҳамаи ин амалҳоро тавре анҷом диҳед, ки ҳеҷ ҷоятон дард накунад.
Аз таҷрибаи худ медонем, ки аксаран, бино бар ташвиши зиёди кору зиндагӣ, кас анҷом додани ин амалҳоро фаромӯш мекунад. Бино бар ин, як маслиҳати дигар – ин саҳифаи маҷалларо дар як ҷои намоён овезед, то ки ҳар дам машғулиятҳоро ба ёдатон биёрад.
Солиму бардам бошед!