Бо шунидани ин хабар ба даҳшат омадам, чун имрӯзҳо даҳҳо занони тоҷик исқоти ҷанин мекунанд ва хатари марг дар ин ҳангом ҳар лаҳза ба онҳо таҳдид менамояд. Мавриди зикр аст, ки масъалаи исқот натанҳо занони кишвари мо, балки тамоми ҷинси латифи сайёраро бо мушкил рӯбарӯ кардааст. Созмони ҷаҳонии Беҳдошт менависад, ки исқотҳои ғайриқонунӣ амалан ба таври пинҳонӣ ва дар шароити ғайрисанитарӣ гузаронда мешаванд ва паёмадҳои нохушеро ба думбол доранд. Дар гузориши созмони амрикоии «Пажӯҳишгоҳи Гуттмахер» (Guttmacher Institute), ки ба омӯзиши мушкилоти исқот дар ҷаҳон машғул аст, омадааст, ки исқоти пинҳонӣ дар як сол боиси марги беш аз 70 ҳазор зан мешавад. Шумораи тахминии теъдоди исқоти ғайритахассусӣ бошад, дар як сол ба 20 миллион мерасад.
Паёмадҳои исқот
Ҳарчанд на ҳама исқотҳо паёмади мудҳиш доранд, безарар ҳам нестанд. Тақрибан 60-70% занон пас аз исқоти ҳамл бо мушкилоти саломатӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки аксари он дар ҷараёни нодуруст гузарондани амалиёти исқот ба вуҷуд меояд. Дар аксар маврид, пас аз гузаронидани амалиёти исқоти ҳамл, ба бачадон инфексия ворид мешавад, ки бемориҳои ҷиддиеро дар пас хоҳад дошт. Бояд гуфт, ки баъзе аз он бемориҳо танҳо бо гузашти солҳо аз худ дарак медиҳанд. Хун ва лахтаҳои он микробҳоеро осон ҷабида мегирад, ки дар организм хеле зуд инкишоф меёбанд. Баъзан зиёдшавии микробҳо, ки онро садамоти бактериологӣ меноманд, метавонад инсонро ба ҳалокат расонад. Ҳамчунин, қобили тазаккур аст, ки инфексия на ҳамеша дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои санитарӣ ба организм ворид мешавад. Пас аз исқоти ҳамл бачадон захмӣ мешавад ва микробҳои дохили организм, аз қабили гайморит, ринит, дарди меъда, бронхити хроникӣ ва ҳатто захми дандон метавонад бо гардиши хун, ба баччадон ворид шаванд. Бар замми ин, исқоти ҳамл ба ҳолати рӯҳии зан низ таъсир мерасонад, яъне дар организми зан вайроншавии гормонҳоро ба вуҷуд меорад. Хатари ҷиддие, ки бар асари исқоти ҳамл ба организми зан таҳдид мекунад, хунравии бачадон мебошад. Созмони ҷаҳонии Беҳдошт таъкид мекунад, ки ҳар зани ҳафтум пас аз исқоти ҳамл маҳз бо сабаби хунравии бачадон фавтидааст.
Ба касе пӯшида нест, ки дар вақти ҳомиладорӣ андозаи бачадон баробари калон шудани ҷанин меафзояду вазнин мешавад. Андозаи рагҳои хунгард низ баробари бачадон калон мешаванд. Исқоте, ки бо роҳи ҷарроҳӣ сурат мегирад, амалан ба таври механикӣ нест кардани тифли батн мебошад, яъне духтурон тавассути асбобҳои махсус ҳарорати дохили бачадонро ба таври сунъӣ тағйир медиҳанд, ки он ба канда шудани ҷанин аз деворҳои бачадон оварда мерасонад. Баъзан духтурон як асбоби дигари нисбатан тезе бо номи «кюретка»-ро барои ҷудо кардани ҷанин аз деворҳои бачадон истифода мебаранд. Ҳангоми истеъмоли ҳар гуна дорувориҳои қатъкунандаи ҳомиладорӣ низ ҷанин аз девори бачадон канда мешавад. Маҳз дар натиҷаи аз девори бачадон кандани ҷанин системаи рагҳо осеб мебинад ва натиҷаи он ба хунравӣ оварда мерасонад. Қайд кардан зарур аст, ки рагҳои осебдида кушода мемонанд ва эҳтимоли ба онҳо ворид шудани ҳаво ва оби бачадон мавҷуд аст. Табиист, ки ин унсури бегона тавассути рагҳо ба организм роҳ меёбад ва дар натиҷа зан ба бемориҳои хатарнок ва бедаво гирифтор мешавад.
Вазъи мушкила дар ҷаҳон
Тибқи омори Созмони ҷаҳонии Беҳдошт ҳамасола дар саросари дунё беш аз 40-60 миллион исқот анҷом дода мешавад. Теъдоди кӯдакони исқотшуда дар як сол баробари шумораи фавтидагони ҷанги ҷаҳонии дувум мебошад. Омори Вазорати тандурустии кишварамон нишон медиҳад, ки дар зарфи даҳ моҳи соли 2010 дар Тоҷикистон 14.430 исқот сабт шудааст. Дар ҳоле ки ин шумора 15 сол пеш як баробар зиёд буд ва ба 22 ҳазор мерасид. Дар ҳоли ҳозир беш аз нисфи аҳолии ҷомеаи мо зан аст ва дар айни замон дар Тоҷикистон 2 миллион зани синни қобили зоиш зиндагӣ мекунад. Дар ин миён зиёда аз 40 ҳазор зан мехоҳад ҳамли батнашро исқот кунад ва беш аз 500 ҳазор нафар аз маводи пешгирандаи ҳамл истифода мебарад ва ё ба ин гуна хизматрасониҳо ниёз дорад.
Дар ҳоли ҳозир Русия дар зинаи болоии исқоти ҳамл қарор дорад. Дар ин кишвар ба сари ҳар 1000 таваллуд 1022 исқот рост меояд. Яъне исқот нисбат ба таваллуд бештар аст. Бино бар ин, мақомоти Русия муборизаи шадидро муқобили исқоти ҳамл оғоз кардаанд.
Анҷумани танзими оилаи кишвари Чин эълон кардааст, ки тавозуни ҷинсӣ дар кишвараш ташвишовар шудааст. Дар яке аз шаҳрҳои ин кишвар бар сари ҳар духтари синни то чорсола 163 писар рост меояд. Бино бар ин, тибқи қонуни нав дар ин кишвар қабл аз исқоти ҳар ҷанин бояд ҷинсаш муайян шавад ва дар сурати духтар будани ҷанин онро исқот намекунанд.
Дар Ҳиндустон бошад, муайян кардани ҷинси ҷанин қатъиян манъ аст, чун дар сурати зан буданаш онро ҳатман исқот мекунанд. Аз ин ба баъд исқоти ҷанини духтар танҳо бо иҷозати махсуси духтур анҷом дода мешавад.
Порлумони Королинаи Ҷанубӣ чанде пеш қонунеро қабул кард, ки бар асоси он ҳар зан қабл аз исқот ба сурати ҳатмӣ ба тасвири ултросадоии тифлаш менигарад ва баъд онро исқот мекунад.
Аммо дар кишварҳои пешрафта, ки усулҳои беҳтари исқот ҷористу нишонаҳои зарари исқот камтар ба мушоҳида мерасад, диққати духтурон ба вазъи ҷанин мутамарказ шудааст. Гурӯҳи кории пажӯҳишгоҳи Шоҳигарии Британия ба хулосае омадааст, ки ҷанини 24- ҳафтаина кобилияти эҳсоси дардро дорад ва бино бар ин тавсия медиҳад, ки ҳини исқот ба ҷанин доруи зидди дард гузаронда шавад.
Дар Англия исқот пас аз ҳафтаи 24-уми ҳомиладорӣ қатъиян манъ аст, ғайр аз ҳолатҳое, ки ба ҷони модар хатари марг таҳдид кунад. Аз 177 ҳазор исқоте, ки дар ин кишвар дар як соли охир анҷом шудааст, 653-тоаш дар ҳафтаи 23 ва 24-уми ҳомиладорӣ рост меояд ва 92 исқот ба мӯҳлати аз он боло.
Тибқи омори International Planned Parenthood (бузургтарин созмони амаликунандаи исқот дар Амрико), 91% исқот дар ИМА то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ анҷом дода мешавад ва танҳо 1% (ҳудуди 15 000 дар як сол) пас аз 24 ҳафта.
Дар баҳри Миёназамин ҷазираи Малта воқеъ аст, ки дар атрофаш минтақаи обҳои нейтралӣ мавҷуд аст. Ин обҳо тобеъи ҳеҷ қонуне нестанд. Бино бар ин, дар он ҷо дар дохили киштиҳои калоне клиникаҳои аборт сохтаанд. Сокинони кишварҳое, ки исқот мамнӯъ аст, ба ин клиникаҳо омада исқот мекунанд.
Мубориза беҳуда аст?
Тавре омор нишон медиҳад, аксари кишварҳо ба муқобили исқот муборизаи шадидро пеш гирифтаанд. Аммо, ба ақидаи Шамсиддин Қурбонов – директори Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии акушерӣ-гинекологӣ ва паринаталогии тандурустии Тоҷикистон, исқоти ҳамл аз оғози мавҷудияти башар вуҷуд дорад ва то охир боқӣ хоҳад монд. Мубориза ба муқобили исқот беҳуда аст. Беҳтар аст, ки фаъолият ҷиҳати пешгирии ҳамли номатлуб пурзӯр карда шавад. Ба ақидаи ӯ, беҳтарин имконияти пешгирии исқот пешгирии ҳамли номатлуб аст, ки таҷрибаи он дар Тоҷикистон натиҷаи хуб додааст.
Дар оғози солҳои 90-ум дар Тоҷикистон 47-50 ҳазор исқот гузаронда мешуд. Ҳар зани севуми ҳомила исқот мекард. Соли 1993-95 Ҳукумати ҶТ лоиҳаи таъмини бехатарӣ бо истифодаи маводи контрасептиро қабул кард. Ба асоси он намудҳои гуногуни пешгирии ҳамл - воситаҳои дохилираҳмӣ, доруҳои ҳормонӣ, воситаҳои нутфакуш, воситаҳои инъексионии контрасептӣ ва рифола мавриди истифодаи васеъи мардум қарор гирифт. Агар соли 1993 аз 10 нафар зани қобили таваллуд 1 нафар аз воситаҳои пешгирии хамл истифода мебурд, пас соли 2005 аз 3 нафар 1 нафар аз ин воситаҳо истифода мебарад.
Муҳаммадалии Яздонхоҳ – мутахассиси эронӣ, ки 6 сол аст дар Тоҷикистон ба сар мебарад, мегӯяд, ки занони тоҷик ба солимии худ камтар таваҷҷуҳ доранд. Занони эронӣ аз воситаҳои пешгирии ҳамли номатлуб хеле хуб ва бармаҳал истифода мекунанд. «Шояд сабаб дар мамнӯъ будани исқот дар Эрон бошад» – мегӯяд вай. Ба гуфтаи ҷаноби Яздонхоҳ, «Суқути ҷанин танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки агар он ҳамл ба ҷони модар таҳдид кунад ва ё ҷанини дар раҳм буда ноқис аст ва он ҳам зери 12 ҳафтаи бордорӣ. Ин мушкили модари ҳомиларо бояд се пизишки қонунӣ таъид кунад ва ҷарёни исқот низ таҳти назорати мутахассиси тиб дар бемористон анҷом шавад».
Ислом оид ба исқот
Тоҷиддин Асомуддинов сармутахассиси Кумитаи дини Тоҷикистон бо такя ба нигоштаҳои донишмандон ва фуқаҳои маъруфи ислом мегӯяд: “Исқоти ҳамл дар Ислом мамнӯъ аст. Иҷозаи исқоти ҷанинро фуқаҳои дин танҳо дар як марҳала иҷозат додаанд – дар ҳолате ки ҳомиладорӣ ба ҷони модар хатари маргбор дошта бошад. Вале пешгири аз ҳамлро иҷозат додааст.”
Дар ҳамин ҳол профессори яке аз доишгоҳҳои маъруфи ҷаҳони ислом – Ал Азҳар дар китобаш “Танзими оила дар ислом” навиштааст: “Ба ақидаи мактаби Ҳанафия исқоти ҳамл дар ҳолате мумкин аст, агар давраи ҳомиладорӣ аз 120 рӯз зиёдро дар бар нагирад. Дар ин давра ҷанини дар батни модар буда соҳиби рӯҳ (ҷон) мегардад. Исқоти ҳамле, ки барвақт бе зарурат ва ё бе ягон сабаби муҳим рух дода бошад, макрӯҳ ҳисоб мешавад (яъне номақбул, вале на мамнӯъ).
Фуқаҳои Ислом бар ин назаранд, дар сурате ки ислом пешгирӣ аз ҳамлро иҷозат додааст, пас одамон бояд аз он фаровон истифода баранд, то ин ки баъдан ба амали хатарноку муҷрим даст назананд.
Пешгирии ҳамл беҳтар аз исқот
Таҷрибаи ташвиқи воситаҳои пешгирандаи ҳамл дар Тоҷикистон исбот кард, ки истифодаи усулҳои пешгирии ҳамли номатлуб беҳтарин амал дар кам кардани шумораи исқот мебошад. Дар ҳамин ҳол, зани солхӯрдаи тоҷик Марямбону мегӯяд, ки баъзе васоити пешгирандаи ҳамли номатлуб занонро бо мушкили ҷиддие рӯбарӯ мекунад. «Воситаҳои пешгирии ҳамл ҳам ба организми зан зарар мерасонанд, вале на ба андозаи исқот. Ба ҳар ҳол, беҳтар мешуд, ки мардон ҳам ба воситаи истифодаи баъзе контрасептҳо аз ҳамли номатлуб пешгирӣ кунанд…»
Шаҳноз КОМИЛЗОДА