Фасли тирамоҳ - тағйири зуд-зуди ҳаво, боду борон, рутубату намнокӣ… Баъд аз тобистони гарм ҷисми (организм) кӯдакон ҳанӯз ба чунин боду ҳаво мутобиқ нашудааст. Ҳамин ки каме пойҳояшон нам шуд, зуд таб мекунанд ё сулфаю оби димоғашон ҷорӣ мешавад. Ва чӣ қадар бемории кӯдак модарро нороҳату саргардон месозад! Сухан сари бемории маъмуливу ошнои зуком биравад ҳам. Зуком оқибатҳои нохуш дорад. Бино бар ин, бо он бояд сари вақт ва ҷиддӣ мубориза бурд. Дар мавриди пешгирӣ ва табобати дурусти бемории зуком Ҳусноро Каримова – мутахассиси бемориҳои зуком маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Ёрӣ ҳангоми пайдоиши нишонаҳои нахустин
- Ба кӯдак малиначой дода, дар ҳаммоми гарм оббозиаш доронед ва бо кӯрпаи гарм болояшро пӯшида, хобонед;
- Агар кӯдакатон оббозиро дӯст надорад, пойҳояшро 10-15 дақиқа дар оби хардалдор нигоҳ доред. Сипас пойҳояшро обгардону хушк кунеду ҷӯробҳои пашмӣ пӯшонед.
- Пас аз ҳаммоми гарм ва ё бӯғи пой нӯшидани шири гарм ва ё чой бо мураббои олуча бамаврид аст. Олуча газаки гулӯро кам мекунад.
- Агар касе аз аҳли хона ба бемории зуком гирифтор шуда бошад, ҳар рӯз ду маротиба испанд дуд карда, тамоми аҳли оиларо бештар сир хӯронед.
Иммунитетро чӣ баланд мекунад?
Тавре маълум аст, аслан барои пешгирии зуком ва сармохӯрдагӣ маҳсулоте, ки дар он бештар витамини С мавҷуд аст (лимӯ, хуч, смородина, карами турш (квашенная) муфиданд. Сабзии аз турбтарошак гузаронда ва бо равғани растанӣ омехта барои баланд бардоштани иммунитет хеле хуб аст. Дар таркиби сабзӣ теъдоди зиёди бета-креатин мавҷуд аст, ки қувваи ҳимоятии ҷисмро мустаҳкам нигоҳ медорад. Бета-креатин ҳамчунин дар таркиби ҳар меваю сабзавоти рангаш зард, норинҷӣ ва сурх мавҷуд аст.
Агар кӯдак бемор шуд…
Пеш аз ҳама, ба духтур муроҷиат кунед. Тарзи муолиҷаро бояд мутахассис муайян кунад, на кадом як пиразан, ҳамсоя ва ё шахсе, ки аслан аз илми тиб бархурдор нест. Усули нодурусти муолиҷа аз худи зуком бештар зарар мерасонад. Албатта, «муолиҷаи бобоӣ»-и ширу асал ва ё ғарғараи гулӯро духтур манъ намекунад. Аммо баъзе доруҳо, хардал ва ё бӯғро бе маслиҳати духтур истифода набаред.
Ҳангоми баланд шудани таб ба кӯдак оби зиёд нӯшонед. Беҳтарин чиз дар ин ҳолат лимӯчой ва ба бадан молидани маҳлули омехтаи сирко бо об аст. Ин анъанаи мардумӣ санҷида шудааст ва воқеан ҳам ҳолати беморро хеле хуб мекунад. Вале агар таб ба дараҷаи 39 ва аз он боло расида ва кӯдак ба ларзиш даромада бошад, ҳатман аз доруҳои зидди таб истифода баред. Кӯшиш кунед, ки аз доруҳои махсуси кӯдакон истифода баред ва пеш аз истифода ҳатман варақаи ҳамроҳашро бихонед.
Чӣ хел дору?
Маъмулан ба кӯдак доруро хурд (мисли хока) ва ё об карда хӯрондан лозим аст. Доруҳоро метавонед дар ҳар моеъ – об, чой, шӯрбо ва шир маҳлул кунед. Аммо дар ин маврид об беҳтар аст. Имрӯз давоҳои хубу бароҳате барои кӯдакон, ба монанди сироп ва свеча истеҳсол шудааст, ки агар имкон доред, ҳатман аз онҳо истифода кунед. Онҳо ширину хушмазза, хушрангу хушбӯ ҳастанд ва кӯдак бароҳат ва бе мушкилӣ мехӯрад. Хусусияти хуби дигарашон доштани қошуқчаи махсус аст, ки дар дохили қуттиаш нигоҳ дошта мешавад. Ин натанҳо дору хӯронданро осон мекунад, балки аз лиҳози беҳдошт ҳам хеле хуб аст.
Ш. Комилзода