Мушоҳида мешавад, ки муддати чанд соли охир теъдоди кӯдаконе, ки бо бемории фишори баланди косахонаи мағзи сар таваллуд мешаванд, афзудааст. Ин бемориест, ки ба инкишофи ақлониву ҷисмонии кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Модарони ҷавон бештар аз гиряи зиёд ва нооромии кӯдакони худ дар ташвишанд. Вақте онҳо ба духтурон муроҷиат мекунанд, аксаран як посух мешунаванд: фишори баланди дохили косахонаи мағзи сар. Чаро чунин аст? Чӣ боис мегардад, ки қисми бештари кӯдакон гирифтори ин беморӣ мешаванд ва оқибати ин беморӣ чист? Ин суолест, ки модарон ҷавобашро донистан мехоҳанд ва моро маҳз ҳамин чиз водор намуд, ба суроғи мутахассис равем.
Ситора Нуралиева аз соли 1994 инҷониб дар маркази саломатии шаҳрии рақами 12 уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба сифати духтури бемориҳои асаб фаъолият дорад. Фишурдаи сӯҳбатамонро ба хонандагони арҷманд пешниҳод менамоем:
– Аслан сабаб дар худи модарон аст. Ҳанӯз дар батни модар кӯдак метавонад гирифтори ин гуна бемориҳо гардад. Пеш аз ҳама заҳролудшавӣ, касалиҳои ҷоғар, камхунӣ, дар вақти ҳомиладорӣ гузаронидани зуком боиси таваллуд шудани кӯдакони гирифтори бемории фишорбаландии дохили косахонаи мағзи сар мегардад. Ҳамчунин ҳангоми таваллуд рагҳои борики хунгарди мағзи сар метавонанд, ки зарб хӯранду кафанд. Ин бисёр хавфнок аст. Агар дар ин ҳолат сари вақт ба духтур муроҷиат накунанд, зиёдшавии оби мағзи сар ба гидротсифалия ё ин ки макротсифалия, яъне ки инкишоф наёфтани мағзи сар оварда мерасонад. Оқибати он даҳшатангез аст: фалаҷшавии дасту пойи кӯдак, фалаҷшавии асабҳои чашм, яъне каҷшавии чашм, камақлӣ ва ғайраву ғайра. Аз ин рӯ, сари вақт аз назорати духтурон гузаронидани кӯдак хеле зарур аст, то зуд ва осон муолиҷа шаванд.
– Чаро чанд соли охир ин беморӣ бештар шудааст, ё солҳои пеш низ ин беморӣ зиёд буд?
– Солҳои пеш низ вуҷуд дошт, аммо назорат аз болои занҳои ҳомиладор хуб буд. Аммо ҳоло бошад, назорат камтар аст ва ҳатто қисме аз занони деҳот беназорат мемонанд. Барои ҳамин ин беморӣ бештар дида мешавад. Баъдан, фосилаи байни таваллуд беҳад наздик аст ва модарон баробари ҳомиладор шудан аз назорати духтур намегузаранд, то фаҳманд, ки чӣ беморӣ доранду он ба кӯдаки батнашон чӣ таъсире расонида метавонад.
– Фишорбаландии дохили косахонаи мағзи сари кӯдакро оё метавон пурра табобат кард?
– Бале, агар сари вақт муроҷиат намоянд сад фисад метавон онро табобат кард, аммо агар дертар муроҷиат кунанд, имкони панҷоҳ фисад табобатро доранд. Яъне бо гузашти сол табобати он душвор ва оҳиста-оҳиста номумкин мегардад.
– Баъзе модарон нофаҳмида мемонанд, ки кӯдакашон гирифтори ҳамин беморист ва аз пайи табобат намешаванд. Нишонаҳояшро мегуфтед?
– Ин беморӣ дар ҳар намуд зуҳур меёбад. Намуде ҳаст, ки ҳангоми гирифтор шудан ба он кӯдакон аз ҳад зиёд гиря мекунанд, аммо намуде ҳам ҳаст, ки кӯдакон тамоман гиря намекунанд. Аз ҳама муҳимаш кӯдак ҳамин ки таваллуд шуд, бояд таҳти назорати духтури минтақавӣ бошад. Нишонаҳои ин беморӣ чунинанд: гиря, қайкунӣ, тез маҳкам шудани обаки калони сари кӯдак. Бояд бигӯям, ки ҳам обаки калони сар ҳаст ва ҳам обаки хурди сар. Агар модарон бинанд, ки обаки калони сар хурд аст ё тез маҳкам мешавад, донанд, ки кӯдаки онҳо гирифтори бемории фишорбаландии косахонаи мағзи сар аст ва ин намуд кӯдакон қариб ки тамоман гиря намекунанд. Нишонаҳои дигараш: бетоқатшавии зиёди кӯдак, ҷойивазкунии сиёҳии чашмон, хуллас нишонаҳо зиёданд.
– Асабонияти зиёди модар ҳангоми ҳомиладорӣ метавонад сабабгори ба ин беморӣ гирифтор шудани кӯдак гардад?
– Албатта. Айни замон қисми бештари модарон гирифтори бемории ҷоғар ҳастанд ва ки тез тез асабонӣ шудан аломати ин беморист. Кӯдак ҳанӯз дар батни модар дорои эҳсоси баланд аст ва ҳама кори модар ба ӯ таъсири худро мерасонад, аз ҳама бештар асабонӣ шудани зан. Дар вақти ҳомиладорӣ бояд ҳамеша эҳтиёткор бошем ва оромиро аз даст надиҳем.
– Кадом намуди бемориҳои асаби кӯдакона имрӯз бештар дида мешавад?
– Бештар зиёдшавии оби сари кӯдак, фалаҷи дасту пой, заъифии инкишофи ақлонӣ, ки боиси дар мактаб хуб нахондан ва аз ҳамсолон қафомониашон мегардад, дида мешавад.
– Яъне бадхонӣ низ метавонад яке аз оқибатҳои ин беморӣ бошад?
– Бале, ин аз инкишофи заъифи мағзи сар дарак медиҳад ва яке аз оқибатҳои ҳамин беморист. Дар аввал кӯдак бо зарбхӯрдани мағзи сар таваллуд мешавад ва дар ҳолати табобат накардан, он чунин нуқсҳоро аз худ боқӣ мегузорад. Имрӯз мебинем, ки касалии ҷоғар дар байни кӯдакону наврасон низ зиёд шудааст, ки он низ ба инкишофи системаи асаб таъсири манфии худро мерасонад. Нуқсҳои сутунмӯҳра ва хирашавии чашм низ аз бемории фишорбаландии косахонаи мағзи сари кӯдак вобастагӣ дорад.
– Маълум, ки вазъи зиндагии бештари мардум на он қадар хуб аст ва қисме аз модарон ҳангоми ҳомиладорӣ наметавонанд, ки маҳсулоти ғизонок истеъмол намоянд. Ин омил низ метавонад боиси пайдоиши беморӣ гардад?
– Хӯроки модарони ҳомила масъалаи аз ҳама муҳим аст. Дар сурати норасоии ғизо на танҳо модар, балки кӯдак низ зарар мебинад. Лоғар таваллуд мешавад, ҳаракати дасту пойҳояш суст буда, дер роҳ мегардад, дер гап мезанад, яъне маълум, ки дар баробари ҷисм инкишофи мағзи сар низ заиф мешавад. Ба ин гуна модарон, агар ба мо муроҷиат кунанд, аз ҷониби маркази саломатӣ, ба таври ройгон, доруворӣ медиҳем.
– Модарони куҳансолтар мегӯянд, ки кӯдакони мо ором буданд, аммо кӯдакон имрӯз зиёд ғаш мекунанд…
– Пештар шароити мардум хуб буду асабҳои модарон низ ором. Солҳои пеш мардум бештар маҳсулоти табиӣ истеъмол менамуданд, ҳоло маҳсулоти кимиёӣ зиёд шудааст. Ин таъсири хеле калон дорад. Ногуфта намонад, ки занҳо имрӯзҳо либосҳое мепӯшанд, ки ба саломатӣ ва пӯсти онҳо зарарнок аст. Ин омил низ сабаби пайдоиши бемориҳои асаби кӯдакон шуда метавонад. Дар шароити феълӣ таъсири ҳар гуна мавҷҳо хеле зиёд аст. Дар дасти ҳар нафар як ё ду телефон аст, ҳама компютеру дигар дастгоҳҳое мисли телевизор дорем, ки таъсири мавҷҳои он низ зиёд мебошад. Модарони ҳомила то ҷое, ки имкон доранд, аз ин ҳама таъсирот худро дур бигиранд, беҳтар аст.
– Дар мавриди либоспӯшии модарон мушаххастар мегуфтед, зеро шояд аксари модарон надонанд, ки либоси ба бар намудаи онҳо низ ба кӯдаки дар батн доштаашон таъсир мерасонад.
– Зиёдтар ба молҳои гаронбаҳо дода шуда, занон саломатии худро сарфи назар мекунанд. Дар ҳақиқат ҳам либоси ба тан намудаи модар ба кӯдак таъсири зиёд мерасонад. Пӯсти бадан бояд нафас бигирад, аммо либоси синтетикӣ ҳаворо намегузаронад. Баъзан ин боиси пайдо шудани шароҳои (аллергияҳои) пӯсти бадан низ мегардад. Нафасгирии кӯдак бошад, аз нафасгирии модар вобаста аст. Беҳтараш либоси пахтагин аст, ки онро арзонтар метавон дастрас кард. Ман ба модарон тавсия медиҳам, ки ақаллан ҳангоми ҳомиладорӣ аз пӯшидани ҳар гуна либосҳои синтетикӣ даст кашанд, зеро ин барои саломатии худи онҳову кӯдакашон зараровар аст. Бо сарфа намудани маблағ беҳтар аст ҳар гуна маҳсулоти хӯроквории серғизо харидорӣ намоянд.
– Метавон хулоса баровард, ки тифл ҳанӯз дар батни модар метавонад гирифтори бемории фишорбаландии дохили косахонаи мағзи сар гардад?
– Бале, ҳар як рафтору кирдор, асабоният, хӯрокхӯриву либоспӯшӣ, таъсири кори вазнин, ҳатто истироҳати модар ба тифли батни ӯ таъсир мерасад.
– Агар ин беморӣ рафту бетабобат монад, ҳолатҳое ҳаст, ки худ аз худ табобат шавад?
– Агар сабук бошад, бо гузашти вақт беморӣ низ мегузарад. Аммо бештари беморон бояд табобат шаванд. Дар сурати табобат нашудан ҳолатҳои вазнин пеш меояд. Мехоҳам як мисол бароятон биёрам. Чанде пеш як духтарчаро аз Файзобод волидонаш назди ман оварданд. Ӯ дар аввал кам-кам дарди сар мешудааст ва вақте ба мактаб меравад, дарди сар авҷ мегирад. Аммо волидон аҳамият намедиҳанд ва танҳо пас аз ба балоғат расидан ӯро барои муоина оварданд. Маълум шуд, ки алаккай гирифтори омоси мағзи сар гаштааст. Вақте сабаби пайдоиши бемориро ҷустем, маълум шуд, ки ӯ ягон зарбаи сахт аз сар нахӯрдааст, вале ҳангоми таваллуд рагҳои хунгарди мағзи сар зарба хӯрдаанду ҳамон вақт ба фишорбаландии дохили косахонаи мағзи сар мубтало шудааст. Бо гузашти солҳо ва табобат накардан, гирифтори омоси мағзи сар гашта, ба болои ин ҳоло гирифтори бемории рӯҳӣ шудааст. Агар дар кӯдакӣ ба духтурон муроҷиат мекарданд, ба осонӣ табобат мешуд, аммо ҳоло табобати ӯ душвор, ё қариб, ки номумкин аст. Аз ин хотир ба волидон муроҷиат мекунам, ки нисбат ба саломатии кӯдакони худ хеле боаҳамият бошанд, зеро солимии ояндаи ҷомеаи мо аз кӯдакони солими имрӯз вобаста аст.
– Барои сӯҳбат ташаккур.
Моҳшарифи Холиқ