Руҷӯи аввал
Интихоби касби пизишкӣ барои Гавҳар, ки дар оилаи табибон ба дунё омадааст, тасодуфӣ нест. Ӯ ҳанӯз аз замони мактабхонӣ тухми муҳаббати ин касбро дар бӯстони дил кошта буд.
Боре, ҳангоми дар синфи 6-ум хонданаш, Алла-хола, ки дар ҳамсоягӣ мезисту гирифтори бемории диабети қанд буд, хоҳиш намуд, ки сӯзандоруяшро гузаронад. Гавҳар бо нишондоди Алла-хола, ки худ духтур буд, ин корро ба хубӣ анҷом дод. Аз он пас дар ҳолатҳои зарурӣ Алла-хола наздаш меомад ва ӯ бо камоли майл сӯзандоруяшро мегузаронд.
– Чи дастони нозуку шифобахше дорӣ, Гавҳарҷон. Тамоман дардро эҳсос накардам. Ту бояд ҳатман шифокор шавӣ, – бо ҳисси миннатдорӣ ҳар бор мегуфт Алла-хола.
Ин суханони самимӣ азми ӯро дар роҳи мақсад устувор кард. Баъди бо баҳои аъло хатм кардани мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро бе дудилагӣ ба Донишкадаи тиббӣ супурд ва сарбаландона соҳиби номи донишҷӯй шуд. Бо завқ ва сайъи комил мекӯшид нозукиҳои ин касби душвор ва пуршарафро аз худ намояд. Дар маҳфили ҷарроҳон, ки доктори илми тиб А.Қаҳҳоров мегузаронд, ширкати фаъол дошт. Мехост назарияро бо амалия пайвандад ва ҳарчӣ бештару хубтар нозукиҳои касбашро омӯзад. Ин буд, ки ҳанӯз аз курси сеюм ба шӯъбаи эҳёгарии кӯдакони норасиди Беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло ба кор даромад. Сараввал барои санҷиш як моҳ чун фаррош қабулаш карданд. Самимият, ҳисси дилсӯзӣ ба кӯдакон, чусту чолокӣ, ӯҳдабароиву кордонӣ ва гирумони моҳиронаашро дида, чун ҳамшираи шафқат пазируфтандаш. Гавҳарой бо ҳисси кунҷковӣ ва ақли ҷӯянда тамоми ҷузъиёти касбашро омӯхтану донистан мехост. Дар маҳфилҳои гуногун иштирок мекард.
Донишкадаро бомуваффақият ба итмом расонду як сол дар заминаи Беморхонаи маҳаллаи Советӣ интернатура гузашта, таҷрибаи бештар ҳосил кард. Пас чун духтури кӯдакон дар мактаби миёнаи рақами 6-и шаҳри Душанбе ба кор даромад. Пас аз чанде бо роҳхати Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар дармонгоҳи рақами 10 ба сифати духтури кӯдаконаи минтақавӣ фаъолияташро идома дод.
Ӯ интернатураро бо ихтисоси духтури бемориҳои сироятӣ хатм карда буд, аз ин рӯ, бо таклифи сардухтури дармонгоҳ чун духтури эммунолог, дар шӯъбаи эмгузаронӣ ба кор гузашт ва ҳамин тавр то имрӯз ба сифати духтури бемориҳои сироятии кӯдакона заҳмат мекашад.
– Сабаби сироятпизишк шуданам духтарам Фирӯза аст. Ман ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ хонадор шуда будам. Фарзанди нахустинам Фирӯза ҳам аз ҷиҳати вазн ва ҳам мӯҳлат норасид таваллуд шуд. Бинобар ин, эмгузаронӣ мумкин набуд. Азбаски ваксинаи КДС-ро, ки дар таркибаш маводи зидди сулфакабўдак дорад, нагузарондем, гирифтори ин беморӣ шуд. Қариб як сол азоб кашидам ва аҳд кардам, ки маҳз сироятпизишки кӯдакон шавам,–гуфт Гавҳар. Бурди Гавҳар аст, ки дар пайроҳаи зиндагӣ тақдир ҳамеша бо одамони наҷибу нексиришт рӯбарӯяш кардааст. Ин гуна шахсони тақдирҷунбон хусураш - академик Ҳ.Саидмуродов ва устодаш Н.Файзуллоев буданд, ки бо маслиҳаташон аспирантура хонда, дар мавзӯи «Хусусиятҳои асосии таснифотӣ ва ҷараёни равиши зардпарвинҳои омехтаи А ва В дар кӯдакон» соли 1997 бомуваффақият рисолаи номзадї дифоъ кард. Ҳоло ӯ дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мебошад.
Бо «Корвони саломатӣ»
Дар арафаи иди касбии табибон Гавҳар Саидмуродова меҳмони «Бонувони Тоҷикистон» шуд. Мо аз фурсат истифода бурда, ба чанд суол посух гирифтем.
– Гавҳар Мирбақоевна, ба наздикӣ Шумо бо «Корвони саломатӣ» ба вилояти Суғд сафар доштед. Ҳадафи ин чорабинӣ чӣ буд?
– Дар асоси фармони Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ бо мақсади расонидани кӯмаки дастурию ташкилӣ ба муассисаҳои шифоӣ ва пешгирию омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ «Корвони саломатӣ» ба вилояти Суғд сафарбар шуд. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ беҳтарин мутахассисони ҷарроҳ, тибби оилавӣ, чашму гӯшу бинӣ, дандону қалб ва ултрасадо дохил буданд. Мо корро аз ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ оғоз намуда, бунгоҳҳою беморхонаҳои ноҳияҳои Айнию Шаҳристон, Истаравшану Спитамен, Ашт ва шаҳри Хуҷандро дидем. Сатҳи ҳуҷҷатгузорӣ ва хизматрасонии тиббиро санҷидем. Беморони зиёдеро қабул ва ташхис намуда, муолиҷа фармудем. Онҳоеро, ки дар сатҳи маҳал илоҷи табобаташон набуд, бо роҳхат ба беморхонаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ равон кардем. Нагуфта намонад, ки ин хизматрасониҳои тиббӣ куллан ройгон буда, табобати онҳое, ки бо роҳхати «Корвони саломатӣ» ба муассисаҳои табобатӣ фиристода шудаанд, низ бояд ройгон сурат гирад.–
Аз рӯйи мушоҳидаҳоятон кадом бемориҳо бештар паҳн шудаанд?
– Чуноне мушоҳидаҳои сафар нишон дод, вазъи хизматрасонии тиббӣ дар деҳот чандон хуб нест, вазъи зиндагӣ низ. Духтурон намерасанд. Масалан, дар ноҳияи Айнӣ ҷавонзанони 38-40-солае наздамон омаданд. ки қариб бедандон буданд. Чунки дар деҳот мутахассисони соҳаи дандонпизишкӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла курсии табобатӣ намерасад. Бинобар ин, духтур дандонҳои дардмандро табобат накарда, меканад. Бемориҳои норасоии йод, яъне ҷоғар ва камхунӣ хеле паҳн шудаанд, ки ташвишовар аст. Бемориҳои сироятии меъдаву рӯда ва оризаҳои онҳо ва заҳролудшавӣ бо кирмҳо низ зиёд вомехӯранд.
– Воқеан, сабаб чист, ки имрӯз мардум, чи хурдсолу чи калонсол, мубталои кирмҳои рӯдаю меъда ва ғайраанд?
– Сабаби паҳншавии ин навъи бемориҳо риоя накардани қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ва норасоии об мебошад. Дар аксари ноҳияҳо, масалан, ноҳияи Шаҳристон оби нӯшокиро мехаранд. Об бошад, тамизкунандаи ҳама чиз аст. Об, ки нест, зарфҳоро тоза шустан имкон надорад ва микроб боқӣ мемонад. Қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо мардум гирифтори кирмҳои гуногун, аз қабили лямбия, аскарида, кирмҳои лентамонанд, гиҷҷа ва ғайра мебошанд, ки аксаран гузарандаанд.
Аслан кирмҳо ду намуд мешаванд: биогелмит ва геогилмит. Азбаски заҳрхимикатҳо гаронанд, мардум дар заминҳо порӯи маҳаллиро истифода мебаранд. Сабзавоти аз ин гуна заминҳо рӯида хатари гирифторкунӣ ба кирмҳои навъи геогилмитиро доранд. Биогелмит бошад, аз одам ба одам мегузарад.
– Нишонаҳои ин беморӣ кадомҳоянд?
– Дарди шикам, беҳолӣ, нооромӣ, беиштиҳоӣ, хушкшавӣ ва сафедшавии пўст дар ҷойҳои алоҳидаи бадан, камхунӣ, пайдошавии яраҳо дар пӯст ва луобпардаҳои даҳон аз ҷумлаи нишонаҳои гирифторӣ ба ин беморист.–
Роҳҳои пешгирӣ аз заҳролудшавӣ бо кирмҳо вуҷуд доранд?
– Бале, пеш аз ҳама, бояд дар байни аҳолӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ корҳои маърифатї гузаранд. Барои аз хатари гирифторӣ бо кирмҳо эмин мондан пеш аз хӯрок ва баъди ҳоҷатхона дастҳоро бо собун тоза шустан, меваҷот ва сабзавотро бо оби ҷӯшондашуда безарар гардондан, маҳсулоти ширии (ҷурғот, чакка ва ғ…) бе сертификати стансияи санитарӣ-эпидимиологиро истифода набурдан, пашшаҳоро нобуд кардан лозим аст.– Солимии насл аз солимии модар вобаста аст.
Бемории модар, бахусус бемориҳои сироятии ӯ, ба кӯдаки батнаш таъсир гузошта метавонанд?
– Албатта, тифли солимро танҳо модари солим таваллуд мекунад, яъне солимии кӯдак аз солимии модар вобастагии зич дорад. Махсусан, дар семоҳаи аввали хомиладорӣ, ки давраи ниҳоят нозуку ҳассос асту узвҳои асосии кӯдак маҳз дар ҳамин давра ташаккул меёбанд, модар бояд эҳтиёт кунад, то бемор, махсусан зуком нашавад. Аксари бемориҳои вирусӣ, аз ҷумла зардпарвинҳо (7 намуд) ба кӯдаки батн намегузаранд, чунки ҳамроҳак чун садди бетонӣ хусусияти вирусро нагузарондан дорад. Аммо ин гуна зардпарвинҳо метавонанд дар ҷараёни таваллуд ба кӯдак гузаранд, чунки кӯдак рӯболо таваллуд мешавад ва метавонад хуни зарарёфта бо вируси модар ба воситаи луобпардаҳои чашм, бинӣ ва хусусан даҳон ба ҷисми кӯдак роҳ ёбад.
Агар модар мубталои бемории сурхакон (краснуха) ва ё обакон (оспа) ё бо ин гуна беморон дар тамос бошад, бегуфтугӯ ба ҷисми кӯдаки батнаш таъсири нохуш мерасад. Ин гуна кӯдакон бо нуќсонҳои ҷиддии модарзодӣ ба дунё меоянд ва хатари бемориҳои дилу рагҳои хунгард ногузир аст. Зеро обакону сурхакон хусусияти террогенӣ доранд. Бино бар ин, дар ин гуна ҳолатҳо исқоти ҳамл намудан аз тифли нуқсдорро ба дунё овардан беҳтар аст.
Як чизи дигарро махсус қайд кардан мехоҳам. Камхунӣ низ боиси ба дунё омадани тифли носолим, маъсунияти баданаш паст мегардад. Табиист, ки ҷисми ин гуна кӯдак заиф буда, қудрати муқобилият бо бемориҳо, бахусус бемориҳои сироятиро надорад. Аз ин рӯ, шуур ва маърифати тиббии занонро бояд баланд бардошт, зеро ҷомеаи солим ба насли солим иртиботи қавӣ дорад.
–Назаратон ба ҷараёни тибби оилавӣ дар кишвар. Оё мо ба ин навгонӣ дар соҳаи тиб омода будем? Охир, Донишгоҳи тиббӣ танҳо мутахассисони ба истилоҳ ихтисоси маҳдудро омода мекард, барои ҷоришавии тибби оилавӣ замина доштем?
– Ин навгонӣ тақозои замон аст. Ҳар кор дар аввал душворӣ дорад. Ҳоло барои тайёр намудани табибони оилавӣ курсҳо ташкил шудаанд. Инчунин, дар ДДТТ факултаи махсус амал мекунад.
Мо – иштирокчиёни «Корвони саломатӣ» шоҳиди ҳол будем, ки дар минтақаҳо духтур намерасад. Масалан, дар Кӯҳистони Масчоҳ як духтур ба аҳолии 5-6 деҳа хизмат мерасонад. Агар ӯ духтури оилавӣ не, фарз кардем, духтури чашм мебуд, танҳо чашмро табобат карда метавонисту халос. Аз ин хулосае бармеояд, ки духтури оилавӣ ниҳоят зарур аст. Бемор, пеш аз ҳама, ба муоинаи пешакӣ мӯҳтоҷ аст ва ин вазифаро маҳз духтури оилавӣ иҷро карда метавонад.
– Кадом сифатҳоро барои духтур зарур мешуморед?
– Зоҳиран ва ботинан зебо ва ҳамеша аз пайи омӯзишу такмили дониши худ бошад. Ҳусни табиб дасти нозуку навозишкор, дили пок, чеҳраи кушода, забони хуши ўст. Ҳамаи ин тавъам бо доруву давои муосир ба тезтар шифоёбии бемор мусоидат мекунад.
Руҷӯи охир
…Тухми муҳаббати дар бӯстони дил киштаи Гавҳарой Саидмуродова имрӯз самар додааст. Солҳост, ки ў дар Донишгоҳи тиббӣ ба сифати устод ба донишҷӯён дониш ва таҷрибаи хешро меомӯзад. Дар навиштан ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни ДДТТ саҳми босазо дорад. Ин олимаи пуркор, ҳамсари вафодор, модари ғамхор тавонистааст њамроњи шавҳараш, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, вакили МН МО ҶТ Лутфулло Саидмуродов фарзандони сазоворро ба воя расонад. Духтараш Фирӯза – духтур, писаронаш Аҳмадҷон – аспиранти Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, Ҷовид – директори генералии ҶДММ «ПомСиТел» ва духтараш Фарангиз муҳассили мактаби умумӣ орзўю ниятњои онҳоро пурбортар мекунанд.
Барно Султонова