«Об - манбаи ҳаёт», «Обу ободонӣ», «Об ҳаст, ҳаёт ҳаст», ба мисоли ин гуфтаҳо ниёгонамон масалҳои зиёд доранд, ки ишора ба пок нигоҳ доштан ва сарфакорӣ намудан дар мавриди истифодаи об мебошад. Чаро ки инсон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки об низ чун дигар неъматҳои табиат нотамом буда наметавонад. Ин аст, ки нарасидани оби тоза солҳои охир боиси нигаронии аҳли сайёра гашта, мушкили глобалиро ба миён овардааст.
Масъалаи пок нигоҳ доштан ва сарфаи оби тоза солҳост, ки боиси нигаронии раҳбарони кишварҳо гаштааст ва ин аст, ки ташаббус ва пешниҳодоти созандаи Президенти кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли масоили вобаста ба об дастгирӣ ёфт. 15-уми марти 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар нишасте, ки бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қирғизистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафдорӣ аз истифодаи дурусти захираҳои обу энержии минтақа намуда, изҳор дошт:
Тибқи маълумотҳои оморӣ аҳолии 43 давлати дунё, яъне зиёда аз 700 миллион нафар ниёз ба оби тоза доранд ва олимон собит намудаанд, ки ин теъдод то соли 2025 ба 3 миллиард хоҳад расид.
Аз он ки масъалаи оби тоза дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди нигаронӣ қарор гирифтааст, олимон барои захираи об роҳҳои гуногунро низ кашф намудаанд. Масалан, дар соҳаи кишоварзӣ бо усули чакра заминҳоро обёрӣ мекунанд.
Дар шароити хона сарфа намудани об низ аз манфиат холӣ нест, зеро махсусан, барои шустушӯи як хонавода даҳҳо литр об масраф мегардад ва агар аҳли хонадон хунукназарӣ дар истифодаи об кунанд, шояд садҳо литр об беҳуда сарф шавад. Гаронии нархи озуқаворӣ либосу пойафзол моро водор месозад, то дар истифодаи ин маводҳои ниёздоштаамон эҳтиёткор бошем.
Аз чӣ оғоз кард?
Якум, ҷуммакҳои обро бояд таъмир намуд, зеро аз ҷуммакҳои вайрона шояд моҳе даҳҳо литр беҳуда ҷорӣ шавад. Чуноне ки гуфтаанд: «Қатра-қатра зам шавад, дарёҳо манъ шавад».
Дуюм, ҳисобкунак бояд насб кард. Дар ин сурат метавонед, ки ҳар моҳ чӣ қадар оби сарфнамудаатонро бо моҳи дигар муқоиса намоед.
Сеюм, ҳангоми истифодаи об барои либосшӯӣ, дегу табақшӯӣ, оббозӣ, дандоншӯӣ андозаро бояд нигоҳ дошт. Хуллас, ин ба маҳорати сарфакории худи шахс вобаста аст, бахусус, бонувон, ки онҳо бештар истифодабарандагони об дар хонавода мебошанд.
Қ.Неъматулло