Ба гуфти қаҳрамони мо, рафтори модаршӯяш аз аввал бо ӯ хуб набуд. Ба ҳар коре, ки анҷом медод хушдоманаш ҳамоно эрод гирифта, дар назди шавҳараш ӯро суханҳои қабеҳ мегуфту шумрӯ менамуд. Ниҳоят, суханҳои модаршӯ таъсири худро расонд ва шавҳараш дигар ба хона дер меомадагӣ шуд ва ҳатто менӯшид. Модаршӯ назди писараш шарт гӯзошт, ки ё ҳамсараш ва ё ӯро интихоб намояд. Шавҳар модарро интихоб намуда, Шаҳёдаро ба хонаи волидонаш овард. Инак, Шаҳёда муддати 1 сол аст, дар хонаи падару модараш зиндагӣ менамояд.
- Рӯзҳои мушкилеро пушти сар намудам. Баъди ҷудоӣ зиндагиам маънояшро гум кард. Муддати 4 моҳ дар ҳолати бади равонӣ қарор доштам. Ҳар сухане, ки аз хоҳар ва ё апаҳоям мешунидам, сахтам мерасид ва барои бахтам дарун - дарун месӯхтам. Вақте пинҳонӣ гиря кардани модарамро медидам, ҷигарам месӯхт. Ин дардест тасвир нокарданӣ, - мегӯяд Шаҳёда.
Аз рӯи омор назар ба солҳои қаблӣ теъдоди ҷудошавии оилаҳо афзудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари оилаҳои ҷудошуда ҷавонон мебошанд. Дар аксар маврид онҳо баъдан пушаймон мешаванд, вале барои бархеҳо барпо кардани оилаи нав корест саҳлу осон. Нафароне ҳам ҳастанд, ки 2-3 маротиба оила барпо мекунанд.
Тибқи маълумоти Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соли 2017 қайди давлатии ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ 78 ҳазору 757 ададро ташкил дода, бекор кардани ақди никоҳи давлатӣ дар ин сол ба 10 ҳазору 100 адад расидааст. Ин нишондиҳандаи расмии бекоршавии ақди никоҳҳост, ҳол он ки ҳолати бидуни ақди никоҳи расмӣ оиладоршудаву баъдан оилавайроншудаҳоро дақиқан касе намедонад.
Дар бештари маврид занҳо кӯшиш менамоянд, ки оилаашонро аз парокандагӣ то охирин лаҳза нигоҳ доранд. Тавре Сабоҳат Маҳмадалиева мудири бахши итттилотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд:
- Танҳо дар 12 моҳи соли 2017 ба Марказҳои машваратии иттилоотии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 55 ҳазору 134 нафар шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 14 ҳазору 636 нафарро занон ташкил медиҳанд. 1402 нафар вобаста ба масъалаҳои зуроварӣ дар оила муроҷиат карда, 1914 нафар хоҳиши бекор кардани ақди никоҳашонро доштанд, ки баъд аз суҳбат бо мутахассисон бархеҳо аз фикрашон баргаштанд».
Равоншиносон бар ин назаранд, ки таъсири манфии равонии оилавайронӣ на танҳо ба зану шавҳар, балки ба фарзандони эшон низ баръалост. Дар бештар маврид кӯдакон баъд аз ҷодашавии падару модар аз тарбия дур мемонанд. Бархеашон ба шабгардию оворагардӣ машғул шуда, даст ба ғоратгариву дигар ҷиноятҳо мезананд. Қисми зиёди модарон иқрор шудаанд, ки дар тарбияи фарзандон танҳо танқисӣ мекашанд.
Таҳти таъсири фишори хонаводагӣ ё ҳолати бади равонии пас аз оилавайронӣ баъзе бонувон даст ба худкушӣ мезананд. Соли 2016 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш, бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард – модарро аз дарё саломат берун бароварданд, вале 3 фарзандаш ба ҳалокат расиданд. Аввалҳои моҳи феврали соли гузашта Зӯҳро Маҳмуродова, ҷавонзани 25-солаи сокини Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Ҳодисаи ахири худкушии модар ҳамроҳ бо тифли шашмоҳааш субҳи дуюми апрели соли 2017 дар ноҳияи Ваҳдат дар ҳузури шоҳидон рух дод. Мафтунаи 21-сола худро бо тифлаш ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохт. Бештари ин занҳо дар натиҷаи зуроварӣ, фишор, хиёнат дидан аз ҷониби шавҳаронашон даст ба ҷони худу кӯдакони хурдсолашон задаанд. Равоншинос Нафиса Муродова мегӯяд:
- Омили асосии пошхӯрии оилаҳо бештар аз мушоҳидаҳои ман ин набудани ҷойи кори доимӣ ва таъсири вазъи пасти иқтисодӣ мебошад. Аз рӯи таҳилҳо дар минтақҳое, ки аҳолӣ соҳиби ҷои корҳои доимианд пошхӯрии оилаҳо камтар ба чашм мерасад. Зери фишори равонӣ қарор гирифтани занҳо аз ҷониби шавҳарон низ омили барҳамхӯрии оилаҳо шуда метавонад.
Як омили дигар ва хатарнок ин муҳоҷирати меҳнатист. Ҷавонон баъди оила барпо кардан, зуд ба Русия мераванду моҳҳову солҳо он ҷо мемонанд. Дар натиҷа меҳру муҳаббат миёни зану шавҳари ҷавон коста гардида, ба нофаҳми миёни онҳо оварда мерасонад. Тарбияи нодурусти ҷавонон низ сабаби зуд азҳампошии оилаҳо буда метавонад. Дар бархе оилаҳо писарону духтаронро тавре тарбия менамоянд, ки писарон мехоҳанд бо роҳи зӯрӣ сиёсаташонро ба зан нишон диҳанд ва духтарон аз хизмат ба шавҳару хешовандонаш саркашӣ мекунанд. Хушдоманҳо бар ин назаранд, ки келин бояд аз хатти кашидаашон берун по наниҳад.
- Имрӯз замона дигар шудааст. Ҳар нафар мехоҳад озод бошад ва ҳуқуқҳояшро медонад. Аммо ин фаҳмиш ба хушдоман маъқул несту мехоҳад келин барояш мисли хидматгор бимонад. Марҳилае фаро расидааст, ки барои хушдоманҳо як ниҳоди махсус таъсис дода шаваду ба эшон инсони замони муосир буданро омӯзад, - мегӯяд коршиноси масоили иҷтимоӣ Адиба Исҳоқӣ.
Ба андешаи холаи Меҳрӣ, ки зиндагиандӯхта аст, барои паст кардани шиддати талоқҳо баланд бардоштани маблағи боҷи давлатӣ, ки барои бекор кардани ақди никоҳ ситонида мешавад, то андозае метавонад кумак кунад.
- Агар арзиши боҷи давлатӣ барои бекор кардани ақди никоҳ то ба 1000-2000 сомонӣ боло бурда шавад, оиладорон аввал дар барпо намудани оила ва баъдан дар бекор кардани ақди никоҳ шояд ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам Меҳрӣ Азимова.
Бунафша Раҳмонова