Дар яке аз рӯзҳои боронии фасли тирамоҳ, ки дар беморхона будам, ногоҳ садои ҷорӯбзании нафаре ба гӯшам расид. Оҳиста-оҳиста ба назди тиреза омадам ва дидам, ки зани солхӯрдае гирду атрофи беморхонаро мерӯфт. Нигоҳи ӯ як дунёи пур аз ғаму ғуссаро ифода мекард, аммо ин пиразан атрофро аз сидқи дил мерӯфту покиза мекард, ҳатто сангпораҳоро бо дасташ аз ҷойҳои пасти замин мегирифт. Агар ҳамаи инсонҳо, ба хусус ҷавонон ба мисли ин модар дар кори худ бо як меҳру садоқат устувор монанд, ҳар гӯшаи Ватан шукуфон хоҳад шуд.
Ба худ гуфтам, ки одамони меҳнатдӯсту ҳалолкор кам нестанд. Шояд ин зан фарзанд надорад, ё духтару писар дораду ӯро нигоҳубин намекунанд. Ҳар фикру андеша меомад, ба сарам. Ҳамаи модарон орзу доранд, ки дар камоли пирӣ фарзандон асои дасти онҳо бошанд, вале мутаассифона на ҳамаи фарзандон ба қадри волидайн мерасанд. Инсон дар лаҳзаҳои пирӣ орзу дорад, ки дар канори фарзандону пайвандони худ дар кулбаи гарму равшан зиндагӣ намояд, вале ин модар дар баробари солхӯрдагӣ бо ҷисми оҷиз зери борон талош барои луқмае мекард. Бо гузашти солҳо онҳое, ки қалби пок доранд ва нексириштанд, ҳамеша дар ёдҳо хоҳанд монд. Ба мисоли ин модар, ки чашмонаш гувоҳӣ аз дунёи беканори дар қалбаш нуҳуфта медоданд.
Қосимзода Гулшан