Бешбармақ барои қирғизҳо на танҳо таом, балки як маросими комил, бо риояи суннату одоби ба худ хос мебошад. Ин таомро махсусан дар рӯзи суру ҷашнҳо, аз ҷумла Наврӯз ва барои меҳмонони олиқадр тайёр мекунанд. Гӯсфандро то гӯшт аз устухон ҷудо шудан дар об меҷӯшонанд, сипас гӯшти пухтаро гирифта дар шӯрбои он кесме - хамири тунуки паҳн-паҳн буридашударо (туппа) меандозанд. Ин хӯрокро бо даст мехӯранд ва маънои бешбармақ низ ба забони қирғизӣ панҷ ангуштро ифода мекунад. Вале пеш аз бешбармақ ба меҳмон аввал «жаш шорпо» - шӯрбои каллапоча, дувум тилимҳои думба ва ҷигари дар шӯрбо пухташуда, ки қирғизтаборҳо қуйруқбоор (думбаҷигар) меноманд, сеюм қабурға ва дар охир дар лаълии калон худи бешбармақ - туппа дар болояш гӯшти реза ва бо зирбаки пиёз орододашударо меоранд. Аз рӯи расму русуми ин қавм каллаи барра ва олобо ё қуйған упке - шуши гӯсфанд, ки дохилашро аз ширу равғани зард пур карда дар об мепазанд, болои лаганд назди меҳмони олиқадр меоранд.
Биҷӣ, оромо, қуурдақ, куча атала, кашк ва боз чандин намуди таомҳое ҳастанд, ки мардумони ин диёр дар ҷашни Наврӯз мепазанд. Инчунин, анвои нонӣ: қумоч, чаватӣ, қатлама, майтоқоч ва бахусус бурсоқ, ки дар ҷашни Наврӯз тайёр карда мешаванд, ғизои хушмазаанд.
НАМОИШГОҲИ ҲУНАР
Дар Наврӯзгоҳ масолеҳи ҳунармандӣ ва дастовардҳои сокинони ноҳия ба маърази ҳамагон гузошта мешаванд. Иду ҷашнвораҳои Лахшро бе афрохтани юрт тасаввур кардан номумкин аст. «Боз уй», тавре худи қирғизҳо онро меноманд, хонаи муваққатии махрутшакл мебошад, ки он рамзи миллии ин мардум эътироф шудааст.
Ҳангоме шахс вориди хайма мегардад, аз нақшу нигор, гилему қолин, чекмеву гулдӯзӣ, қуроқу бӯрё ва намаду сӯзаниҳои хосси бонувони гулдасти лахшӣ шефтаву ҳайратзада мегардад. Бӯрёе, ки занони ин маҳал мебофанд, бо забони қирғизӣ «таар» мегӯянд ва намади барои хонаи арӯсро «оймо кииз» меноманд. Барои тайёр намудани як таар ё оймо кииз, ки тӯйҳои арӯсӣ бе онҳо намегузаранд, 15–20 кг пашми тозаи гӯсфанд ва яку ним моҳ вақт лозим аст. Барои омода намудани як гилем, ки он ҳам аз ҷиҳозҳои асосии арӯс маҳсуб меёбад, 45 -50 кг пашми гӯсфанд ва аз яку ним то ду моҳ фурсат меравад.
ОМЕЗИШИ АНЪАНАҲО
Гилему қолин, оймо киизу таар, давриву туштурдуқ, ҷуқалдиву кошого (гулдӯзиҳои хоси ин маҳал), пӯстину намад ва дигар маҳсулоте, ки занони лахшӣ истеҳсол мекунанд, нақшу нигори миллии ҳам тоҷикӣ ва ҳам қирғизиро дар бар мегиранд. Ин нақшу нигор бо як омезиши хос рӯи ҳунари онҳо ҷило медиҳад.
Фолклору этнографияи омехтаи мардумони ин русто, ки фарҳанги ду миллати бо ҳам дӯсту бародари тоҷику қирғизро инъикос мекунанд, якдигарро боз ҳам хушрангу зебо намудаанд. Намунаи беҳтарини дӯстӣ ва бародарии миллатҳоро инҷо дидан мумкин аст. Тоҷикону қирғизҳо ҳангоми гуфтор ногаҳон аз забони тоҷикӣ ба қирғизӣ ва аз қирғизӣ ба тоҷикӣ мегузаранд. Эшон бо ҳам хешу табор шудаанд, духтар дода духтар келин мекунанд.
РАЗМҲО
Дар ҷашнгоҳ баргузор гардидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз суннатҳои наврӯзист. Сабқатҳои варзишии ин русто чун дигар анъанаҳояш фарқкунанда аст. Дар баробари гӯштигирӣ бузкашӣ, аспдавонӣ, бандкашӣ, дастбозӣ роҳандозӣ мешаванд. Гӯштии пиёда - куреш, ки дар он паҳлавонон ҳангоми ҳарб танҳо бо даст миёнбанди ҳарифро сар надода ӯро мехобонанд, гӯштии савора - оодариш, ки дар он варзишгарон болои асп бо ҳам меразманд, аз варзишгарон чусту чолокӣ ва қувваи зиёд талаб мекунанд, бениҳоят диданианд.
Бозии дигари наврӯзии ин диёр «қиз қуумай» (таъқиби духтар) мебошад. Писару духтар, ки хушдори ҳамдигаранд, якдигарро савора таъқиб мекунанд. Шарти бозӣ ин аст: духтар савори саманди бодпои худ 30–40 қадам пештар аз йигиташ меистад ва бо ишораи довар аспҳо хез мезананд. Масофаи таъқиб тақрибан 1000 метрро ташкил медиҳад. Дар ин фосила, агар ҷавон ба духтар расад, метавонад ӯро бибӯсад. Агар ин кор ба ӯ муяссар шуд хуб, ҷавонҳо бо ҳам бармегарданд. Агар ҷавон то марра ба духтар расида натавонад, дар баргашт аспи ӯ пеш ва духтар аз пасаш таъқиб мекунад ва ҳангоми расидан ба ҷавон ба пушти ӯ метавонад бо қамчин зарба занад.
БОРИДАНИ БАРФ - ФОЛИ НЕК
Моҳи мартро қирғизҳо Нооруз, яъне Наврӯз ном мебаранд. Агар дар ин моҳ писар таваллуд шавад, албатта, Наврӯзбек ва агар духтар Наврӯз ном мениҳанд. Боридани барф низ дар ин рӯз фоли нек ба шумор меравад.
Фасли баҳор дар кӯҳистон дер фаро мерасад. Қариб ҳамасола ҷашни Наврӯзро лахшиён дар оғӯши барф пешвоз мегиранд. Вале, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тоҷикону қирғизҳои ин гӯшаи зебоманзари Ватан, ки қарнҳо боз паҳлуи ҳам кору зиндагонӣ мекунанд, Наврӯзро бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш ҷашн мегиранд.
Дар баробари маркази ноҳия дар тамоми деҳаҳо чорабиниҳои тантанавӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор шуда, савту навои мусиқӣ ва шеъру сурудҳои тоҷикиву қирғизӣ дар фазои ноҳия танинандоз мегардад. Пиру барно шодмонӣ мекунанд.
Лахш хурраму обод гаштааст, мардумаш саодатманду хушбахт. Хушбахт аз муносибати баробаронаву бародарона бо ҳама халқу миллатҳо. Хушбахт аз имкони бо забони модарӣ озодона муошират намудан, таҳсилу тадрис кардан ва дар фазои сулҳу амният ва ваҳдати комили Тоҷикистони азиз кору зиндагонӣ кардан.
Далер САФАР,
ноҳияи Лахш